Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи дороии мансабдорон нав шуд. Кӣ чӣ қадар аспу гӯсфанд дорад?


Мансабдорони Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз ин ба баъд дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомот гузориш диҳанд. Қаблан қонунҳои Тоҷикистон аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо)-ро талаб мекард.

Пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб амал мекунад, аммо боре оммавӣ нашудааст. Ифшо нашудани маълумот дар бораи амволи мансабдорон ба гуфтаи мақомот аз як сӯ хоҳиши худи онҳост ва аз тарафи дигар, ба қавли раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, "ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули он омода нест". Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол ходимони давлатӣ аз ифшои дороиҳои худ, ки зоҳиран кам нест ва сарчашмаашро фош кардан намехоҳанд, ҳарос доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июли имсол қарори рақами 412-ро тасдиқ кард, ки мувофиқи он номгӯйи дороиҳое, ки мансабдорон дар бораи он бояд гузориш диҳанд, бештар шуд. Нусхаи қарор рӯзи 13-уми август дастраси Радиои Озодӣ гардид.

Тибқи он, мансабдорон дар бораи хонаи баландошёна ё ҳавлӣ, бӯстонсаро, замини назди ҳавлӣ, қитъаи замин барои хоҷагии деҳқонӣ маълумот диҳанд. Банди дигари эъломия аз мансабдорон дар бораи доштани мотосикл, мошинҳои сабукрав ва боркашон маълумот мепурсад.

Мансабдорон минбаъд дар бораи саршумори чорво ва ё паррандаҳо низ бояд гузориш диҳанд, аз ҷумла дар бораи шумори "чорвои калони шохдор", "чорвои хурд", асп, парранда ва дигар навъи ҳайвонот.

Дар ин феҳрист ҳамчунон авроқи гаронбаҳо, металҳо ва ё сангҳои қиматбаҳо шомил шудаанд. Аммо дар эзоҳи он гуфта мешавад, дар эъломия танҳо дар сурате мансабдорон бояд маълумот диҳанд, ки арзиши металҳои гаронбаҳояшон ба мисли тилову нуқра аз 203 ҳазор сомонӣ (3500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) бештар бошад.

Ба ин тартиб, агар миқдори пасандоз ҳам аз 58 ҳазор сомонӣ (1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) камтар бошад, дар эъломия зикр кардани он ҳатмӣ нест.

Банди дигари қарор мансабдоронро вазифадор мекунад, ки дар бораи уҳдадориҳои молиявӣ, яъне қарзу кредитҳо низ маълумот диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, баръакси таҷрибаи роиҷ дар кишварҳои пешрафта маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорони тоҷик ифшо намешавад ва дар назди мақомоти андоз маҳфуз мемонад, чун моддаи 93-и Кодекси андози Тоҷикистон талаб мекунад, ки ин маълумот оммавӣ нашаванд.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ин маълумотро барои "рӯзи мабодо" ҷамъ меоранд. Ӯ 13-уми август гуфт: "Ҳукумат бо ин қарораш мехоҳад, дар бораи мансабдорон ҳама чизро донад. Чорво, ҳайвоноти хонагӣ ва мурғ беҳуда ба ин феҳрист ворид нашудааст. Бисёре аз мансабдорон фермаи чорво ва рамаву гала доранд. Онҳо ин дороиро, албатта, дар эъломия зикр намекунанд. Дар сурати сарпечӣ кардани мансабдорон мақомот зуд ин дороиҳоро мусодира карда, ӯро барканор мекунанд."

Мирсаидов афзуд, дар кишварҳои пешрафта маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон ошкор аст ва ҳар касе хост, бо он метавонад ошно шавад. Ба қавли ӯ, эъломияи мансабдорони кишварҳои аврупоӣ аҷобат надорад, "чунки аксарият ба мисли мардум зиндагӣ мекунанд ва дороиҳояшон қонунӣ аст."

"Дар ин ҷо мансабдорон хидматгори мардум ҳастанд, аммо дар Тоҷикистон ҳам мансабдорон ва ҳам мардум ин нуктаро фаромӯш кардаанд", -- иброз дошт ӯ.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, супурдани эъломия дар бораи дороиҳо аз сӯи мансабдорони тоҷик як чизи муқаррарӣ аст. "Мо як хона доштем ва даромадамон аз ҳисоби маош буд. Ҳар сол сатҳи даромад ва хонаро қайд мекардем. Ин ягон ҷойи бадӣ надорад. Як механзими назорати хидматчиёни давлатӣ аст, ки аз ҷамъ кардани амволи бисёр худдорӣ кунанд ва ба корҳои ғайр даст назананд", -- афзуд вазири собиқ.

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Орумбекзода мегӯяд, ҳангоми кор дар мансаби вазири фарҳанг доим амволу дороиҳои худро пурра дар санадҳо зикр мекард ва «моле барои пинҳон кардан» надошт. Ӯ афзуд, пас аз вазирӣ дар деҳаи Поршнев дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "ба обод кардани боғ машғул аст".

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ба фарқ аз солҳои пешин раванди супурдани эъломияҳоро дар бораи даромадҳо барои мансабдорон осон кардааст. Онҳо метавонанд, тавассути сомонаи кумита эъломияро пур кунанд. Ҳар сол то моҳи апрел мавсими супурдани эъломияҳо дар бораи дороиҳои мансабдорон дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи масъулони Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, мансабдороне, ки дар эъломия дороиҳои худро пурра нишон намедиҳанд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт ё аз мансаб барканор хоҳанд шуд. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар шаш моҳи соли 2019 беш аз 20 хидматчии давлатиро барои пур накардани эъломияи дороиҳояшон ҷазо доданд. Аз ҷумла се нафари онҳо аз кор ронда шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG