Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнами Сурайё: Ман як духтари тоҷикам


Шабнами Сурайё дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" яке аз мӯътабартарин ҷоизаҳои ин маърака – “Millenium Art Award”-ро ба даст овард.

Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбурги Олмон “Millenium Art Award”-ро соҳиб шуд. Ин яке аз мӯътабартарин ҷоизаҳои ин ҷашнвора ба шумор меравад.

Шабнами Сурайё дар Ҳамбург ба истиқболи хеле гарми мухлисон рӯбарӯ шуд. Баробари по гузоштан ба “Қолии сурх”-и “Barclaycard” – маҳалли баргузории консерт – Шабнамро издиҳоми бузурги мухлисон иҳота карданд. Ҳамин тавр, дар вақти консерт низ пеш аз онки Шабнами Сурайё ба саҳна барояд, аҳли толор чанд дақиқа номи ӯро гирифта, “Шабнам!” Шабнам!” нидо карданд.

Шабнами Сурайё дар Ҳамбург ду тарона – “Ошиқӣ – дилзиқӣ” ва “Сояҳо”-ро иҷро кард.

Шабнам ва Фарзонаи Хуршеду Фаридуни Хуршед дар баробари Фарҳоди Дарё, Комрону Ҳумон ва Ҳайфа аз ангуштшумор ситораҳое буданд, ки ташкилдиҳандагони маросим онҳоро аз меҳмонхона то толори “Barclaycard” бо лимузин оварданд.

Шабнами Сурайё, духтари дуюми овозхони маъруфи тоҷик Сурайёи Қосим дар оғози солҳои 2000-ум пой ба саҳнаи ҳунар гузошт, вале дар як муддати кӯтоҳ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҳавзаҳои дигари форсизабони дунё шӯҳрат ёфт. Шабнам ҳоло аз зумраи он овозхонҳои Тоҷикистон аст, ки дар сатҳи Афғонистону Эрон низ дар баробари ситораҳои аввали он ҳавзаҳо матраҳ ва эътироф шудааст.

Шабнами Сурайё дар пайи дарёфти ҷоизаи "Big Apple Music Awards 2015" дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ки ҳамчун як духтари тоҷик сазовори ин ҷоиза ва дар байни тамоми форсизабонҳои дунё эътироф ва қадршиносӣ мешавад, хеле ифтихор мекунад.

Мусоҳибаи ихтисосии Шабнами Сурайё бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед:

Шабнами Сурайё: Ман як духтари тоҷикам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:51 0:00

Айни мусоҳиба дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG