Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ диҳед, газ гиред. Додугирифти энержӣ байни Тошканду Душанбе


Додугирифти барқ ва газ миёни Душанбеву Тошканд имсол рӯ ба густариш овард ва Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон 35 миллион доллар ҷудо кард.

  • Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик", аз баҳори имсол то кунун Тоҷикистон ба Узбекистон ҳудуди 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқи худро бо арзиши 2,5 сенти амрикоӣ содирот кардааст.​
Мутахассисон мегӯянд, ҳарчанд хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон ҳоло фаъол ҳастанд, ба бозсозӣ ниёз доранд.

Бонки Осиёии Рушд 15-уми ноябр хабар дод, ки барои таҷдиди системаи интиқоли нирӯи барқ миёни ду кишвар 35 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кард. Дар баёнияи ин бонк гуфта шудааст, "ин тарҳ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, барқи изофиро дар фасли тобистон ба Узбекистон содирот карда, истифодаи самарбахши зарфиятҳои энергетикиро таъмин кунад."

Тарҳ насби абзорҳои нави ҳимоятӣ ва ҳамоҳанг кардани системаҳои барқи Тоҷикистону Узбекистонро дар назар дорад. Ҳамоҳангии ду системаи барқӣ имкон медиҳад, низоми барқдиҳии ду кишвар устувор кор кунанд. Харҷи умумии тарҳ 40 миллион доллар аст ва ҷониби Тоҷикистон барои он аз ҳисоби худ 5 миллион доллар ҷудо мекунад. Иҷрои тарҳ соли 2022 ба поён мерасад.

"Хатҳои барқ ба бозсохт ниёз доранд"

Бинои "Барқи тоҷик"
Бинои "Барқи тоҷик"

Баҳром Сироҷов, раиси пешини "Барқи Тоҷик" рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон фаъол аст, “бо назардошти ба мудати тӯлонӣ кор накардан ин хатҳо ба бозсозӣ ниёз доранд”. Зеро, ба қавли ин мутахассиси соҳаи энержӣ, низоми барқии ду кишвари ҳамсоя дар тӯли солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфтааст.

Сироҷов афзуд, "дар тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон нирӯгоҳҳои "Сангтӯда" ва Маркази барқиву гармидиҳӣ сохта шудаанд. Дар Узбекистон низ тағйироти ҷиддӣ дида мешаванд. Дуруст аст, ки хатҳои интиқоли нерӯи барқ коршоям ҳастанд, вале абзорҳои ҳимоявии ин хатҳо бояд нав карда шаванд. Вагарна, дар ҷараёни интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва ҳамин тавр ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вуқӯи садамаҳо ногузир мешаванд".

Соли 2009 Узбекистон аз ҳалқаи энержии Осиёи Миёна берун шуд ва ҳар кишвар дигар ба шабакаи дохилӣ ва танҳо ба нерӯи барқи тавлиди худӣ умед баст. Тоҷикистон, ки дар фасли тобистон нерӯи барқи изофии худро ба ҳамсояҳо медод ва зимистон аз онҳо нерӯи барқ мегирифт, аз ин имконият маҳрум шуд.

Тоҷикистон зимистони соли гузаштаро баъд аз 20 сол бе маҳдудият ё ба истилоҳ "лимит" паси сар кард. Фаъол кардани чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун", ки 16-уми ноябр сурат мегирад, имкониятҳои содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро бештар хоҳад сохт.

Мақомот: "Ба баъзе маҳаллаҳои пойтахт газ омад"

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тоҷик мегӯянд, интиқоли гази табиии Узбекистон, ки аз соли 2012 қатъ шуда буд, акнун ба баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шуруъ шудааст. Шавкат Шоимзода, муовини раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" тобистони имсол гуфта буд, ки интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон оғоз шуда ва то ҳол 12 корхонаи саноатии тоҷик, аз ҷумла ширкати алюминийии тоҷик ё "Талко" аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.

​Шоимзода 15-уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ хабар дод, ки ахиран нархи гази табиӣ боло рафта ва интиқоли он ба сокинони пойтахти Тоҷикистон низ шурӯъ шудааст.

Ӯ афзуд, “нархи ҳар як ҳазор метри мукааби гази воридотӣ аз Узбекистон барои муштариёни тоҷик аз 126 то ба 146 доллари амрикоӣ афзоиш ёфт. Зеро, ба маблағи аввалӣ нархи андозҳои Тоҷикистон изофа шуданд. Ҳамзамон, бо дарназардошти омодагии манзилҳои сокинони шаҳри Душанбе мо интиқоли гази табииро ба бархе аз маҳаллаҳои пойтахти Тоҷикистон низ шурӯъ кардем".

Интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон соли 2012 дар аҳди раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов қатъ шуд. Дар он замон муносиботи ду кишвар бисёр сард буд. Бар асоси як созишнома аз моҳи март, имсол Тоҷикистон аз Узбекистон тахминан 126 миллион метри мураббаъ гази табииро бо арзиши беш аз 15 миллион доллар харидорӣ мекунад.

Гази Узбекистон ба Тоҷикистон пас аз 6 сол

Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб мефурӯхт. Ба ин тартиб, ҳатто бо дарназардошти афзоиши феълии нархи гази воридотӣ аз Узбекистон, арзиши он дар муқоиса бо замони раҳбарии Ислом Каримов арзонтар аст.

Аломатҳои гармии равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди марги Ислом Каримов, президенти Узбекистон ва ба қудрат расидани раҳбари нав Шавкат Мирзиёев намудор шуданд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз аҳди ҳукуматдории Ислом Каримов танҳо қатъ шудани барқу газ ва марзҳои минакоришударо дар ёд доранд, аз муносибати нарми раҳбари нави кишвари ҳамсоя рӯҳбаланд шудаанд.

Зимнан, дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Аммо дар соли 2017 бинобар изҳороти президент Шавкат Мирзиёев дар Душанбе, соли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расид. Президентҳои ду кишвар дар мулоқоти худ дар Душанбе моҳи март эълон карданд, ки мехоҳанд ин рақам ба як миллиард доллар расонида шавад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG