Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "нб"-донишҷӯён. Қарори вазорат буд ё набуд?


Бинои вазорати маорифи Тоҷикистон.
Бинои вазорати маорифи Тоҷикистон.

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, низоми нави муҷозоти дарсгурезӣ дар макотиби олиро бо қарори вазорати маориф ба баррасӣ кашидааст.

Зимни номае, ки ба Радиои “Озодӣ” ва бақия нашрияҳо ирсол шудааст, раҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, санаде, ки муҷозоти дарсшикании донишҷӯёнро танзим мекунад, лоиҳаи “Низомномаи сабақгардонии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ном дошта, бар асоси қарори Мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳия шудааст.

Ин қарор, ки дар ихтиёри “Озодӣ” гузошта шуд, бо имзои раиси мушовара Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон 28 августи соли 2014 содир шудааст. Искандар Сулаймонов, сарвари Раёсати таълими Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар шарҳи ин нома ба Радиои “Озодӣ” гуфт, низомномаи сабақгардонии донишҷӯён маҳсули худи донишгоҳ нест, балки бар асоси қарори мушовараи вазорати маориф ва илм омода ва ба муҳокимаи донишҷӯёну омӯзгорон бароварда шуд:

Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.

“Масъалаҳое ҳастанд, ки донишгоҳ иҷрогар аст. Масъалае, ки дар борааш сӯҳбат дорем, дар ҳолати омӯзиш аст. Ягон қарор қабул нашудааст, ки низомнома мавриди истифода қарор дода шавад. Зеро то 30 ноябр, ки муҳлаташ анҷом мешавад, донишҷӯён ва омӯзгорон ҳуҷҷатро омӯхта, бояд назари худашонро бидиҳанд. Натиҷаашро худамон намедонем, чӣ расад ба дигарон.”

“Низомномаи сабақгардонии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” бояд ширкати донишҷӯёнеро танзим кунад, ки бесабаб ва ё босабаб дар дарсҳо ширкат намекунанд. Бино ба лоиҳаи он, донишҷӯёне, ки бесабаб ба дарс намеоянд, дар ҳаҷми 25 сомонӣ барои ҳар соати академӣ ба ҳисоби махсуси донишгоҳ супорида, расидро ба садорати факултаи худ пешкаш мекунанд.

60 дарсади ин маблағ ба ҳисоби маоши омӯзгори фанни таълимӣ ва 40 дарсад ба ҳисоби донишгоҳ гузаронида мешавад. Донишҷӯёне, ки мариз мешаванд, ба мақомоти тафтишотӣ ҳамчун ҷабрдида, шоҳид ва шахси холис заруранд, ё дар ягон олимпиада, чорабинии давлатӣ ё тӯю азои оилавӣ ширкат мекунанд, муҷозот намешаванд. Ҳамчунин аз охири тирамоҳ то охири зимистон донишҷӯёне, ки ба ҷуфти аввал ва 5 дақиқаи ҷуфти дуввуми дарсҳо дер мекунанд, пулакӣ сабақгардонӣ мекунанд.

Лоиҳаи низомнома рӯзи 18 ноябр бо фармони ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов таъйид ва ба баррасии донишҷӯёну омӯзгорон пешниҳод шудааст. Аммо дар пайи ин хабар, ки ба расонаҳо роҳ ёфт, вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов эълон дошт, ки гирифтани пул барои дарсшиканӣ амали ғайриқонунӣ аст.

Нуриддин Саидов ин пешниҳодро ғайриқонунӣ донист.
Нуриддин Саидов ин пешниҳодро ғайриқонунӣ донист.

Ҳоло суол ин мешавад: қарори Мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 28 августи соли 2014, ки бо имзои муовини аввали вазири Раҳматулло Мирбобоев содир шудааст, қонунист? Зеро дар ин қарор рӯшан омадааст, ки ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бояд чунин низомномаро дошта бошанд ва ҳам нусхаи он замима мешавад. Тибқи банди дуввуми қарор, ректорони муассисаҳо бояд “сабақгардонии донишҷӯёнро ба роҳ монанд”.

Бозоралӣ Одинаев, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, ки бино ба банди чоруми қарор, назорати иҷрои онро ба зимма гирифтааст, мегӯяд, раиси машвараи вазорати маориф ва илм шахсан худи вазири Нуриддин Саидов ҳастанд: “Вақте раисикунанда вазир аст, фақат бо имзои вазир бояд қарор шавад. Бо имзои муовинони вазири масъалаи муҳокимашуда ҳукми қонунро намегирад, агар имзои худи вазир набошад. Ҳамин ки қарор содир шуд, имзои вазир бояд бошад, на ин ки муовини аввали ӯ.”

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазир, дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки ҳоло дар Бадахшон қарор дорад ва ҳафтаи оянда ба пойтахт бармегардад. Вай афзуд, ҳамчунин як қарорро дар хотир надорад, то ин ки шахсан бо он ошно нашавад, наметавонад сӯҳбат кунад. Ба ҳамин минвол, ин нукта норӯшан мемонад, ки пас аз маълум шудани қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани қарори мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баҳси сабақгардонӣ ё ба истилоҳ, “н/б» - и донишҷӯён аз миён меравад ё аздусар роҳандозӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG