Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нав дар Тоҷикистон киро ифротгаро мешиносад?


Мурофиаи гумонбарон ба ифротгароиву терроризм дар додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон. Моҳи октябри соли 2016

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи мубориза бо экстремизм ба иҷро даромад, ки ба гуфтаи мақомот роҳҳои нави пешгирӣ аз ифротгароиро дар назар дорад. Қонунро моҳи декабри соли 2019 вакилони порлумон қабул карда буданд, аммо ҷузъиёташ маълум набуд. Бо нашри қонун дар матуботи расмии Тоҷикистон дар оғози моҳи январи имсол тафсилоти қонун дастраси умум гардид.

Дар қонуни нав мақомот шарҳ додаанд, ки киро ҳамчун ифротгаро мешиносанд ва кадом амалҳо ҳамчун ифротгароӣ тавсиф мешавад. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ қонунро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар кишвар муҳим мешуморанд, аммо аз он нигаронанд, ки дар санад мафҳуми ифротгароӣ ба таври пурра ва фаҳмо шарҳ дода нашудааст ва метавонад мавриди суистифодаи мақомот қарор гирад.

Бино ба қонуни нав, мақомоти Тоҷикистон амалҳои зеринро ҳамчун ифротгароӣ мешиносанд:

  • Амалҳое, ки ба ноустувор кардани амнияти миллӣ ва қобилияти дифоии давлат;
  • даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ;
  • ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.

Аммо қонуни нав баъзе мафҳумҳоро на мушаххас, балки дар шакли васеъ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, дақиқ нест, кадом амалҳо ба "ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат" дохил мешаванд.

Ҳамин номуайянӣ, ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, боис мешавад, ки аз қонун суистифода сурат гирад ва бо баҳонаи мубориза бо экстремизм афроди гуногунандеш ва мунтақид низ зери зарба раванд.

Шуҳрат Қудратов
Шуҳрат Қудратов

Ба гуфтаи Қудратов, "онҳо метавонанд мафҳуми экстремизмро истифода бурда, шахсони мухолиф, созмону ҳизбҳои сиёсиеро, ки бо ақидаи пешгирифтаи ҳукумат розӣ нестанд, ба экстремизм айбдор кунанд."

Мақомот ба ин интиқодҳо посух надоданд. Муаллифони қонун мегӯянд, ҳадафи асосӣ ба талаботу чолишҳои замон мутобиқ кардани қонун ва ҳам мутобиқ кардани он ба санадҳои байналмилалии мубориза бо ифротгароӣ аст. Ҳотам Назарзода, муовини аввали Додситонии кулли Тоҷикистон охири моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми шарҳи қонун дар порлумон гуфта буд, ки санад аз сӯи як гуруҳи кории ниҳодҳои интизомӣ ва адлия таҳия шудааст.

Қонуни нави мубориза бо ифротгароӣ ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳақ додааст, ки ҳамаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро зери назорат бигирад ва дар ҳолати лозимӣ дастрасиро ба онҳо маҳдуд кунад. Ҳамчунин бори аввал қонун мақомотро муваззаф кардааст, ки ба ифротгароӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миёни муҳоҷирон мубориза баранд.

Инчунин, санад ба Додситонии кул ҳақ додааст, якҷо бо Вазорати умури хориҷӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ эътироф кардани созмонҳое, ки Тоҷикистон онҳоро экстремистӣ шинохтааст, талош варзанд.

Ҳукумат тақрибан панҷ сол боз талош дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ҳамчун созмони террористӣ ва эктремистӣ эътироф кунад. Аммо то ба ҳол посухи мусбат нагирифтааст.

Қонуни мазкур ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки ҳангоми дар Интернет ошкор намудани тарғиби экстремизм, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда шавад. Эътирофи маводе ҳамчун маводи экстремистӣ мисли қабл бар асоси хулосаи ташхиси ниҳодҳои расмӣ, аз ҷумла Маркази исломшиносӣ ва Кумитаи дин сурат мегирад.

Дар бораи таҳияи қонуни нави мубориза бо тундгароӣ президенти Тоҷикистон дар паёми соли гузаштааш ба порлумон дахл карда буд. Раисҷумҳур гуфта буд, мақомот бояд тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ифротгариро дар қонунгузорӣ пурра кунанд.


Масъалаи ифротгароӣ давоми панҷ соли ахир дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ аст, бахусус, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”. Дар дохили кишвар ҳам даҳҳо нафар бо ин ҷурм паси панҷара рафтанд. Тибқи омори расмӣ, аз соли 2015 то имрӯз наздик ба 1400 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстримизм дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд. Дар пайи афви соли гузашта ҳудуди 500 нафари онҳо озод гардиданд.

Аммо шеваи мубориза бо ифротгароӣ дар кишвар борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Ҳолгер Грин, сафири пешини Олмон дар Душанбе, соли 2016 аз шеваи муборизаи мақомоти тоҷик бо ифротгароӣ интиқод ва суол карда буд, ки "оё Тоҷикистон ба ҷуз аз зиндонӣ кардани гумонбарон дар ифротгароӣ роҳи дигаре надорад?"

Бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароиву терроризм озодиҳои динии шаҳрвандонро нақз мекунад. Кумисюни Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар гузориши соли 2019 навишт, "ҳукумати Тоҷикистон нигарониҳояшро аз ифротгароии исломӣ барои асоснок намудани амалҳои худ ба зидди шахсоне, ки дар фаъолиятҳои муайяни диниву сиёсӣ иштирок мекунанд, истифода мекунад." Мақомот ҳамвора чунин интиқодҳоро рад кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG