Пайвандҳои дастрасӣ

Атомуҳаммади Нур: Агар шаффофият нест, монеи интихобот мешавем


Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх ва яке аз пешвоҳои тоҷикон дар Афғонистон, ҳушдор дод, ки дар сурати адам ё набудани кафолати шаффофият монеи баргузории интихоботи Вулуси Ҷирга ва президентӣ дар он кишвар хоҳад шуд.

Аз мухолифин ҳам мехоҳам, бо дарназардошти манофеи миллӣ барои поён додани ин ҷанги чиҳилсола содиқона ва ватандӯстона кӯшиш кунанд

Вай рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар Мазори Шариф, ҳамчунин, аз фурӯши баргаҳои овоздиҳӣ дар бозорҳои Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

“Як фосид, ки аҳамияти просесси миллиро намедонад, бо сарнавишти кишвараш бозӣ мекунад. Дигар аз ӯ чӣ интизор дошта бошӣ, ки метавонад як корро ба манзили мақсуд бирасонад? Мо тасмим дорем, ки интихобот то шаффоф нашавад, сари роҳаш меистем”, - таъкид кард ӯ.

Аммо Муҳаммадисҳоқ Роҳгузар, волии ҳозираи Балх, дар ин маҳфил дар Мазори Шариф хилофи гуфтаҳои Атомуҳаммади Нур барои иштироки зиёди мардум дар ҷараёни интихоботи Вулуси Ҷирга ва раёсати ҷумҳурӣ даъват кард. Роҳгузар гуфт, “шуморо фаро мехонам, ки дар интихобот – як раванди сарнавиштсоз – ҷиддӣ ва масъулона иштирок кунед.”

Атомуҳаммади Нур ноамниҳои охирро дар кишвараш омили таъмини манфиатҳои кишварҳои хориҷӣ донист. Ӯ гуфт, ин кишварҳо ба хотири манофеи сиёсии худ намехоҳанд амният дар Афғонистон таъмин шавад. Оқои Нур илова кард, ҳеҷ "кишвари хориҷӣ, ки дар инҷо манфиатдор аст, бароятон сулҳ намеорад ва ҳеҷ кадом алоқаманди овардани сулҳ бароятон нестанд.”

Бо ин ҳол, генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон дар паёмаш рӯи беҳбуди вазъияти амниятӣ дар кишвар таъкид кард. Ва ӯ аз ҷангҷӯён хостааст, то дар ростои барқарории сулҳ дар кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Паёми Дӯстумро Азизуллоҳ Коргар, муовини раиси ҳизби ҷунбиши исломӣ дар Мазори Шариф қироат кард. Дар бахше аз ин паём гуфта шудааст, ки “аз мухолифин ҳам мехоҳам, бо дарназардошти манофеи миллӣ барои поён додани ин ҷанги чиҳилсола содиқона ва ватандӯстона кӯшиш кунанд.”

Дар ҳоле ки Атомуҳамади Нур волии собиқи Балх ҳушдор медиҳад, ки дар сурати адами шаффофияти интихобот монеи барузориаш хоҳад шуд, қаблан Кумисюни мустақили интихобот борҳо аз таъмини шаффофият ва интихоботи озод итминони хотир додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG