Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: 90 соли Душанбе аз нигоҳи 2 ҳамсоли пойтахт


Бобои Сайфулло Шарифов
Бобои Сайфулло Шарифов

Ҳамсолони Душанбе мегӯянд, дар 90 сол пойтахти Тоҷикистон ба таври фавқулодда дигар шуда, аз як рустои боми хонаҳояш хасиву роҳҳояш пур аз хок ба як шаҳри муосири диданӣ табдил ёфтааст.

Хару аробаву хонаҳои хасӣ, роҳҳои сангӣ ва кӯчаҳои пур аз хок - тасвире аз Душанбеи 90 соли пеш аст, ки дар хотираи ҳамсолони пойтахт боқӣ мондааст. Ҳамсолони Душанбе, яъне танҳо 90-солаҳо, ки шуморашон дар шаҳр имрӯз 63 нафар ва дар маҷмӯъ дар саросари Тоҷикистон 906 нафар аст, Душанбеи солҳои наврасиву ҷавонии худро ба як рустое шабеҳ мекунанд, ки на роҳи хуб дошту на биноҳои боҳашамате, ки имрӯз пойтахтро зеб медиҳанд.

Сайфулло Шарифов 2 сол қабл аз Душанбе ба дунё омада, ҷавониҳояш дар ин шаҳр гузаштааст. Вай дар бунёди роҳу иншооти бузурги пойтахт саҳм дорад. Ин марди дарозумри тоҷик мегӯяд, Душанбе ба фарқ аз ҳамсолони худ, ки акнун пиру “кӯҳна” шудаанд, баръакс зебову ҷавон гаштаст: “Душанбеи имрӯз аз Душанбеи солҳои мо 50 маротиба беҳтару зеботар аст. Ёдам ҳаст, солҳои кӯдакиву ҷавонӣ мо бо хар дар роҳҳои ин шаҳр бисёр мушкил мекашидем, хар дар роҳу лой банд мемонд, меафтид. Роҳҳо ҳама сангу лой буд. Оҳиста-оҳиста баъд аз Ҷанги бузурги ватанӣ шаҳр обод шуд. Дарёободро мо сохтем, канали Шайнакро мо сохтем, роҳҳои Анзобу Варзобро мо сохтем ва баъд ҷанг рафтем.”

Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Дар остонаи ҷашни 90-солагии Душанбе, масъулони ҳукумати шаҳр ба суроғи ҳамсолони пойтахт баромадаанд. Шаҳрдори пойтахт Муҳаммадсаид Убайдуллоев қарор кардааст, ки дар рӯзҳои ҷашни 90-солагии пойтахт, ки дар ҳамин моҳи октябр таҷлил хоҳад шуд, ба ҳар сокини 90-солаи Душанбе 1500 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр тӯҳфа дода шавад.

Кӯҳансолтарин сокинони Душанбе, ки тамоми уфту хезҳои ин шаҳрро бо чашми худ дидаанд, ҳамин тавр, бояд ба азизтарин меҳмонҳои ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистон шаванд. Шояд бобои Сайфулло ҳам, ки қисми зиёди умри худро дар Душанбе сипарӣ кардааст, ба ин рӯйхат ворид шавад ва шояд ҳам не, чунки ӯ на дақиқан ҳамсоли Душанбе, балки 2 сол аз пойтахти Тоҷикистон бузургтар аст.

90 соли Душанбе аз нигоҳи 2 ҳамсоли пойтахт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Аммо ӯ, ки ҳоло дар деҳаи Қамчини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, 3 километр дуртар аз Душанбе даври пирӣ меронад, аз зиндагии хоксоронаи худ чандон шикоят надорад. Бо он ки имсол ба синни 92 расидаву ба гуфтаи худаш, дигар дар ин деҳа ягон ҳамсоле надорад, пирӣ ӯро чандон бемору барҷомонда накардааст.

Фарзандону келинҳои ин бобо мегӯянд, ки ӯ то ҳол лар корҳои рӯзгор барояшон кӯмак мерасонад, замин нарм мекунад, дарахт мешинонад, боғро нигоҳубин мекунад ва дар вақтҳое, ки холӣ мемонад, аз ҷавониҳояш ёд кардаву бо ҳамагӣ як ангушти дар ҷанг солим мондааш рубоб менавозад ва ғазалу таронаҳои мардумӣ мехонад.

Худи бобои Сайфуллоҳ мегӯяд: “Зиндагии хуб доштем, он вақт зиндагии ҳама як хел буд. Меҳнат мекардем, ҳамин боғу роғро ҳамаашро худамон кардем. Тӯю маъракаҳои мардум бе мо намегузашт, даъват мекарданд, рубобнавозӣ мекардем, таронаҳои мардумӣ мехондем. Дар 20- солагӣ ба ҷанг рафтам, 2 бор тир хӯрдам, вале 15 душманро куштам. Ҳоло 9 фарзанд ва аз 100 набера зиёд дорам. Баъзеашро дигар худам ҳам намешиносам. 735 сомонӣ аз давлат нафақа мегирам ва ҳамаашро барои ҳамин хонаву набераҳо сарф мекунем. Фарзандҳо кори хуб надоранд ва мардикорӣ мекунанд. Ҳоло мушкили аслии мо ин аст, ки дар як хонаи начандон калон чанд оила зиндагӣ дорем. Чанд бор барои замин муроҷиат кардам, вале бенатиҷа.”

Зимни сӯҳбат аз ҷавониҳои худ бобои Сайфулло акси духтареро бароямон нишон дод ва гуфт, ин ҳамсараш аст, ки 50 сол қабл дар синни ҳамагӣ 45 аз дунё гузаштааст. Баъд аз он дигар бахт ба рӯйи ин марди дарозумр нахандидааст ва ду ҳамсари баъдиаш ҳам натавонистаанд пой ба пойи ӯ ба пирӣ расанд...

Бибисоро Одинаева
Бибисоро Одинаева

Қиссаи Бибисоро Одинаева яке аз дигар аз чунин афроди дарозумр ҳам ҷолиб аст. Ӯ рӯзу моҳи таваллуди худро дақиқ намедонад, аммо медонад, ки синнаш аз 90 гузаштааст. Мегӯяд, 91-сола аст, аммо боре ҳам кораш ба беморхона наафтидааст. Ҳоло ҳам саломатияш хуб аст. Роҳат дар деҳа сайру гашт мекунад, ҳарфи ҳамсӯҳбаташро, агар, албатта, каме баландтар сӯҳбат кунад, хуб мефаҳмад, вале каме аз ҳофизааш шикоят дорад, чун бисёр чизҳоро фаромӯш кардааст.

Аз ин бибӣ, ки дар як деҳаи канори пойтахт зиндагӣ мекунад, асрори дарозумриашро пурсидем. Ӯ гуфт, намедонад, ҳарчанд зиндагиаш бидуни мушкил набуд ва гоҳ-гоҳе ӯ ҳам мисли дигар занҳо зери лату куби шавҳар қарор мегирифт: “Наметавонам бигӯям, ки зиндагиам бад буд, ҳарчанд як шавҳари тез доштам, ягон гуноҳ мекардам, мезад. Хонаи сермеҳмон доштем, кӯдакро таваллуд кардаву як тараф мемондем ва мерафтем аз пайи кору бори рӯзгор. Шавҳарам ҷувозкаши колхоз буд, бушкаи равғани зағиру гӯшти зиёд меовард, зиндагимон аз ин ҷиҳат хуб буд.”

Мусоҳибони дарозумри мо, мӯйсафеду зани солхӯрда, вале хеле меҳрубону самимӣ ва ҳанӯз ҳам ба пои худ рост, наметавонанд сирри ба синни 90 расидани худро бигӯянд, аммо Саодат Камолова, раҳбари Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ, ки оид ба вазъи зиндагии афроди солхӯрда пажӯҳишҳо анҷом додааст, мегӯяд, ҳар кас метавонад ба ин син бирасад - ҳам олиму ҳам як сокини одии деҳаи дурдаст.

Ба ақидаи хонум Камолова, ин бештар аз муносибати инсон ба зиндагӣ вобастааст: “Яъне дарозумрии инсон аз қобилияти зеҳнии ва чӣ кора будани ӯ вобаста нест. Агар одам ба ҳар як ҳодисаву мушкили зиндагӣ зиёд таваҷҷӯҳ ва нороҳатӣ кунад, умри худро кӯтоҳ мекунад. Агар одам оқил бошаду ба ҳар мушкилу ҳодиса файласуфона назар кунад, умри дароз мебинад. Ҳаёти онҳое, ки умри дароз дидаанд, албатта, бе мушкил нест. Ҳар инсон мушкил дорад дар зиндагӣ. Аз сӯи дигар, ин хусусиятҳои ирсӣ ҳам дорад ва нақши ирсият низ дар дарозумрӣ хеле бузург аст.”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба гуфтаи Саодат Камолова, аксари дарозумрон дар Тоҷикистон занонанд. Як пажӯҳиши се сол пеш муайян карда буд, сатҳи камбизоатӣ миёни солхӯрдаҳо дар Тоҷикистон аз мардумони дигар сину сол 3 баробар бештар будааст. Солмандон дар Тоҷикистон ҳама тақрибан мушкили ҳамсон доранд. Нафақаи ночиз, камбуди ҷои зист ва набуди шароити хуб дар даврони пирӣ аз мушкилотест, ки домангири аксарияти пирони тоҷик аст. Аммо зиндагии онҳое, ки дар деҳот даври пирӣ меронанд, ба фарқ аз дарозумрони шаҳрнишин, осонтар ба назар мерасад. Чун ба қавли пажӯҳишгарон, дар рустоҳо анъанаву арзишҳои суннатии тарзи муносибат бо пиронсолон то ҳанӯз пос дошта мешаванд ва онҳо ҳам дар иҳотаи наздикон худро хушбахттар ҳис мекунанд.

Айни видео дар Ютюб:

XS
SM
MD
LG