Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане се сол ба таҷовузҳои хусураш тоқат кард ва сипас... (ВИДЕО)


Ҳамоиши зидди хушунати хонаводагӣ дар Душанбе, 21 апрели соли 2015
Ҳамоиши зидди хушунати хонаводагӣ дар Душанбе, 21 апрели соли 2015

Як зани тоҷик шикоят кард, ки дар 3 сол 550 бор аз ҷониби хусураш таҷовуз шудааст. Додгоҳи вилояти Суғд ин мардро барои озори ҷинсӣ нисбати ҳамсари писараш ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Қиссаи ин зан, ки аз ӯ бо далели доғдор нашудани шаъну шарафаш ном бурда намешавад, як қаҳрамони баҳси мақомот ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи “хушунати хонаводагӣ ”дар Душанбе буд.

Татяна Хатюхина, раҳбари минтақаии Маркази ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд гуфт, шавҳар ва модарарӯси ин зан ҳар рӯзи ҷумъа ва якшанбе барои тиҷорат аз хона берун мешудаанд ва мард бо истифода аз набудани ҳамсару писараш келинашро таҷовуз мекард.

Хатюхина мегӯяд, ин зан борҳо ба наздиконаш аз ин ҳолати сангин шикоят кардааст, аммо наздикон ба хотири ҷилавгирӣ аз хонавайронӣ ва шармандагӣ ӯро ба хомӯшӣ водор кардаанд. “Ниҳоят ин зан аз ҷон сер мешавад ва ба мақомот шикоят мебарад. Аммо аз ҳама дарднокаш ин буд, ки дар вақти мурофиа аъзои хонавода ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Аз ин зан танҳо шавҳараш ҳимоят карда, дар бараш нишаста буд ва боқимонада пайвандон, аз ҷумла наздикони ин зан ӯро нафрату маломат карданд, ки ин мушкилро аз чордевори хона берун кашид. Ҳамин мисол баёнгари он аст, ки то ҳанӯз ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯи хушунатро танҳо марбути як хонавода медонанд,”-- гуфт ҳомии ҳуқуқи башар.

Дар чаҳор соли охир дар вилояти Суғд 6 ҳазор зан аз латту кӯб ва озору азияти ҷисмонӣ аз тарафи шавҳарҳои худ ва аъзои хонавода ба мақомоти қудратӣ шикоят бурдаанд. Суғд аз минтақаҳое номбар шуд, ки занон дар он ҷо аз ҳама бештар мавриди хушунат қарор мегиранд. Ин муноқишаҳо дар аксар ҳолат дар заминаи рашк ва гапнодароии занон, ки аз нигоҳи мардон бояд фармонбардор бошанд сар мезадааст.

Баҳси хушунати хонаводагӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар аз он нигаронанд, ки чунин моҷароҳои аз нигоҳи аввал хурду хонаводагӣ бо фоҷиаҳои маргбор меанҷоманд.

Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати суғдии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар панҷ соли охир дар заминаи хушунат ва ё моҷарои хонаводагӣ 78 куштор ба вуқӯъ пайвастааст. Ӯ мегӯяд, “дар 1 ҳолат келин аз ҷониби хушдоман, дар 2 ҳолат шавҳар аз ҷониби ҳамсар, дар 3 ҳолат хушдоман аз ҷониби домод, дар 9 ҳолат хоҳар аз сӯи бародар, дар 10 ҳолат волидайн аз тарафи фарзанд ва дар 21 ҳолат баръакс фарзандон аз тарафи падару модар ва дар 22 мавриди занон аз тарафи шавҳаронашон ба ҳалокат расидаанд. 104 нафари дигар худкушӣ кардаанд.”

Мушкили озору азият дар оилаҳои тоҷик дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки ҳанӯз дар соли 2013 Тоҷикистон қонуни «Ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода»-ро қабул кард ва як маркази махсусеро ҳам дар назди Вазортаи корҳои дохилӣ таъсис дод. Аммо зоҳиран ин иқдом, ки барои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонаводаҳо эҷод шудааст, то ҳол натиҷаи чашмгире надоштааст.

Як сабаб ҳам ин будааст, ки мардҳо ҳамоно хушунати хонаводагиро ба унвони баҳси танҳо зану шавҳар ва ё марбути танҳо як оила медонанд, ки бояд дар чордевори хона боқӣ монад. Занону духтарон ҳам дар чунин ҳолатҳо ғолибан аз тарси гапи мардум ҳангоми зӯроварӣ бар сари онҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд ва ранҷу хушунатро дар танҳоӣ таҳаммул мекунанд. Онҳое ҳам, ки ба мақомот муроҷиат мекунанд, дар ниҳояти амр ҳуқуқ ба манзил ва раҳми хонаводаи шавҳарро аз даст медиҳанд.

Аммо боз ҳам бархе аз занон мегӯянд, зӯроварию ноҳаққиро дар хонавода ба хотири ҳифзи оила ва ояндаи фарзанд тоқат мекунанд. Рамзия як хонуми 34 сола низ аз шумори ҳамин занҳоест, ки тасмим надорад, дар баробари латту кӯби шавҳар ба кадом як мақомоте шикоят барад. Вай мегӯяд, “ман соҳиби чаҳор фарзанд ҳастам ва тайи чанд соли ахир пайваста аз тарафи шавҳари майнушам латту куб мешавам. Ӯ бо баҳонаи ночиз ба сари ман ва ҳатто фарзандонам ҳамла мекунад. Ман бовар надорам, ки дар нисбати шавҳарам чораандешӣ мекунанд ва агар ман шикоят кунам, ҳолам аз ин бадтар мешавад ва ман бо 4 кудакам дар берун мемонам. Аз ин хотир ба ҷуз аз тоқат дигар чорае надорам.”

Бино бар маълумоти Маркази ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ҳар дуюмин ҳодисаи хушунат бо латту куби зан анҷом меёбад, ва танҳо дар 10 дарсади чунин мавридҳо, қурбониҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи зан иллати коҳиш наёфтани ин тамоюл дар Тоҷикистонро ба он рабт медиҳад, ки сохторҳои марбута тибқи талаботи қонун барои ҷилавгирӣ аз ин раванд талош намекунанд ва танҳо баъд аз сабти ҳолатҳои маргу худкушӣ гунаҳкоронро муҷозот мекунанд.Тибқи қонун феълан гунаҳкорони хушунати хонаводагӣ аз 80 то 200 сомонӣ ҷарима мешаванд ва дар сурати такрори амалашон онҳоро аз 200 то 400 сомонӣ ҷарима ё аз 5 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ интизор аст.

XS
SM
MD
LG