Таҳмина Самадоваи тоҷиктабор, модари ҳашт фарзанд, моҳи январи имсол ҳамчун шаҳрванди Русия аз ҷониби ҳукумати шаҳри Митишии вилояти Маскав барои хариди манзили зист 24 миллион рубл кумак гирифт.
Нашри хабари тақдими манзили зист аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ хашми миллатгароёни русро ба бор овард ва онҳо ба ин қазия аз назари нажодпарастӣ нигоҳ карданд.
Дертар мақомоти Русия бо тақозои миллатгароҳо манзилро аз Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов гирифта, онҳоро ба қаллобӣ муттаҳам карданд.
Мақомоти рус иддао карданд, ки Самадова маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда, маоши шавҳарашро кам нишон додааст. Инчунин, ӯ изҳор доштааст, ки бародараш бо онҳо дар як хона зиндагӣ мекунад, вале замони тафтиш ӯ дар Тоҷикистон будааст.
Назари ин хонавода ба ҳукм ҳанӯз маълум нест. Бештари созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Русияро ба нажодпарастӣ айбдор мекунанд ва бар ин назаранд, ки аксар тасмимҳои онҳо дар мавриди миллатҳои "ғайриславянӣ" аз ин дидгоҳ сарчашма мегирад.
Таҳмина Самадова 14 сол боз шаҳрванди Русия буда ва ҳоло интизори тифли ҳаштумаш мебошад. Иҷрои ҳукм дар нисбат ба ӯ то 18-сола шудани фарзанди хурдиаш ба таъхир гузошта мешавад.
Гуфтугӯ