Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзонаи Хуршед: Мо хилофи қонуни танзим кор накардем


Акс аз саҳифаи Инстаграми Фарзонаи Хуршед гирифта шудааст
Акс аз саҳифаи Инстаграми Фарзонаи Хуршед гирифта шудааст

Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, онҳо гаҳворабандони духтарашро якҷоя бо маъракаи хатнасури се наврас баргузор карда, муқобили қонуни танзими анъана нарафтаанд.

Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, баргузории гаҳворабандони пурдабдабаи духтараш Закияро дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ва, ҳамин тавр, гӯё нақзи қонуни танзимро рад кард. Ӯ 13 ноябр дар як посухи катбӣ ба Озодӣ гуфт, "мо 3 нафарро хатнатӯй карда, дар қаторашон Закияро низ гаҳворабандон кардем. Онҷо асосан хатнатӯй буд, на гаҳворабандон."

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон расман ба санҷиши "гаҳворабандон"-и фарзанди нахустини Фарзона ва Фаридуни Хуршед шуруъ кардааст. Як манбаъ аз ин ниҳод рӯзи ҷумъа ба Озодӣ гуфт, ки ин санҷиш баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани аксу навори маросим оғоз ёфта, мақомот то чӣ ҳад дар доираи қонуни танзим ва ё берун аз он баргузор шуданашро муайян хоҳанд кард.

Манбаъ афзуд, ҳоло аввали санҷиш аст ва дар ҷараёни он Фарзонаву Фаридун низ барои "суолуҷавоб" ба Кумитаи дин даъват хоҳанд шуд: "Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тамоми аксу наворро аз Фейсбук дарёфт карда, тамоми ҳолатҳоро месанҷад. Ҳоло мушаххас мекунанд, ки ин "гаҳворабандон" дар куҷо, кай ва бо ҳузури чанд нафар ва оё мувофиқ ба қонуни танзим гузаштааст, ё не."

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аксу навор аз маросими "гаҳворабандон"-и фарзанди нахустини Фарзона ва Фаридуни Хуршед паҳн шуд. Дар ин аксҳо дида мешавад, дар ин маросим афрод ва овозхонҳои шинохта ҳузур доранд. Бо вуҷуди он ки бисёриҳо дар зери аксу навори "гаҳворабандон"-и Закия табрикоти худро гузоштаанд, аммо онҳое низ будаанд, ки аз пурдабдаба гузаштани ин маросим нигаронӣ карда ва ин суолро гузоштаанд: магар қонуни танзим ба ҳама дахл надорад?

Ин акс аз саҳифаи Шоираи Раҳимҷон аст, ки мегӯяд, маърака фақат аз "гаҳворабандон" иборат набуд
Ин акс аз саҳифаи Шоираи Раҳимҷон аст, ки мегӯяд, маърака фақат аз "гаҳворабандон" иборат набуд

Шоираи Раҳимҷон, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, ки аз ин маросим дар саҳифаи Фейсбукаш чанд акс гузоштааст, низ дар зери ин шарҳҳо навишта, ки "он ҷо тӯйи хатнасур буд ва дар ҷараён якҷоя ин маҳфил."

Мусоҳиби мо аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ низ мегӯяд, агар он маҳфил танҳо маъракаи гаҳворабандон бошад, эҳтимоли ҷарима шудани волидони Закия баъид нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, бар асоси моддаи 9-и қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳои миллӣ "маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд.”

Аммо манбаъ гуфт, қарори ниҳоиро дар ин бора Раёсати танзими Кумитаи дин бароварда ва баъдан барои баррасӣ ба додгоҳ пешниҳод хоҳад кард, ки то он замон ҳанӯз фурсат ҳаст.

Закия – фарзанди нахустини Фарзона ва Фаридуни хуршед тобистони соли ҷорӣ дар таваллудхонаи рақами аввали шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хабари издивоҷи Фарзона ва Фаридун низ маҳз ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз таваллуди духтарашон расонаӣ шуд. Онҳо гуфтанд, ки издивоҷашон хеле пештар сурат гирифта ва аммо бидуни сарусадои зиёд сурат гирифтааст.

Фарзонаи Хуршед духтари овозхони шинохта Сурайёи Қосим ва хоҳари Шабнами Сурайёст, ки аз аввали солҳои 2000-ум рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад. Аммо Фаридуни Хуршед соли 2011 ба рӯи саҳна омад ва худро бо таронаи “Эмануэла” муаррифӣ кард. Ӯ соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” буда, ҳамин сол барандаи ҷоизаи Big Apple Music Awards шуд.

Аммо ин барои бори аввал нест, ки хонаводаи Фарзонаи Хуршед барои риоя накардани қонуни танзим сари забонҳо меоянд. Соли 2013 масъулини Комиссияи танзими расму оин дар суҳбат бо баъзе аз хабаргузориҳо гуфта буданд, ки Сурайё Қосимова – модари Фарзона ҳангоми таҷлил аз 55-солагияш қонун дар бораи танзими расму оинро нақз кардааст. Вале баъдан Қосимова эълон дошт, ки ҷашни 55-солагияш дар яке аз тарабхонаҳои хурди шаҳри Душанбе баргузор шуда ва як ҷашни хонаводагӣ будааст ва ӯ қонуни танзими расму оинро вайрон накардааст.

Қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуд ва мақомот гуфтанд, ҳадаф аз он ба низом даровардан бисёре аз маъракаҳои сокинон аст, ки ба қавли онҳо солҳои охир ба сабқат табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG