Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон


Иди Қурбон ё Иди Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн таҷлил хоҳад шуд. Бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ки рӯзи 11-уми июн нашр шуд, намози идро соати шаши субҳ мехонанд.

Имомхатибон вазифадор шудаанд, ки мардумро ба "дастгирӣ аз ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ аз исрофкорӣ, назорати кӯдакону наврасон ҳангоми идгардак" даъват кунанд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 8-уми май тарҳи иловаҳоро ба қонуни танзими ҷашну маросим пазируфтанд, ки яке аз бандҳояш манъи идгардаки кӯдакон аст.

Ин тарҳ, ки сабаби вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ҳанӯз аз тарафи Маҷлиси Миллӣ ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабулу имзо нашуда, ба иҷро надаромадааст.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмист. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

XS
SM
MD
LG