Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 1500 сомонӣ ҷарима - ҷазо барои пинҳон кардани шаҳрвандӣ САДО


Тибқи тағйироте, ки ба кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод шудааст, шахсони ба вазифаҳои давлатӣ пешбаришуда барои пинҳон доштани шаҳрвандии худ муҷозот хоҳанд шуд. Як манбаъ аз парлумон гуфт, ки “дар вазъияти ҳозира барои чунин ҷазо зарурат вуҷуд дорад”.

Чаро зарурати муҷозот барои душаҳрвандӣ пеш омад?

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 10 апрел дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи қонуни “Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодексиҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ шуд ва дар ин санад банди наве дар мавриди таъйини ҷазо барои чунин ашхос ворид гардидааст.

Ин манбаъ афзуд, ба моддаи 501-и Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” моддаи нави “Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар” илова шудааст, ки тибқи он, афроди муҷрим ба миқдори аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1000 то 1500 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, танҳо шаҳрвандони кишвар ҳаққи фаъолият дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро доранд.

Бар пояи санадҳои ҳуқуқӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, сокинони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, аз ҳаққи таъйин шудан ба вазифаҳои давлатӣ маҳрум шуданд. Интизор меравад, ки ин тарҳ рӯзи 12 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Дар ҳоле ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон дарёфти вазифаҳои давлатӣ барои ашхоси дорои душаҳрвандӣ мамнӯъ шудааст, барои таъйини ҷазо барои пинҳон кардани ин амал чи зарурате вуҷуд дошт? Як узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон бидуни ифшои номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳолатҳои ба таври пинҳонӣ дар сохторҳои давлатӣ фаъолият кардани сокинони дорои ду шаҳрванди Тоҷикистон ошкор шудааст.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ аз чунин амали номатлуб барои чунин ашхос муҷозот пешбинӣ гардидааст. Ин манбаъ аз додани маълумот дар бораи теъдоди чунин худдорӣ карда ва гуфт, “модоме ки дар бораи таъини ҷазо барои кормандони душаҳрвандии сохторҳои давлатӣ қонун қабул мешавад, яъне, чунин фактҳо ҳастанд.”

Мансурҷон Умаров.
Мансурҷон Умаров.

Зимнан, бар асоси тағйиру иловаҳо, ки рӯзи 2 ноябри соли гузашта парлумон ба ду қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон” ворид кард, аз ин баъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳаққи фаъолият дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро хоҳанд дошт. Зимнан, Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи ҳаққи душаҳрвандиро бастааст ва тасмими ахир барои манъи кори шахсони дорои шаҳрвандии иловагӣ ба ҷуз Тоҷикистон, марбути онҳо мешавад.

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он замон сабаби ин тағйиротро як “сирри давлатӣ” унвон кард ва гуфта буд, ки бар асоси ин тағйирот, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд забони тоҷикиро донанд ва танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва афроди дорои душаҳрвандӣ наметавонанд корманди ин ниҳод шаванд. Мансурҷон Умаров ҳамзамон афзуд, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ки аз берун рафтани маълумоти дорои сирри давлатӣ пешгирӣ кунанд.

То 1500 сомонӣ ҷарима - ҷазо ба мансабдорон барои пинҳон кардани шаҳрвандӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим

Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон дар робита ба ислоҳи Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” таъкид дошт, ки ҳамакнун нафақахӯрони дохилию хориҷӣ низ наметавонанд масъулияти хизматчии давлатиро ба ӯҳда дошта бошанд ва танҳо дар сурати даст кашидан аз нафақапулӣ, мумкин аст ба хизмати давлатӣ ҷалб шаванд.

Ҳифзи душаҳрвандӣ барои “рӯзи мабодо”

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил ворид шудани тағйирот ба Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро “мантиқӣ ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ” хонданд. Ба гуфтаи онҳо, умдатан тоҷикон дорои душаҳрвандӣ бо Русия буда, теъдоди русҳо дар ин росто ночизанд.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик.
Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик.

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил мегӯяд, сокинони Тоҷикистон, ки ҳамзамон дорои шаҳрвандии Русия ҳастанд, бо ҳар роҳу васила барои нигоҳ доштани ин имтиёз талош мекунанд. Зеро Русия аз кишварҳои бой ва дорои имконоти зиёди кор аст ва шаҳрванди ин кишвар бидуни пардохти патенту мушкилоти дигар, аз ин имтиёзот бархурдор хоҳад шуд.

Вай гуфт: “Душаҳрвандӣ бо Русия чанд бартарӣ дорад. Аввал, бидуни мамонияту душворӣ ба Русия рафта ва фаъолияту зиндагӣ карда метавонанд. Дар он ҷо маош нисбат ба Тоҷикистон ба маротиб зиёд буда ва сатҳи зиндагӣ низ боло аст. Дигар, бархе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд дар синни наздик ба нафақа ба Русия рафта, нафақаро дар ин кишвар дарёфт кунанд, ки дар муқоиса ба нафақа дар Тоҷикистон даҳҳо маротиба бештар аст.”

Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, ҳамин омилҳо боиси пинҳон доштани шаҳрвандии давлати дигар шуда ва муҷозот барои ин амал низ маҳз ба хотири ошкор ва пешгирӣ кардани пинҳон доштани душаҳрвандӣ мебошад.

Соли 1995 Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандиро имзо карданд ва аз он замон то соли 2014 тахминан 300 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунин шаҳрвандии Русияро пазируфт. Вале мушаххас нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо аз шаҳрвандии Тоҷикистон комилан даст кашиданд. Ҳамчунин маълум нест, ки аз ин шумор чӣ теъдодашон корманди сохтори давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG