Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"90% эъдомҳои ҷаҳон дар Эрон, Арабистони Саудӣ ва Покистон"


Созмони Афви байналмилал мегӯяд, ки шумораи эъдомҳо дар соли гузашта назар ба соли 2014 панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст.

Созмони афви байналмилал рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми апрел дар гузориши солонаи худ гуфт, ки шумораи эъдомҳо дар соли гузашта назар ба соли 2014 панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст ва ин шумора аз соли 1989 то ба ҳол бесобиқа будааст.

Ин созмони ҳимоятгари ҳуқуқи инсон, ки дафтари он дар Лондон мебошад, шумораи эъдомҳо дар соли гузаштаро 1634 маврид эълон кардааст. Афви байналмилал мегӯяд, шумораи эъдомҳои эълоншуда аз сӯи ин созмон, шомили эъдомҳо дар Ҷумҳурии мардумии Чин нест, зеро он кишвар эъдомҳои худро эълон намекунад.

Тибқи ин гузориш, 89 дарсади эъдомҳо дар се кишвар -- Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ анҷом шудааст. Эрон дар соли гузашта 988 нафар, Покистон 326 кас ва Арабистони Саудӣ 158 танро эъдом кардаанд. Афви байналмилал гуфтааст, шуморе аз эъдомшудагон ба ҳангоми содир кардани ҷиноят аз 18-сола хурдтар буданд ва тибқи қонунҳои байналмилалӣ, кӯдак ба шумор мераванд.

Ин гузориш мегӯяд, ки шумораи эъдомҳо дар соли 2014 1061 маврид буд ва дар соли 2015 наздик ба 54 дарсад афзоиш ёфтааст. Дабири кулли Созмони Афви Байналмилал гуфтааст, ки афзоиши шумораи эъдомҳо дар соли гузашта, амиқан нороҳаткунанда аст. Вай дар идома гуфтаааст, ки дар тайи 25 соли гузашта ба ин миқдор, дар кишварҳои ҷаҳон эъдом анҷом нашуда буд.

Ба гуфтаи раиси Созмони Афви Байналмилал, Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ ба таври бесобиқа даст ба эъдоми мардум мезананд, ки аксари ин муҳокимаҳо ба шиддат ноодилона аст ва бояд ин куштор бас карда шавад.

Ӯ бо сипос аз кишварҳое, ки муҷозоти эъдомро лағв кардаанд, гуфтааст, ки ҳоло кишварҳое каме дар дунё аз ин муҷозот истифода мекунанд. Созмони Афви Байналмилал гуфтааст, ки дар соли 2015 ҳади ақал 20 ҳазору 292 нафар мунтазири иҷрои ҳукуми эъдоми худ будаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи қонун ҳукми эъдом вуҷуд дорад, вале дар соли 2004 барои иҷрои ҳукми қатл моратория эълон шуд ва аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд ва ҳеҷ кас эъдом ҳам нашудааст. Вале истифодаи ҳабси якумра ё ҳабси абад ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG