Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дрони ҳамакора. Ихтирои Аҳмадҷони 11-сола дар Амрико. ВИДЕО


Tajik teenager car
Tajik teenager car

Ин мошинро, ки ба гуфтаи ихтироъкораш, дрон хоҳад шуд, Аҳмадҷон Абдуқаюмов, навраси 11 солаи тоҷик дар Амрико сохтааст. Аҳмадҷон, ки ҳоло дар Амрико дар синфи 7 таҳсил мекунад, мегӯяд, дар ҳоли такмил додани ин мошин аст ва он дар оянда қодир ба парвоз ва шино хоҳад буд.

Мошинро Аҳмадҷон бо аплликейшн ва ё нармафзори телефонӣ идора мекунад, ки тағояш офаридааст. Видеоро Абдураззоқ Абдуллоев тағои Аҳмадҷон ба Радиои Озодӣ фиристод ва гуфт, ки мехоҳад, ҳамватанон ихтирои бародарзодаи хурдашро дар Тоҷикистони дур аз Амрико бубинанд.

Аҳмадҷон мехоҳад, дар оянда муҳандис шавад ва дар НАСА, Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико, яке аз муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон кор кунад. Шумо ҳам видеову аксҳои ҷолиби худро аз тариқи Вотсапп, Вайбер, ИМО ва ё Телеграм ба Радиои Озодӣ бифристед ва ба ин шумора. Коди 420 724 053 959.

Дрони ҳамакора. Ихтирои Аҳмадҷони 11-сола дар Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

XS
SM
MD
LG