Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло рафт (ВИДЕО)


Дар Тоҷикистон қимати нерӯи барқ барои бархе аз муштариён боло бурда шуд. Қарор дар ин бораро чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва айни замон раиси ҳукумат имзо кардааст.

Бар асоси ин санад, ки рӯзи 13-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, нархи нерӯи барқ барои муассисаҳои буҷавӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ аз 14,20 дирами қаблӣ то ба 14,65 боло бурда шудааст. Қимати нерӯи барқ барои нақлиёти барқӣ низ аз 9,55 дирами қаблӣ то ба 14,65 дирам боло бурда шудааст.

Яке аз муштариёни асосии нерӯи барқ, яъне кишоварзон, ки бо насос киштзорҳояшон обёрӣ мешавад, аз ин пас барои истифодаи нерӯи барқ пули бештар мепардозанд.

Нархи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ аз 2,55 дирами қаблӣ то ба 5,1 дирам боло бурда шуд. Ин қимат барои баҳору тобистон аст. Вале пас аз 30-уми сентябр ва дар моҳҳои боқимонда ин пойгоҳҳо барои ҳар киловат соат ба мисли аҳолӣ 14,65 дирам пардохт мекунанд

"Талко" яке аз истифодабарандагони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон аст.
"Талко" яке аз истифодабарандагони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон аст.

Бар хилофи дигар муассисаҳо, болоравии қиммати нерӯи барқ ба ширкати тавлиди алюминиюм “Талко” дахл накардааст. Нархи нерӯи барқ барои ин ширкат ҳамоно бетағйир мондааст. “Талко” мисли пешин як киловатт/соат нерӯи барқро аз 1-уми май то 30-уми сентябр бо қиммати 7,20 дирам ва дар моҳҳои боқимондаи сол бо нархи 11,80 дирам дастрас мекунад.

Қарори боло бурдани қимати нерӯи барқ рӯзи 24-уми феврал ба имзо расидааст, аммо санаи иҷрои он аз 1-уми январи соли равон дарҷ шудааст. Яъне ширкати “Барқи тоҷик” ҳақ дорад аз муштариёнаш аз моҳи январ сар карда ин нархро талаб кунад.

Тавсияҳои муассисаҳои байналмилалӣ

Болоравии нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон бо тавсияи муассисаҳои байналмилалии молӣ ба мисли Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои молие сурат мегирад, ки барои ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

Бар замми ин вақте мегӯянд нархи нерӯи барқро боло бардоред, бояд сатҳи маоши мардумро низ ба инобат бигиранд.

Боло бурдани қимати барқ яке аз шартҳои кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон аз ҷумла яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар сурати иҷро шудан, ин бонк 50 миллион доллар маблағро ҳамчун кӯмак ба будҷа пешниҳод мекунад.

Ба гуфтаи муассисаҳои байналмилалии молӣ ва ҳам ширкати «Барқи тоҷик» нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон бисёр паст аст ва пуле ки ба даст меояд, барои нигаҳдошту таъмиру тармими шабакаҳои барқиву нерӯгоҳҳо кофӣ нест.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ин гуна талабу шартҳои созмонҳои байналмилалӣ ғайримантиқӣ ва бар зиёни аҳолӣ ва рушди иқтисод аст.

«Тибқи ҳисобҳои охир нархи истеҳсоли як киловатт/ соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 4 дирам буд. Бар замми ин вақте мегӯянд нархи нерӯи барқро боло бардоред, бояд сатҳи маоши мардумро низ ба инобат бигиранд» мегӯяд, Ғуломиддин Сайфиддинов мутахассиси соҳаи энергетика.

Айни замон Барқи Тоҷик, яке аз ширкатҳои бузурги давлатии Тоҷикистон тақрибан як миллиард доллар қарздор аст ва танҳо бо кӯмаки ҳукумат фаъолияташро идома медиҳад. Ширкат мегӯяд, азбаски корхонаву муассисаҳо пули барқро саривақт намепардозанд, ба чунин ҳол гирифтор шудааст.

Вазъи бади Барқи тоҷик ва паёмад барои кишоварзон

“Барқи тоҷик” мегӯяд, маҳз пойгоҳҳои обкашонӣ дар Тоҷикистон беш аз ҳама қарздоранд. Қарзи пойгоҳҳои обкашонии Оҷонсии беҳдошти замин дар назди “Барқи тоҷик” наздик ба 80 миллион сомонӣ аст.

Олим Сулаймонов кишоварзӣ тоҷик дар шимоли Тоҷикистон гуфт, бе ин ҳам харҷи обӣ полез барои деҳқнон гарон аст ва бо гарон шудани нархи нерӯи барқ ҷамъоварии он боз ҳам мушкилтар мешавад:

“Оби полезӣ барои деҳқонон бе ин ҳам гарон меафтад. Харҷи тоза кардани заҳбуру заҳкаш, худи насосҳо ва нерӯи барқ. Бо ҳамон нархи пешина ҷамъоварии пули об бисёр мушкил буд. Акнун ки нархи нерӯи барқ як маротиба боло рафт намедонам вазъият чӣ мешавад”.

Ҳукумати Тоҷикистон бори охир нархи нерӯи барқро се моҳ қабл- 1-уми ноябри соли 2016 бозбинӣ кард. Нархи нерӯи барқ он замон аз 12,6 қаблӣ то ба 14,65 дирам барои як киловатт/соат боло бурда шуд. Ҳукумат мегӯяд, боло рафтани қимати барқро барои мардуми камбизоат ҷуброн мекунад.

Масалан ба оилаҳои камбизоат дар 25 шаҳру ноҳия то 250 киловатт/соат нерӯи барқ ройгон дода мешавад. Пули барқи ин қабил оилаҳоро ҷамоатҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” пардохт мекунанд.

Қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

XS
SM
MD
LG