Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "ҷанҷол"-и ширкатҳо ва ҳукумат 3500 терминал аз кор монд.ВИДЕО


Дар баҳори соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор терминалҳои пардохти электрониро аз гирифтани фоиз ё ҳаққи хизмат аз муштариён, манъ кард. Ба дунбол ҳудуди 4 ҳазор терминали пардохти электронӣ дар саросари кишвар бо сабаби зараровар будан, аз кор монд. Аммо моликони терминалҳои пардохти электронӣ ҳоло аз ҳукумат талаб доранд, ки ин қарори худро бекор кунад.

Дар гузашта дар ҳар кӯчаву хиёбони шаҳру ноҳияҳои кишвар терминалҳои пардохти электронӣ фаъол буд. Сокинон тавассути ин терминалҳо ба ҳисоби телефони худ пул гузаронда, маблағи барқу об, хадамоти коммуналӣ, ҷарима ва инчунин ҳаққи телевизионҳои кабелиро, пардохт мекарданд.

То баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои пардохтҳои электронӣ фаъол буданд ва ҳудуди 4 ҳазор терминалҳои пардохтӣ, ба сокинон хидмат мекарданд. Ҳамакнун танҳо дар ҳудуди 500 адад аз ин терминалҳо фаъоланд.

Барои ин кор сокинон маҷбур набуданд, ба шӯъбаҳои “Амонатбонк” бираванд ва ё ба намояндагиҳои ширкатҳои мухобиротӣ сар бизананд. Барои пешниҳоди чунин хадамот моликони терминалҳо аз муштариён то панҷ дарсад фоиз меситонданд.

Ҳоло масъулони ширкатҳои пардохтҳои электронӣ мегӯянд, ки аксари сокинон бояд дубора ба шеваи кӯҳнаи пардохти ҳузурӣ дар идораҳои дахлдор рӯ биёранд. Азиз Закариёев, муовини раиси ширкати пардохтҳои электронии QIWI, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, пардохти электронӣ дар чанд соли ахир ба низоми шаклгирифтае дар Тоҷикистон табдил шуд ва аз байн бурдани он ба фоидаи кишвар нест. Ӯ умед дорад, ки мақомот тасмими худро бозбинӣ мекунанд.

Азиз Закариёев.
Азиз Закариёев.

Ба гуфтаи вай, чанде пеш дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ҷаласае дар ин замина баргузор шуд ва ҳарчанд ин ниҳод хостори лағви муқаррароти нагирифтани фоиз аз муштариён буд, сохторҳои дигари ҳукуматӣ чунин пешниҳодро ҷонибдорӣ накарданд.

"Фоиз" аз муштариёнро кӣ пардохт кунад - моликони терминалҳо ё ширкатҳои мобилӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

"Сипас, пешниҳод шуд, ки ширкатҳои пардохткунанда бо ширкатҳои мобилӣ барои боло бурдани фоизи мукофотпулӣ, ба тавофуқ бирасанд. Аммо ширкатҳои мобилӣ ба далели қарзҳои ҳангуфташон аз андоз, аз ин кор сарфи назар карданд”,- афзуд ӯ.

Бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вуҷуди чунин терминалҳо ҳатто бо дарназардошти гирифтани фоиз судовар аст, зеро ҳар вақте хостанд корашонро анҷом медиҳанд.

Яке аз назардиҳандагон дар хиёбонҳои пойтахт гуфт, “шабу нимашаб низ метавонем дар назди хона маблағи телефонро пардохт кунем. Ҳоло маҷбур ҳастем, ки бо сарфи роҳкиро ба маркази шаҳр омада, навбатпоӣ кунем. Бигзор фоиз бигиранд, аммо хуб мешуд, ин фоизҳоро на аз ҳисоби мо, балки аз ширкатҳои мобилӣ бигиранд.”

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мобилии “Бабилон” рӯзи 15-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар заминаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои пардохткунанда ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Ӯ гуфт, “бо ҳамаи ширкатҳои пардохтҳои электронӣ мо қарордод дорем ва тибқи ин санад, бо онҳо муомилаи молӣ анҷом дода мешавад”. Дар посух ба ин савол, ки ширкатҳои пардохткунанда боло бурдани фоизи мукофотпулиро аз ширкатҳои мобилӣ тақозо мекунанд, Ҷумъаев танҳо гуфт, “баррасии мавзӯи ҳаҷми мукофотпулӣ сирри тиҷоратист”.

Ин дар ҳолест, ки Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи эҳтимоли боло рафтани арзиши хадамоти телефонҳои ҳамроҳ гуфта буд, воқеан ширкатҳои мобилӣ чунин дархостеро ба онҳо ироа кардаанд.

Аммо ӯ гуфт, “дар мавриди ситондани фоиз аз пардохтҳои муштариён мо масъулони ширкатҳои пардохткунандаро даъват ва ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ ҷарима карда будем. Ҳоло мушоҳида мекунем, ки ин ширкатҳо бар хилофи ваъдаҳои худ боз ҳам аз муштариён фоиз мегиранд. Ҳоло ин мавзӯъро сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мавриди омӯзиш қарор додааст”.

То баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои пардохтҳои электронӣ фаъол буданд ва ҳатто дар минтақаҳои дурдаст ҳудуди 4 ҳазор терминалҳои пардохтӣ ба сокинон дар пардохти пули телефон хидмат мекарданд. Ҳамакнун танҳо дар ҳудуди 500 адад аз ин терминалҳо фаъоланд.

Ба гуфтаи масъулони ширкатҳои пардохткунанда, ахиран бо дарёфти имтиёзҳое аз ширкатҳои мобилӣ, чанд ширкати пардохткунанда дар кишвар дубора фаъол шуданд. Аммо ба эътиқоди соҳибназарон, беҳтар мешуд, ки агар ба ҳамаи ширкатҳо муносибати яксон роҳандозӣ шаваду мушкили сокинон дар пардохти пули телефон аз байн равад.

Арзиши як адад терминали дасти дувуми пардохти электронӣ то 700 доллар арзиш дорад ва харҷи он дар як моҳ то ба 200 сомонӣ мерасад. Дар ин бахши иқтисоди Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар кор мекарданд ва ҳамакнун бештаре аз онҳо аз шуғли худ маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG