Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Шаҳбол Мирзоев: Аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят мекунем


Падар ва вакили дифои сарбози дар артиш маъюбшудаи тоҷик аз ҳукми коллегияи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон шадидан норозӣ буда, ният доранд, ки аз болои ин ҳукм шикоят баранд.

Падар ва вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, сарбози дар артиш маъюбшудаи тоҷик аз ҳукми коллегияи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон шадидан норозӣ буда, ният доранд, ки аз болои ин ҳукм шикоят баранд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ вакили дифоъ Дилшод Ҷӯраев ва падари сарбоз -- Нӯъмон Мирзоев гуфтанд, ки ҳукми ахири Додгоҳи олиро ноодилона арзёбӣ мекунанд.

Бар тибқи иттилои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, бо қарори имрӯзаи худ коллегияи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори додгоҳи низомии шаҳри Душанберо дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20000 сомонӣ ҷуброни маънавӣ барои сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоевро бекор кард. Қарори додгоҳ

Нӯъмон Мирзоев
Нӯъмон Мирзоев

рӯзи 6 август содир шуд ва додгоҳ шикоят намояндаи додситони низомии горнизони Душанберо ба инобат гирифта, ҳукми додгоҳи низомии пойтахтро аз рӯзи 25 май бекор кард.

Дар қарори додгоҳ он вақт талаби Мирзоевҳо қисман қонеъ карда шуда, бар ивази 180 ҳазор сомони маблағ додгоҳ гуфт, ки ба унвони ҷуброи моливу маънавӣ ба Шаҳбол Мирзоев 97265 сомонӣ ва 20000 сомонӣ пардохт шавад. дар курсии айбдоршаванда дар додгоҳ Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дошт. Ҳоло баррасии ин парвандаро баъди бекор шудани ҳукми додгоҳи пойтахт, додгоҳи олӣ боз ҳам барои бозбинӣ парвандаро ба додгоҳи низомии гарнизони пойтахт фиристод. Ин парванда бояд аз нав муҳокима шавад.

Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латукӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад. Барои латукӯби Шаҳбол Мирзоев, додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани ойиномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори иҷборӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм афв шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Созмони дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ таъкид мекунад, ки ҳоло Шаҳбол Мирзоев барои идомаи табобаташ ба маблағи зиёд ниёз дорад ва давраи нави муолиҷа дар бемористони "Физлечебница"-и шаҳри Хуҷанд ҷараён хоҳад гирифт. Илова ба ин, Шаҳбол бояд амалиёти ҷарроҳии санги гурдаро сипарӣ кунад, ки барои ин ҳам маблағ лозим аст. Созмони мазкур дар муроҷиат ба хайрхоҳон ва саховатмандон сурат-ҳисоби бонкиро нашр кардааст, ки хоҳишмандони кӯмак метавонанд ба ин ҳисобҳо ба номи Шаҳбол Мирзоев кӯмакпулӣ интиқол диҳанд:

Tajik Somoni

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”

Счет получателя: 20216972190000000022 Назначения платежа: 20218840224110291870

Russian Rubles

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”

Счет получателя: 24606810290000000030 Назначения платёжа: 20218840224110291870

US Dollars

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”

Счет получателя: 20218840590000000040 Назначения платёжа: 20218840224110291870

Euro ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”

Счет получателя: 24606978790000000029 Назначения платёжа: 20218840224110291870

Инчунин хоҳишмандон метавонанд бо Дилрабо Самадова (дар Душанбе) +992 92 720 80 83 ва ё Санавбар Урунова (дар Хуҷанд) +992 92 904 07 06 дар тамос шаванд.

XS
SM
MD
LG