Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар марзи Узбекистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз мекунад


Намояндагии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард. Набудани нуқтаҳои мубодилаи асъор дар назди гузаргоҳҳои марзӣ ва шаҳру навоҳӣ, сокинону меҳмононро дар бисёр ҳолат ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

"Меҳмонҳо азият мекашанд"

Дар намояндагии Бонки Миллӣ рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, азбаски саррофиҳо мустақилона наметавонанд амал кунанд, ин кор бар дӯши ташкилоти қарздиҳӣ хоҳад афтод. Наврӯз Валиев, раиси намояндагии Бонки Миллӣ гуфт, "ба ташкилоти қарзии вилоят супориш медиҳем, ки кадоме аз онҳо дар куҷо чунин марказҳои хидматрасонӣ боз намоянд."

То поёни соли 2015 Тоҷикистон бо сиёсати нарму озодаш дар бозори асъор дар минтақа фарқ мекард.

Натанҳо сокинони кишвар, балки меҳмононе, ки тавассути гузаргоҳҳои нақлиётӣ аз қаламрави узбекистон ва Қирғизистон вориди вилояти Суғд мешаванд, дар ивази асъор ва интиқоли маблағ ба мушкил дучор меоянд.

Ба ҷуз аз бонку ташкилоти қарздиҳӣ, нуқтаҳои ками мубодилаи асъор дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа ва он ҳам танҳо дар соатҳои корӣ ба мардум хидмат мерасонанд. Рӯзҳои шанбеву якшанбе иваз кардани пул як мушкили сангин аст ва масалан, дар Хуҷанд танҳо як нуқтаи хурди саррофӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе кор мекунаду бас.

"Дар ҳар ҷое, ки мубодилаи асъор нест, "бозори сиёҳ" аст"

Наврӯз Валиев, раиси намояндагии Бонки Миллӣ дар Суғд
Наврӯз Валиев, раиси намояндагии Бонки Миллӣ дар Суғд

Раҳбари намояндагии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, санҷишҳои ин ниҳоди молӣ маълум кардааст, ки ҷое дари бонкҳову нуқтаҳои табодули асъор баста аст, "бозори сиёҳ" ба вуҷуд меояд ва бархе саррофон ба роҳи ғайриқонунӣ даст ба мубодилаи асъори корафтодагон мезананд.

​"Бояд ҳамаи марказҳои хидматрасонии ташкилоти қарздиҳӣ на то соати 5, балки 10 -11-и шаб кор кунанд. Ба ҷуз ин, дар шаҳри Хуҷанд ва дигар марказҳои шаҳру ноҳияҳо 24 соат боз бошанд". Ӯ афзуд, зиёд ва фаъолтар кардани марказҳои хидматрасонӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъор боис мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ бидуни мушкил пулҳояшонро иваз кунанд.

"Вақте хориҷиҳо фаҳмиданд, ки саррофӣ надорем..."

Мирзо Хоҷаев, як тоҷири маҳаллӣ, рӯзи 13-уми феврал гуфт, дар гузаргоҳи Фотеҳободи Мастчоҳ шариконаш аз хориҷаро истиқбол гирифт, ки ба харидории меваи хушк омаданд. Онҳо бо худ чанд ҳазор доллари амрикоӣ доштанд ва дар чанд ноҳияи Суғд, ба ҷуз аз маркази ноҳия дигар имкони ивази асъорро надоштанд.

“Дар хатти сарҳад меҳмонон хостанд, ки барои таксиву ғизои шом каме пул иваз кунанд. Вале чун фаҳмиданд, ки нуқтаи ивази асъор нест, дар ҳайрат монданд. Боз шудани нуқтаҳои ивази асъор дар назди гузаргоҳҳо ва бозорҳои наздимарзӣ беҳтарин кор барои ҷалби тоҷирон ва сайёҳони хориҷӣ мешавад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

То поёни соли 2015 Тоҷикистон бо сиёсати нарму озодаш дар бозори асъор дар минтақа фарқ мекард. Ва як мояи ситоиши сайёҳону меҳмонони хориҷӣ аз ин кишвар ҳам имкони мубодилаи озодонаи асъор ва вуҷуди саррофиҳо дар сари ҳар қадам, чӣ дар Душанбе ва чӣ дар минтақаҳои дигари кишвар буд.

Ҷазо барои саррофии бидуни иҷоза

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Вале аз 1-уми декабри соли 2015 дар пайи фишорҳои мақомот, Бонки Миллӣ фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кард ва ҳаққи мубодилаи асъори хориҷиро ба бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ дод. Ба дунбол, бо пешниҳоди Бонки Миллӣ моҳи марти соли 2016 ба хотири танзими бозори асъори дохилӣ ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии асъор шадид шуд ва барои ин гуна аъмол ҷазои ҳабс аз 4 то 9 сол ва ҷарима аз 1270 то 1640 нишондиҳаи ҳадди ақал (як нишондиҳанда баробари 50 сомонӣ), таъин гардид.

XS
SM
MD
LG