Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал сулҳ ё интихобот? Баҳси нав дар Афғонистон


Бо наздик шудани Амрико ва Толибон ба тавофуқномаи эҳтимолии сулҳ, аксари номзадҳо ба мақоми президенти Афғонистон сулҳро нисбат ба интихобот беҳтар донистаанд. Қарор аст, интихобот дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол баргузор шавад.

Аз миёни ҳабдаҳ тими интихоботӣ чаҳордаҳ тим ба ин боваранд, ки нахуст бояд сулҳ дар Афғонистон таъмин шавад.

Сухангӯи ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, рӯзи 17-уми август ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, “барои таъмин шудани сулҳи доимӣ барои ҳар гуна қурбонӣ омода ҳастем, ба хотири онки сулҳ ба маънии хатми ҷанг аст.”

Стоди интихоботии Ҳаниф Атмар низ дар шароити кунунӣ расидан ба сулҳро барои афғонҳо муҳим медонад.

Вале дастаҳои интихоботии Ашраф Ғанӣ, Аҳмадвалӣ Масъуд ва Латифи Пидром баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуриро ҳатмӣ медонанд. Тими интихоботии Ашраф Ғанӣ ба ин бовар аст, ки “интихобот беҳтарин василаи интиқоли қудрати сиёсӣ мебошад”.

Намояндагони Латифи Пидром ва Аҳмадвалӣ Масъуд мегӯянд, ки “интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд дар вақташ баргузор гардад.”

Ин дидгоҳҳои зиддунақиз дар ҳоле баён мешавад, ки бар асоси изҳороти мақомҳои амрикоӣ ва Толибон ду тараф дар гуфтугӯҳои сулҳ пешрафтҳое доштаанд. То кунун ҳашт даври гуфтугӯи фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод бо Толибон баргузор шудааст.

Гуруҳи Толибон дар оғози моҳи август интихоботи президентии Афғонистонро як раванди "фиребанда" хонда ва таҳдид карда буд, ки ба таври ҷиддӣ монеи баргузории он хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин таҳдиди Толибон гуфт, мардуми ин кишвар таслими зӯр намешаванд.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ҳар гурӯҳе, ки мухолифи интихобот аст, талош мекунад, то аз роҳи зӯр ба қудрат бирасад, ки ин барои афғонҳо қобили қабул нест. Мирзо Муҳаммад Ҳақпараст, сухангӯи ин комиссия ба Радиои Озодӣ гуфта буд, интихобот барои интиқоли сулҳомези қудрат як раванд аст ва бояд ҳукумат амнияти онро таъмин кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон таҳдид карда буданд, ки интихоботи қаблии порлумониро барҳам мезананд. Дар ҷараёни интихоботи порлумонии Афғонистон, ки тирамоҳи гузашта баргузор шуд, дар Кобул ва баъзе вилоятҳои он кишвар ҳамлаҳое сурат гирифт, ки талафоте низ дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG