Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ва Си Ҷинпин дар Кореяи Ҷанубӣ мулоқот карданд


Мулоқоти Доналд Трамп ва Си Ҷинпин дар яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. 30 октябри 2025.
Мулоқоти Доналд Трамп ва Си Ҷинпин дар яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. 30 октябри 2025.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 30 октябр дар яке аз пойгоҳҳои ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ бо Си Ҷинпин, президенти Чин дидор кард, то дар бораи коҳиши таниш дар ҷанги тиҷорӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, гуфтугӯ кунанд.

Трамп ҳангоми даст додан бо Си Ҷинпин дар баробари дурбинҳои расонаҳо гуфт: "Мо як дидори бисёр муваффақ хоҳем дошт, дар ин бора ҳеч шакке надорам. Аммо ӯ (Си Ҷинпин) музокиракунандаи бисёр сарсахт аст".

Раисҷумҳури Амрико афзуд, ки эҳтимол меравад онҳо имрӯз созишномаи тиҷорӣ имзо кунанд.

Си Ҷинпин низ гуфт, ки Амрико ва Чин комилан қодиранд ба ҳамдигар кӯмак кунанд, то бо ҳам ба муваффақият ва шукуфоӣ бирасанд.

Ӯ хитоб ба Трамп гуфт, "ҷаноби президент, ман омодаам то ба ҳамкорӣ бо шумо барои эҷоди пояҳои маҳкам барои робитаҳои Чин ва Амрико ва эҷоди фазои солим барои рушди ҳар ду кишвар, идома диҳам".

Президенти Чин ҳамчунин гуфт, "чанд рӯз пеш тимҳои иқтисодӣ ва тиҷории мо бар сари нигарониҳои аслӣ ба созиши ибтидоӣ расиданд ва пешрафтҳои дилгармкунандае доштанд".

Ин мулоқот нахустин дидори ду раҳбар аз замони бозгашти Трамп ба қудрат дар моҳи январи имсол аст.

Бо ин, сафари раисҷумҳури Амрико ба Осиё поён хоҳад ёфт.

Трамп чандин бор аз даст ёфтан ба созиш бо Си Ҷинпин дар ҷараёни ин нишаст ибрози хушбинӣ кардааст.

Президентҳои Амрико ва Чин дар ҳошияи нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё-Уқёнусия, дидор мекунанд.

Ҷанги тиҷорӣ моҳи ҷорӣ миёни ду кишвар дигарбора пас аз он шӯълавар шуд, ки Пекин гуфт, маҳдудиятҳоро бар содироти сангҳои қиматбаҳои мавриди истифода дар саноати пешрафта ба таври чашмгир густариш медиҳад.

Трамп дар посух ваъда дод, ки бар содироти Чин таърифа ё боҷҳои 100 дарсадаии нав ҷорӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG