Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бозиро бо Тоҷикистон мусовӣ кард ва ба финали Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 роҳ ёфт


Тими миллии футболи Эрон, ки дар даври сеюми Ҷоми миллатҳои CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2025 бозиро бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, ба финали мусобиқот роҳ пайдо кард.

Бозии даври сеюм дар гурӯҳи “B” шаби панҷшанбеи 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 18200 тамошогар пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба суди эрониҳо хотима ёфт. Голро бозигари меҳмонон Муҳаммад Муҳибӣ дар дақиқаи 38-ум ба дарвозаи мизбонон зад, ки онро Рустам Ятимов ҳимоя мекард. Сипас Муҳибӣ голи дуюмро дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 47-ум, ба самар расонд.

Баъдан футболбозони тоҷик фаъол шуда, ду бор муваффақ гаштанд. Голҳоро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 58-ум ва Зоир Ҷӯрабоев дар дақиқаи 78-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд.

Бояд тазаккур дод, ин аввалин мусовӣ дар рақобатҳои тимҳои миллии Эрону Тоҷикистон ба шумор меравад. Сар аз соли 1993 дар чаҳор бозии миёни ин дастаҳои мунтахаб Эрон пирӯз шуда буд.

Тими миллии Эрон зери раҳбарии сармураббӣ Амир Қалъанавӣ қаблан дар ҳарду бозиаш Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 ва Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд. Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “В” эрониҳо бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба финал баромаданд. Дар бозии ниҳоӣ 8-уми сентябр дар Тошканд Эрон бо ғолиби гурӯҳи “А” рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «В» аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, дар даври дуюм тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд.

Ҳамин тариқ, футболбозони Ҳиндустону Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти он ки Ҳиндустон бар Тоҷикистон пирӯз шудааст, дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми дуюмро касб намуда, ба ҳаққи ширкат дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқот мушарраф гардид. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар зинаи сеюм қарор гирифт ва натавонист ба даври баъдӣ роҳ ёбад.

Ба гурӯҳи “В”дастаҳои мунтахабиТоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон шомил буданд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт.

Дар дувумин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” («CAFA Nations Cup 2025») ба гурӯҳи «А»тимҳои миллииУзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Умон дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи олимпӣ ва варзишгоҳи “Ҷар”-и шаҳри Тошканд баргузор шудааст.

Дар гурӯҳи “А” дастаи мизбон – Узбекистон ва тими Умон бо 4-имтиёзӣ пешсафанд. Футболбозони узбек бозиро бо тими Умон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм Туркманистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуданд. Умониҳо дар бозии дуюмашон Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Бозии даври аввал миёни дастаҳои Қирғизистону Туркманистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд. Ҳарду даста бо якимтёзӣ дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “А” рӯзи ҷумъаи 5-уми сентябр доир мешаванд. Дар варзишгоҳҳои Тошканд Туркманистон бо Уммон (соати 17:00) ва Узбекистон бо Қирғизистон (соати 19:30) рақобат хоҳанд кард.

Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Бозии ниҳоии мусобиқа дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.


Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 («CAFA Nations Cup 2025»)


Гурӯҳи «А» (Тошканд, Узбекистон)


Даври 1-ум

30-юми август (шанбе)


Қирғизистон - Туркманистон - 1:1

Голҳо: Вепа Ҷумъаев, 44 (0:1), Коҷо Ҷоэл, 45 (1:1).


Узбекистон - Уммон - 1:1

Голҳо: Носир Ал-Раваҳӣ, 4 (0:1), Ҳоҷимат Эркинов, 55 (1:1).


Даври 2-юм

2-юми сентябр (сешанбе)


Уммон – Қирғизистон – 2:1

Голҳо: Тамирлан Козубаев, 24 (0:1), Иссам Ал-Сабҳӣ, 90+1 (1:1), Иссам Ал-Сабҳӣ, 90+5 (2:1).


Туркманистон – Узбекистон – 1:2

Голҳо: Игор Сергеев, 31 (0:1), Игор Сергеев, 44 – аз пеналти (0:2),

Дидор Дурдиев, 84(1:2).


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "А"


ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1.Узбекистон21103-24
2.Уммон21103-24
3.Қирғизистон20112-31
4.Туркманистон20112-31


Даври 3-юм

5-уми сентябр (ҷумъа)


Туркманистон - Уммон, 17:00

Узбекистон - Қирғизистон, 19:30


Гурӯҳи «В» (Ҳисор, Тоҷикистон)


Даври 1-ум

29-уми август (ҷумъа)


Эрон - Афғонистон - 3:1

Голҳо: Маҷид Ҳусейнӣ, 26 (1:0), Умед Мусавӣ, 26 (1:1), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 36 (2:1), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 63 (3:1).


Тоҷикистон - Ҳиндустон - 1:2

Голҳо: Анвар Алӣ, 5 (0:1), Сандеш Ҷинган, 13 (0:2). Шаҳром Самиев, 23 (1:2).


Даври 2-юм

1-уми сентябр (душанбе)


Ҳиндустон – Эрон – 0:3

Голҳо: Амирҳусейн Ҳусейнзода, 59 (0:1), Алӣ Алипур, 89 (0:2), Меҳдӣ Торемӣ, 90+6 (0:3).


Афғонистон – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 24 – аз пеналти (0:1), Шервонӣ Мабатшоев, 90+3 (0:2).


Даври 3-юм

4-уми сентябр (панҷшанбе)


Афғонистон – Ҳиндустон – 0:0


Тоҷикистон – Эрон – 2:2

Голҳо: Муҳаммад Муҳибӣ, 38 (0:1), Муҳаммад Муҳибӣ, 47 (0:2), Шаҳром Самиев, 58 (1:2), Зоир Ҷӯрабоев, 78 (2:2).


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "В"


ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1.Эрон32108-37
2.Ҳиндустон31113-24
3.Тоҷикистон31115-44
4.Афғонистон30101-51

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG