Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Фариза омили марги духтарашро бахшид


Фаризаи Хӯҷаназар
Фаризаи Хӯҷаназар

Хӯҷаназар Алиев, падари Фариза, зани ҷавоне, ки шаш моҳ пеш дар ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) худкушӣ карда буд, аз даъвояш даст кашид ва омили “ба худкушӣ расонидан”-и духтарашро бахшид.

  • Додситонии ноҳияи Сангвор бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани Фариза нисбат ба Зуҳро Ҷӯрабекова, хушдомани ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо зан худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи зан ва мақомот мегӯянд, зӯроварӣ дар хонавода яке аз сабабҳои аслии қасди ҷони худ кардани духтарон аст.

Ҷасади Фаризаи Хӯҷаназари 21-сола бегоҳи 11-уми феврали имсол аз оғилхонае дар манзили шавҳар овехта пайдо шуд ва рӯзи дигар бе ташхис ба хок супурданд. Вале пас аз эътирози падар, ки ба худкушии духтараш шубҳа дорад, 16-уми феврал ҷасад барои ташхис аз хок берун шуд. Падари Фариза ба худкушии духтараш бовар надошт ва давоми тақрибан панҷ моҳ ба тамоми мақомот барои адолатхоҳӣ сар зад.

"Ҳаволаашон ба Худо"

Худи Хӯҷаназар Алиев, ки мегуфт, то охир барои муҷозоти гунаҳкорони марги духтараш мубориза мебарад, ҳозир нашуд, тасмими ахири худро шарҳ диҳад. Аммо Маъруф Ҷӯраев, яке аз наздикони ӯ, рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни як мурофиаи додгоҳӣ Хӯҷаназар Алиев гуфт, хушдомани духтари марҳумашро бахшида ва дигар даъвое надорад.

“Бисёр ноумед шуд ва гуфт, ҳаволаашонро ба Худо мекунам. Чун тамоми талошҳояш натиҷа надоданд. Ӯ дар марги духтараш ду нафарро гумонбар медонист, аммо мақомот як нафарро айбдор карданд. Барои ҳамин, аз идомаи талошҳояш даст кашид”, - гуфт ӯ.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сангвор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, даст кашидани падари Фариза аз даъво ба тасмими онҳо ҳеҷ таъсир намерасонад ва додгоҳ бар асоси қонунҳои ҷорӣ ҳукми худро эълон хоҳад кард. Қарор аст, рӯзҳои наздик парвандаи марги Фаризаи Хӯҷаназар ҷамъбаст шавад.

Хушдоман - дар курсии айбдорӣ

Дар курсии айбдорӣ хушдомане нишастааст, ки ба гуноҳаш эътироф кардааст. Ҳикматулло Ҷӯрабеков, шавҳари Фариза ва писари Зуҳро Ҷӯрабекова, рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, модараш ба ҷанҷоле, ки пас аз он ҳамсараш худкушӣ кард, эътироф намудааст.

“Модарам гуфт, ки дар ҳақиқат ҳамон рӯз бо ӯ ҷанг кардааст. Дар насиби модарам агар ҳабс бошад, аз дасти мо чизе намеояд. Лекин даъвои хусурам, ки гӯиё куштор бошад, асос надорад. Гуфтаҳои ӯ дар бораи гурусна будани духтараш низ дурӯғ аст”, - афзуд ӯ. Ин зан, ба гуфтаи пайвандон, латту кӯби келинашро комилан рад кардааст.

Фаризаи Хӯҷаназар
Фаризаи Хӯҷаназар

Муҳаммад Салимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Сангвор низ дар як суҳбат гуфт, то анҷоми баррасии парванда дар ин бора тафсилот дода намешавад.

Солона дар Тоҷикистон даҳҳо ҳодисаи худкушӣ сабт мешавад, вале мавридҳои каме итттифоқ меафтад, ки барои ба худкушӣ расондан касеро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар сурати то ба додгоҳ рафтан низ гумонбарон ба ҳеҷ ваҷҳ даст доштани худ ба иттиҳоми “ба худкушӣ расондан”-ро эътироф намекунанд.

"Ба худкушии духтарам бовар надорам"

Хӯҷаназар Алиев, падари Фариза, дар суҳбати қаблӣ гуфта буд, хушдомани духтари марҳумаш ба хотири ба ҷавобгарӣ накашидани писараш ин иттиҳомро ба дӯш гирифтааст.

“Аввал инки ба худкушии духтарамон бовар надорем. Баъдан, агар худкушӣ ҳам бошад, бародари домодам ва хушдомани духтарам дар он даст доранд. Ҳозир ба хотири онки писарашро ба ҷавобгарӣ накашанд, ин зан гуноҳро ба гардан гирифтааст. Розӣ нестам, ки ба ин шакл парванда баррасӣ шавад. Ба Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кул ариза навиштаам. Ба хулосаи тафтишот ва айби эълоншуда бовар надорам”, - гуфта буд Хӯҷаназар Алиев.

Фаризаи Хӯҷаназар, сокини деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор, ду сол пеш бо Ҳикматулло Ҷӯрабеков, сокини деҳаи Миёнадуи ин ноҳия издивоҷ кардааст. Аз ӯ писари яксола нишона мондааст. Пайвандони ин зан мегӯянд, ӯ дар хонаи шавҳараш зери хушунати хушдоман ва бародари ҳамсараш қарор дошт.

Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо зан худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд ва ҳомиёни ҳуқуқи зан ва мақомот ҳам мегӯянд, зӯроварӣ дар хонавода яке аз сабабҳои аслии қасди ҷони худ кардани духтарон аст.

XS
SM
MD
LG