Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯстум дар сархати хабарҳо. Ин бор барои дастури таҷовуз ба Аҳмад Ишчӣ


Волии пешини вилояти Ҷузҷони Афғонистон Аҳмад Ишчӣ иддао кардааст, ки Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва муҳофизонаш ӯро латукӯб намуда, либосҳояшро берун оварданд ва вонамуд карданд, ки ба ӯ таҷовуз мекунанд. Ин мавзӯъ вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба миён овардааст.

Аҳмад Ишчӣ рӯзи 13 декабр дар мусоҳибаҳои ҷудогона бо телевизиони афғонии "Тулӯъ" ва бахши форсии ББС дар ин бора ба таври муфассал сӯҳбат намуда ва гуфтааст, ки баъд аз 16 рӯзи боздошт аз сӯи муҳофизони Абдурашид Дӯстум, раҳо шудааст.

Аҳмад Ишчӣ иддао дорад, ки генерал Дӯстум ба муҳофизонаш дастур додааст, ки ба ӯ таҷовуз кунанд."

Аҳмад Ишчӣ дар матлабе, ки рӯзи 13 декабр дар торнамои форсии ББС нашр шуд, ҳодисаро нақл намуда ва гуфтааст, ки ҳудуди ду ҳафта қабл дар майдони бузкашӣ дар вилояти Ҷузҷон ҳузур дошт ва ба назди генерал Дӯстум, ки низ дар онҷо буд, оварда шуд. Вақте хост бо ӯ салом кунад, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ӯро дашном дод ва баъдан муҳофизони Дӯстум ӯро ба замин андохтанд ва генерал лагад бар гулӯяш монд ва дашномаш дод ва таҳқираш кард.

Оқои Ишчӣ дар идома гуфтааст, ки баъдан Дӯстум ӯро ба хонааш бурд ва ба муҳофизонаш амр кард, ки аз мошин ӯро ба наздаш биёранд. Ӯ гуфтааст, ки дар тан либоси бузкашӣ дошт ва Дӯстум ба 8 муҳофизаш амр додааст, ки либосҳои ӯро бикашанд. Ӯ дар ин мусоҳиба иддао кардааст, ки вақте муҳофизони Дӯстум либосашро кашиданд, худи Дӯстум вонамуд кардааст, ки ба ӯ таҷовуз мекунад ва аз ӯ филм гирифтааст.

Абдурашид Дӯстум гоҳу ногоҳ ба ҷабҳаҳои ҷанг меравад.
Абдурашид Дӯстум гоҳу ногоҳ ба ҷабҳаҳои ҷанг меравад.

Ба иддаои оқои Ишчӣ, генерал Дӯстум баъдан ба муҳофизонаш дастур додааст, ки ба ӯ таҷовуз кунанд ва аз ӯ филм бигиранд. Ба қавли ӯ, Дӯстум ба муҳофизонаш гуфтааст, ки ҳар вақт ин гапро нагирад, аксҳояшро нишон бидиҳед. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки баъд аз ин кор, 5 рӯзи дигар бидуни тамбон (либос) дар ихтиёри нерӯҳои Дӯстум дар хонаи ӯ нигаҳдорӣ шудааст. Аҳмад Ишчӣ мегӯяд, ки пас аз сипарӣ кардани панҷ рӯз дар зиндони шахсии генерал Дӯстум, ёздаҳ рӯзи дигар дар назоратхонаи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон будааст.

Ба дунболи пахши ин хабар, Иттиҳодия Аврупо ва кишварҳои узви ин созмон дар эъломияи гуфтаанд, ки ин қазия нақзи ҳуқуқи башар мебошад ва бояд баррасӣ шавад.

Созмонҳои байналмилалӣ аз ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон тақозо кардаанд, ки ин қазияро мӯшикофона баррасӣ кунад."

Сафорати Амрико дар Кобул шаби 13 декабр бо нашри як эъломия гуфтааст, ки гузоришҳо аз бадрафтории генерал Дӯстум ва боздошти Аҳмад Ишчӣ нигарониҳоро ба миён овардааст. Сафорати Амрико дар ин эъломия гуфтааст, ки аз иқдомоти ҳукумати Афғонистон дар мавриди баррасии ҳарчи зудтари ин иттиҳомот истиқбол хоҳад кард.

Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам гуфтааст, ки дар ин робита таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом мешавад ва ниҳодҳои додгоҳӣ тибқи ин таҳқиқот чора меандешанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон дар ин эъломия гуфтааст, ки ин мавзӯъ аз сӯи ҳукумати ваҳдати миллӣ ба таври ҷиддӣ пайгирӣ мешавад ва дар ин бора таҳқиқоти ҳамаҷониба сурат хоҳад гирифт. Аз сӯи дигар, дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон бо нашри як эъломия гуфтааст, ки аз иқдомоти ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар мавриди ин қазия пуштибонӣ мекунад.

Аҳмад Ишчӣ.
Аҳмад Ишчӣ.

Аммо дафтари муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бо нашри як эъломия аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, ки то замони баррасӣ шудани ин қазия, аз пешдоварӣ парҳез бикунанд. Дафтари Абдурашид Дӯстум рӯзи сешанбе бо пахши як баёния ин қазияро кори баъзе ҳалқаҳои номаълум дониста ва мегӯяд, ки ниҳодҳои байналмалилӣ бояд дар вокунишҳои худ аз аҷала кор нагиранд ва пешдоварӣ накунанд.

Қабл аз ин Ботур Ишчӣ, писари раиси пешини вилояти Ҷузҷон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афроди вобаста ба генерал Дӯстум падарашро дар майдони бузкашӣ латукӯб намуда ва баъдан бо худ бурданд.

Вай ду ҳафта пас аз ин қазия бори дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз сарнавишти падараш хабаре нест. Аммо бори ахир се рӯз қабл Ботур Ишчӣ аз раҳоии падараш хабар дод. Хонаводаи Ишчӣ гуфтааст, ки вай бо генерал Дӯстум ихтилофоти сиёсӣ дошт, ки баъдан аз сӯи муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ба хушунат мубаддал шуд.

Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбактабори афғон мебошад ва ҳомиёни ҳуқуқи башар Абдулрашид Дустумро, ки ҳоло муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мебошад, дар ҷиноятҳои ҷангӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои ҷанг бо Толибон аз тарафи Ҷабҳаи Шимол айбдор мекунанд.

Гуфта мешавад, ки генерали узбактабор ва афроди ӯ дар қатли сокинони осоиштаву афроди боздоштшуда ва тахриби шаҳру рустоҳо даст доранд. Дӯстум ҳамчунин дар он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2001, баъди шикасти Толибон дар Қундуз, тақрибан ду ҳазор мусаллаҳи толибро дар дохили контеӣнерҳои оҳанин нигаҳ дошт ва онҳо нафасгир шуда ба ҳалокат расиданд. Вале генерал Дустум ин иттиҳомро рад мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷангсолороне чун генерал Дустум ҳанӯз ҳам дар ҳаёти сиёсӣ мақому мартаба ва дар тасмимгириҳои ҳукумати Афғонистон нақшу бориз доранд. Соли 2007 парлумони Афғонистон бо қабули қонуни вижа ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи ҳуқуқи башар даст доштанд, афв кард ва онҳоро аз дахлнопазирӣ бархурдор намуд. Дӯстум дар интихоботи ахири президентии Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ карданд ва баъд аз пирӯзии ӯ, ба мақоми муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон расид.

XS
SM
MD
LG