Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-Хоруғ: Роҳи ҳаёт, роҳи чолиш. ВИДЕО


Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки вилояти Бадахшонро бо Душанбе, маркази Тоҷикистон пайваст мекунад, соли 1940 дар баландии аз 800 то 2000 метр бунёд шуда, аз роҳҳои стратегӣ, вале пурхатар ҳисоб мешавад. Тӯли роҳи Бадахшон аз тариқи Кӯлоб то Хоруғ беш аз 600 километр аст.

Аммо гарон будани билети парвоз ба Бадахшон бисёре аз мусофиронро водор мекунад, ки аз парвоз ба кӯҳистон бо ҳавопаймо худдорӣ кунанд ва роҳи дарозеро бо мошин тай намоянд. Солона аз ин роҳ садҳо ҳазор мусофир убур мекунад.

Гардишҳои хатарноки ин шоҳроҳ маъмулан онҳоеро, ки орзуи дидани мавзеъҳои сайёҳии Бадахшонро доранд, гоҳе аз сафар бозмедорад. Садамаҳои автомобилӣ, ки гоҳо бо марги ронандагон ё мусофирон анҷом мешавад, дар ин роҳ падидаи нав нест. Бисёр вақт мошинҳо дар чунин садамаҳо ба дарё сарозер мешаванд. Сангҳои ёдгорӣ дар канори ин роҳи пурхатар нишонае аз ҳамин садамаҳои нақлиётист.

Душанбе - Хоруғ: Роҳи стратегӣ, аммо пурхатар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Ронандаҳои масири Душанбе-Бадахшон роҳи мавзеи Санги Мармарро, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, як “кӯтали бебарор” меноманд. Ҷонибек Муборакшоев, яке аз ронандаҳои мусофирбар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "барои мо, ронандаҳо, ин қитъаи роҳ хеле мушкилгузар аст. Чун нишебии баланд дорад ва мошинҳои боркаш зимни баромадан гарм шуда, идораашро аз даст медиҳанд ва барои гузаштани мошинҳои дигар монеа эҷод мекунанд.”

Ба қавли ин мусоҳиби мо, ин гардиш ҳамагӣ 50-60 метрро ташкил мекунад ва аксаран барои мошинҳои боркаш дарди сар эҷод мекунад. Дар ин қитъаи роҳ ҳамасола дастикам 10 нақлиёти боркаш аз баландӣ ба поён сарозер мешавад ва талафоти ҷонию молӣ дар пай дорад. Дар поёни роҳ истгоҳи бузурги мошинҳои борбар вуҷуд дорад, ки техникаи харобшуда дар ин истгоҳ ҳафтаҳо таъмир мешавад. Ин мошинҳо асосан аз Чину Афғонистон ба минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон молу коло мебаранд.

Маҳмадалӣ Гурезов, сокини ноҳияи Восеъ, ки ба гуфтаи худаш “сарашро дар ин роҳ сафед кардааст”, мегӯяд, “ин қитъа бештар аз ҳама хастакунанда ҳаст. Ҳар гоҳе меоям, мошинам ин ҷо вайрон мешавад. Ҳоло бештар аз як ҳафта аст, ки ман инҷо ҳастам. Ва ҳатто намедонам, ки то кай инҷо мемонам.”

Маҳмадалӣ Гурезов 5 соли ахирро дар ин роҳ сипарӣ кардааст. Ба гуфтаи худаш, ин мӯҳлат бештар аз рӯзҳоест, ки дар ҳалқаи хонаводааш будааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахири худ ба Бадахшон рӯи масири ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ таъкид кард ва гуфт, ки бояд ин қитъаҳои роҳ ҳатман таъмир шавад. Ба ҳисоби умумӣ, барои таъмири як километри ин роҳ 3,5 миллион доллар маблағ лозим будааст. Ба гуфтаи раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло ҳукумати кишвар дар ҷустуҷӯи лоиҳаҳои арзонтар будааст.

Фируз Шарифов, як сокини 33-солаи ноҳияи Ванҷ, ки мошини сабукраваш дар вақти гузаштан аз роҳи Дарвоз вайрон шудааст, гуфт, "ҳарчанд мо ҳар моҳ пули андози роҳро пардохт мекунем, вале ин роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Бахусус, вақте боришот мешаваду сел мефарояд, мошинҳо аз 2 то 5 рӯз дар роҳ банд мемонанд”.

Яке дигар аз гардишҳои хатарноки роҳи дарози Душанбе-Бадахшон - қитъаи роҳи миёни деҳаҳои Курговаду Тоғмай ва Вишхарву Ҷорфи ноҳияи Дарвоз аст. Тибқи нақша, дар ин роҳҳо бояд тунел бунёд мешуд. Ронандаҳо ҳам мегӯянд, агар дар қисматҳои сангрези ин роҳ нақбҳои мошингузар бунёд шаванд, мошинҳо баосонӣ ва сареътар метавонанд ба макон бирасанд.

Ҳоло сафар бо мошин аз Душанбе ба Хоруғ ба ҳисоби миёна аз 12 то 18 соат тӯл мекашад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо сабаби ноамниҳо дар шарқи кишвар ин роҳ ду то се шабонарӯзро талаб мекард. Сохтмони роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқорум боз ҳам шароити роҳро назар ба гузаштаҳо беҳтар карда, ин роҳро бо сабаби пайвастанаш ба Чин ба як роҳи стратегӣ табдил додааст.

XS
SM
MD
LG