Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳолландӣ барои ишқварзии интернетӣ бо ноболиғи тоҷик ба зиндон маҳкум шуд


Намое аз Амстердам -- пойтахти Ҳолланд.
Намое аз Амстердам -- пойтахти Ҳолланд.

Додгоҳе дар Ҳолланд як шаҳрванди ин кишварро барои "нияти бадрафтории ҷинсӣ бо кӯдак” – як духтари ноболиғи тоҷик ба 18 моҳи ҳабс маҳкум кард. Ин мард ва духтари тоҷик иттиҳомро бепояву асос меноманд.

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Арнем-Лееуварден, ки 27-уми июн содир шуд, қарори додгоҳи зинаи аввалро аз соли 2015 тасдиқ кард, ки ин марди 56-соларо дар рафтори шаҳвонӣ нисбати духтари ноболиғе аз Тоҷикистон гунаҳгор дониста буд. Ҷузъиёти қарори ҳарду додгоҳ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, моҷароҳоеро тасвир мекунад, ки 8 соли пеш дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, боиси бадном ва баста шудани як созмони хайрияи ҳолландӣ ва кӯмакрасон ба атфоли маъюб гардид.

Худи маҳкумшуда - муассис ва раҳбари бунёди хайрияи "Святослав" мегӯяд, ки бо қарори додгоҳ розӣ нест ва ният дорад муборизаи худро дар Додгоҳи олии Ҳолланд барои бозбинӣ шудани ҳукм идома диҳад. Духтари тоҷик, ки дар парванда ба унвони "қурбонӣ" ёд мешавад, дар додгоҳ гуфтааст, ки мард ба ӯ осебе нарасонидааст ва гунаҳгор будани ин мардро дар ҷинояти зикршуда "беасос" ва иттиҳомотро "як тӯҳмат" меномад. Вале бархе шоҳидони ин моҷаро ҳукми додгоҳро ҳамчун "тантанаи адолат" истиқбол карданд.

Радиои Озодӣ ҷузъиёти марбут ба ҳуввияти марди маҳкумшуда ва исми қурбониро дар ихтиёр дорад, вале бо далелҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ исми пурраи онҳо нашр намешавад. Дар идомаи матн аз мард ҳамчун Т.В. (соли таваллудаш 1963, шаҳрванди Ҳолланд, сокини шаҳраки Шарнегутуми) ва аз духтар ҳамчун Ш.М. (таваллудаш соли 1998, шаҳрванди Тоҷикистон, сокини Душанбе) ёд хоҳад шуд.

"Бӯсаҳову ишқварзӣ"... истифодаи мукотибаҳо дар ҷараёни тафтишот

Ҳукми додгоҳи шаҳри Арнем-Лееуварден, ки рӯзи ҷумъа, 27-уми июн содир шуд, гунаҳгор будани Т.В.-ро тасдиқ кард. Дар хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, ки Т.В. аз роҳи муоширати телефонӣ, мукотибаҳо ва навиштаҳояш тавассути паёмрасонҳову почтаи электронӣ бо духтари тоҷик сӯҳбатҳое кардааст, ки "мазмуни ошиқона" доштааст. Аз ҷумла, дар мукотибаҳои маҳкумшуда ва қурбонӣ, ба навиштаи додгоҳ, сухан аз "оғӯшкашӣ", "бӯсаҳо", "ишқварзӣ" ва дигар ифодаҳо меравад, ки ба хулосаи додгоҳ, "дорои мазмуни шаҳвонӣ" мебошад. Додгоҳ гуфт, ки сабти сӯҳбатҳои телефонии ин ду нафар дар моҳҳои январу феврали соли 2013 нишон дод, ки марду духтар дар бораи нақшаҳои тӯй, шаби аввали арӯсӣ ва таваллуди фарзанд сӯҳбатҳо кардаанд.

Дар хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, "дар мазмуни муоширати онҳо бешубҳа вуҷуди муносибатҳои маҳрамонае, ки миёни як зан ва як мард буда метавонад, мушоҳида мешавад".

Вале ҷониби айбдоршуда дар полис иддао кардааст, ки муносибатҳои ӯву духтари ноболиғ "мисли падару духтар буд" ва 2мазмуни ошиқона надошт". Аз ҷумла, худи Ш.М. ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳама сӯҳбатҳо бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст ва ин мард гуноҳе надорад.

Дар матни қарори додгоҳ дар бораи забони муоширати ин ду нафар чизе гуфта намешавад, вале дар матни мукотибаҳои маҳрамонаи муфассали ин ду нафар, ки ба ҳолландӣ тарҷума шуда, дар ҷараёни тафтишот ҳам истифода шудааст, ба корбурди калимаҳои тоҷикӣ ва англисӣ ишора рафтааст. Худи Ш.М. мегӯяд, ки забони муоширати ӯву ин мард англисӣ буд.

Манъи сафар ба Тоҷикистон ва кор бо ноболиғон

Додгоҳ муайян кардааст, ки маҳкумшуда духтарро ду дафъа ба Ҳолланд ва инчунин ба дидани кишварҳои дигари аврупоӣ бурдааст. Дар додгоҳ чизе дар заминаи вуҷуди муносибатҳои ҷинсии миёни марди калонсолу духтари ноболиғ гуфта намешавад. Худи маҳкумшуда ва қурбонӣ пойфишорӣ мекунанд, ки муносибатҳои онҳо орӣ аз робитаҳои ҷинсӣ будааст. Додгоҳ гуфтааст, марде, ки аз духтари наврас 35 сол бузургтар мебошад, бар ӯ "нуфуз ва тасаллут дошт", ба Ш.М. тӯҳфаҳои гаронбаҳо карда, ба модараш маблағ дода, хонаашро таъмир ва барои ошхонааш мебел харидааст.

Бар асоси қарори додгоҳ аз соли 2015, муошират ва мулоқоти маҳкумшуда бо ҷабрдида ва сафари Т.В. ба Тоҷикистон комилан манъ шудааст. Илова ба ин Т.В. ҳақ надорад бо фаъолиятҳое машғул шавад, ки ба кӯдакони ноболиғ рабт мегирад.

Шикояти кормандони бунёди "Святослав"

Парвандаи раҳбари бунёди "Святослав"-ро бар асоси шикоятҳои расмии ҳамкорони собиқи ҳолландии мард дар соли 2013 пулиси зидди ҷиноятҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакони Ҳолланд ба роҳ монд. Марҳилаи ҷиноят, ба навиштаи додгоҳ, январи соли 2010 то феврали соли 2013-ро дар бар мегирад. Додгоҳ мегӯяд, ки духтари қурбонӣ аз як хонаводаи ниёзманд ва хоҳараш маъюбу эҳтиёҷманди кӯмак мебошад. Ин духтар, ба навиштаи додгоҳ, ҳамчун як корманди ихтиёрӣ ба созмони хайрия ба кор омад ва дар ҳамин ҷо бо Т.В. шинос шуд. Маҳкумшуда дар додгоҳ тасдиқ кард ва гуфт, ки "агар кӯмакҳои ӯ ва падарандари духтар набуд, ин оила хеле азият мешуд".

Бино ба нақли худи духтар, падараш ҷудо аз онҳо зиндагӣ мекунад ва ӯву хоҳари маъюб ва додарашро модараш танҳо бузург кардааст. Ҷудит Зейлстра ба ҳайси як корманди ихтиёрӣ дар созмони "Святослав" кор кардааст. Ӯ яке аз нафароне буд, ки ба пулиси Ҳолланд соли 2013 дар бораи рафторҳои ба андешаи ӯ ғайриахлоқии Т.В. бо кӯдакон шикоят карда гуфтааст, ки шоҳиди муносибати "фавқулодда гарм" бо 2 кӯдак – як писарбачаи маъюби 11 ва духтари 12-сола шудааст.

Ҷудит Зейлстра, ки рӯзи 2 июл бо Радиои Озодӣ аз Амстердам сӯҳбат мекард, гуфт, ӯву ҳамкоронаш шоҳиди он шудаанд, ки Т.В. ба ин ду кӯдак тӯҳфаҳои гарон тақдим мекарду онҳоро танҳо ба меҳмонӣ ва ё тамошо мебурд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2 июл Ҷудит Зейлстра гуфт, ки собит кардани вуҷуди муносибатҳои маҳрамонаи ин мард бо кӯдакон ғайриимкон аст, вале ӯ, ба гуфтааш, дар сӯҳбати рӯбарӯ боре ба худи Т.В. гуфтааст, ки "таваҷҷӯҳи хос ба як кӯдак ва сарфи назар шудани дигар кӯдакон аз чунин меҳрубонии вижа, ки аксарашон бенавову мӯҳтоҷанд, аз назари солимии психологии кӯдакон дуруст нест". Ҷудит Зейлстра дар номааш ба пулиси Ҳолланд навиштааст, ки дар рафтори Т.В. эҳсос кардааст, ки ӯ "ба кӯдакон майли шаҳвонӣ дорад".

Стеф Алтена, хабарнигори нашрияи "Leeuwarder Courant", ки ин мавзӯъро пайгирӣ кардааст, рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додрас баъди қироати ҳукм гуфтааст, ки "мутаассифона, маҳкумшуда ҷиддӣ будани ҷинояти содиркардаи худро дуруст дарк намекунад". Ба гуфтаи хабарнигор, ҳукми охирини додгоҳ ба он маъност, ки ӯ метавонад баъди содир шудани ҳукм “ҳар лаҳза” боздошт шавад. Вале ба гуфтаи вакили дифои Т.В., зерҳимояи ӯ дар озодӣ аст ва азбаски бо ҳукм розӣ нест, аз болои он шикоят хоҳад кард ва дар ин муддат дар озодӣ ба сар хоҳад бурд.

Вакили дифоъ: зерҳимояи ман бо ҳукми додгоҳ розӣ нест

Фер Грийманс, вакили дифои Т.В. рӯзи 2-юми июл дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Ҳолланд гуфт, "он чӣ, ки дар бораи зерҳимояаш дар матбуот нашр шудааст, аз ҳақиқат дур аст" ва "ӯ ба Додгоҳи олӣ дар Гаага шикоят мекунад". Грийманс гуфт, "ҳоло ӯ ба ин назар аст, ки сӯҳбат дар ин мавзӯъ ба манфиати ӯ нест, аз ин рӯ ӯ ба додгоҳи олӣ шикоят мекунад. Ҷаноби Т.В. дар зиндон нест", таъкид кард ҳуқуқшинос.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, дар мурофиаи додгоҳии соли ҷорӣ рӯзи 20-уми март ниҳоят ҳузури духтари тоҷикро ҳам таъмин карданд. Фер Грийманс гуфт, Ш.М. дар додгоҳ "дар як баёноти бисёр тӯлониаш гуфт, ки ҷаноби Т.В. бо ӯ ҳеҷ коре накардааст. Вале мутаассифона, ин мавқеи ӯ дар ҳукми ниҳоии додгоҳ ба эътибор гирифта нашуд, ки хеле бад аст". Ӯ гуфт, Ш.М. "дар бораи ин мард назари нек дорад".

Дар маводи додгоҳӣ гуфта мешавад, ки бо сабаби мушкилӣ ба ҳайси ҷабрдида ба ҷавобгарӣ даъват кардани қурбонӣ, ки хурдсол ва шаҳрванди кишвари хориҷӣ аст, додгоҳи таҷдиди назар беш аз чор сол тӯл кашид ва ниҳоят, соли ҷорӣ баъди ба Ҳолланд сафар кардани Ш.М. назари ӯ шунида шуд. Фер Грийманс гуфт, ки ҳузури Ш.М.-ро дар додгоҳи таҷдиди назар ҷониби айбдоршаванда таъмин кард.

Духтари тоҷик: "Ӯ як инсони тиллоӣ аст"

Радиои Озодӣ бо Ш.М. рӯзи 2-юми июл сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин духтари 21-сола гуфт, "тамоми иттиҳомоти зидди мард як тӯҳмат аст" ва ӯ ҳамеша омода аст, ки аз "номи неки Т.В. ҳимоят кунад". Ш.М. гуфт, бори аввал Т.В.-ро дар муассисаи кӯдакони маъюби созмони "Святослав" дар Душанбе ноябри соли 2010 дид, вале он замон бо ӯ шинос набуд. Ба гуфтаи Ш.М. хоҳари ӯ аз сесолагӣ маъюб шуда, аробанишин аст ва муроҷиати оилаи онҳо ба ин созмон бо нияти таълим ва кӯмак ба хоҳараш буд. Ӯ гуфт, созмони мазкур "ба маъюбон кӯмак мекард, дар таҳсил ва ҳам беҳбуди шароити зиндагии оилавии онҳо дасти ёрӣ дароз кардааст".

Ӯ мегӯяд, он чӣ, ки дар парвандаҳои ҷиноии Ҳолланд гуфта мешавад, ки ӯ дар 12-солагӣ бо ин мард шинос шудааст, "ҳақиқат надорад". Ш.М. гуфт, ки марҳилаи мукотибаҳои ӯ бо ин мард ба 15-солагиаш, яъне соли 2013 рост меояд ва ин мукотибаву "ибрози ошиқӣ" бо ташаббуси худи ӯ, "на мард" сурат гирифтааст. Ин духтар гуфт, ки Т.В. "ҳеҷ гоҳ нисбати ӯ нияти баде надошт ва "ба ӯ бо ангушташ ҳам нарасидааст". Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин, ки оё ӯ вуҷуди мукотибаҳои ошиқона бо ин мардро тасдиқ мекунад, ки дар матни қарори додгоҳи соли 2015-и Ҳолланд ҳам оварда шудааст, гуфт:

"Бале, ин як ишқи кӯдаконаи ман буд. Ба назари ман, ӯ бисёр инсони хуб буд -- ба ҳама ёрӣ мекунад, бо ҳама меҳрубон аст. Агар ҷанг кунад, боз омада худаш мегӯяд, ки "ҳеҷ гап нест". Чунин рафтор танҳо бо ман набуд, бо ҳама чунин буд. Мо дар як ҳавлӣ 14 духтар будем. Писарҳо дар як квартира ҷудо зиндагӣ мекарданд. Ман ҳоло ҳам бо як духтари маъюб аз он ҷо дар тамос ҳастам ва ӯ ҳам тасдиқ карда метавонад, ки ӯ як марди тиллоӣ буд. Ман бо як ишқи кӯдакона ба ӯ дил бастам. Вале ӯ аслан гунаҳгор нест".

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо Т.В. дар сӯҳбатҳо бо Ш.М. гуфтааст, ки "чунин муносибатҳо метавонад дар сатҳи ҷиноӣ ба унвони хатари фасоди ахлоқӣ ваё педофилия баррасӣ шавад?", посухи мусбат дод ва гуфт, "бале, ӯ мегуфт, ки ин кор бад аст". Ш.М. пойфишорӣ мекунад, ки муносибатҳои онҳо бо "мукотибаҳои чандмоҳа" маҳдуд шуд, идома пайдо накард ва баъди ин "ҳар кас аз паи зиндагии худ шуд". Ш.М. мегӯяд, ки навиштаҳои додгоҳ дар бораи муносибатҳои сесолаи ошиқонаи марде бо духтари ноболиғ “дуруст нест” ва мурофиа “одилона набуд”.

Ш.М. гуфт, ки воқеан ҳам ба Ҳолланд сафар карда буд, вале дар ин сафар бо Т.В. танҳо набуд. Ба гуфтааш, як писари дигари тарбиятгирандаи марказ ва писари худи Т.В. бо онҳо ҳамроҳ шуданд ва дар ин сафар ӯ дар хонаи модари ин мард ҳамроҳ бо духтари ӯ дар як хона истода, дар тренингҳои "омӯзиши аксбардорӣ ва журналистика" иштирок кард. Дар бораи кӯмакҳои молии Т.В. ӯ гуфт, ки боре ба модараш 5000 доллар дод, "вале ин қарз буд ва ин пул бар асоси як созиши байни ду ҷониб дода шудааст". Ш.М. гуфт, ки дар бораи мукотибаҳояш бо ин мард касе ҷуз ин ду нафар хабар надошт.

Ш.М. гуфт, ки ҳоло зиндагии мустақилонаи худро бо шавҳараш пеш мебарад ва азбаски худро дар назди Т.В. гунаҳгор меҳисобад, бо ӯ ба ҳайси як дӯст дар муошират қарор дорад. "Додгоҳ ба мо иҷоза дод, ки мо муошират кунем", гуфт ӯ.

Маъмурияти Интернат: Т.В.-ро бар асоси шикояти волидон аз кишвар ронданд

То куҷо вуҷуди хилофкориҳо дар рафтори Т.В.-ро ҳукумати Тоҷикистон ҳам собит кардааст? Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 4-уми июл гуфт, ки дар замони фаъолияти Т.В. дар Тоҷикистон ҳеҷ нафаре дар заминаи эҳтимоли даст ба хилофкориҳои ҷиноӣ ва ё ахлоқӣ задани ин нафар шикоят накардааст. Ба иттилои ин манбаъ, сафари духтари ноболиғи тоҷик ба Аврупо, аз ҷумла дар ду соли пеш, бо ризоияти волидони духтар сурат гирифтааст ва ин ба маънои он аст, ки онҳо ба ин мард эътимод доштанд.

Дар ҳамин ҳол яке аз масъулони интернати атфоли маъюби ноҳияи Ҳисор бо ёдоварӣ аз солҳои 2007 гуфт, ки воқеан ҳам Т.В. ба ҳайси раҳбари созмони хайрия рафтуомад мекард.

Бободавлат Раҷабов, муовини раиси интернати кӯдакони маъюби ноҳияи Ҳисор аст. Ӯ рӯзи 1-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамкории ин муассиса ва созмони "Святослав” чандон ҳамвор набуд. Ӯ аз як ҳодисаи соли 2007 ёдовар шуд ва гуфт, "ва (Т.В.) мехост як бино дар дохили интернат бунёд кунад. Вале он фурӯ рафт ва раиси пешини интернат ӯро бо ҳамкоронаш ронд. Вай чанд кӯдакро бо волидонашон ба шаҳр бурд ва дар онҷо як мактаби тарбияи кӯдакони маъюбро ба роҳ монд".

Ин қазияро Ҷудит Зейлстра, корманди ихтиёрии созмони "Святослав" ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки Т.В. дар доираи барномаҳояш барои бачагони интернат "як ҳоҷатхонаву ҳаммом сохт, вале оби равонаш таъмин нашуд. Аз ин хотир, ин тарҳ иҷроношуда монд".

Бободавлат Раҷабов дар ёдоварӣ аз таҷрибаи ҳамкориҳо бо созмони "Святослав" инчунин гуфт, ки солҳои 2007 ба мақомот ва ҳам бархе волидон "аксбардориҳои Т.В. аз кӯдакони маъюби нимаурён ба ҳангоми оббозӣ" дар дохили ҳаммоми интернат писанд набуд. Онҳо ба ин амали ӯ бо шубҳа нигариста, билохира нагузоштанд, ки ӯ дар ин ҷо пайдо шаваду бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Вале дар бораи он, ки эҳтимолан Т.В. нисбати бархе кӯдакон рафтори баде раво дидааст, хабар надорад.

Вале дар филмҳои телевизионие, ки дар Ҳолланд дар бораи фаъолияти созмони "Святослав" дар Тоҷикистон ва ҳам Санкт-Петербурги Русия дар солҳои 2013 намоиш дода шудаанд, дида мешавад, ки намоиши наворҳои кӯдакони маъюб ба ҳангоми оббозӣ дар шароити ногувори ҳаммоми ифлос бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи маблағгузорон ба ҳоли бади ин кӯдакон ва талоши эҷоди шароити беҳтар барои онҳо карда шудааст.

Дар яке аз ин филмҳо дида мешавад, ки Т.В. барои идомаи фаъолиятҳои хайрияаш аз як сармоягузоре 665 ҳазор евро кӯмак дарёфт мекунад. Ҷудит Зейлстра гуфт, ки ин созмон аз муассисаҳои масеҳии сарватманд пулҳои хуб дарёфт мекард ва дар солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон, ки тахминан солҳои 2003 то 2015-ро дар бар мегирад, талош кард корҳои хубе анҷом диҳад.

"Ба обрӯи дигар созмонҳои хайрия латма зад"

Ҳадафи созмони "Святослав" кӯмак ба атфоли маъюб дар Тоҷикистон буд, ки ба иттилои мақомоти тоҷик шуморашон 26 ҳазор нафар мебошад. Фаъолияти ин бунёд нахуст дар интернати кӯдакони маъюби ноҳияи Ҳисор ва баъдан дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи 50-солагӣ зери унвони созмони "Дастгирии эҳтиёҷмандон" ба роҳ монда шуд.

Дар расонаҳои интернетӣ аз ҷумла, ҳолландӣ исми Т.В. ба унвони раҳбари ин созмон бори нахуст дар соли 2006 пайдо мешавад. Дар маводи мухталифи чопиву видеоӣ раҳбари бунёд дар бораи мушкилоти кӯдакони маъюби Тоҷикистон, шароити ногувори зиндагиву муолиҷаи онҳо ва саҳми созмони хайрия дар бунёди иншооти маишии мисли ҳаммому синфҳонаҳо гузориш медиҳад.

Худи Т.В. дар ин мусоҳибаҳо ба корҳои хайри анҷомдодаи созмонаш таъкид карда гуфтааст, ки кори онҳо дар беҳбуди шароити кӯдакони ниёзманд ва дилгарм кардани онҳо ба зиндагиву таҳсил муҳим мебошад. Ҷудит Зейлстра дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки корҳои зиёди хайри анҷомдодаи кормандони ин созмон зери сояи моҷарои атрофи раҳбараш беасар шуд ва созмон маҷбур шуд баста шавад. Қарори баста шудани ин созмонро ҳам дар Ҳолланд Шӯрои муассисон ва маблағгузоронаш қабул карданд.

XS
SM
MD
LG