Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Сулаймонова: "Бозори моро лӯхтакҳои чинӣ танг кардааст"


Мушкили бефарзандӣ Фирӯза Сулаймонова, сокини 35-солаи шаҳри Душанберо ба театри "Лӯхтак" оварду лӯхтаксоз кард.

Маҳз ҳамин лӯхтакҳои безабон буданд, ки ин зани дар орзуи фарзанд, худро дар нақши модар тасаввур кунад. Ба гуфтаи хонум Фирӯза, меҳри ӯ ба ин лӯхтакҳо боис шуд, ки пас аз 12 сол билохира бахт ба рӯяш хандид ва ранҷу азоби бефарзандӣ поён ёбад ва ӯ соҳиби 3 фарзанд шуд.

Дар як гуфтугӯ бо хонум Фирӯза, ки ҳоло дар театри "Лӯхтак"-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад, нахуст аз ӯ дар бораи шавқу шӯраш ба лӯхтаксозӣ ва театри арӯсак пурсидем.

Фирӯза Сулаймонова: Ман 15 сол собиқаи корӣ дар Кумитаи телевизион ва радиоро дорам. Вақте 12 сол бефарзанд будаму ранҷ мекашидам, кор гирифтам аз лухтаксозӣ. Ҳамин сабаб шуд, ки ман ба театри "Лӯхтак" ба кор биёям. Инҷо ба ҳайси лӯхтаксоз фаъолият мекардам, меҳри зиёд ба фарзанд ва лӯхтаксозӣ боис шуд, ки ман соҳиби фарзанд шавам. Шукронаи Худованд, ман имрӯз як писару ду духтарча дорам.

Озодӣ: Сохтани лӯхтакҳо, ки шабеҳ ба симои ҳақиқии инсонҳост, бароятон душвор нест?
Фирӯза Сулаймонова
Фирӯза Сулаймонова
Фирӯза Сулаймонова: Вақте ман барои сохтани лӯхтак шавқу рағбати бештар дорам, аз ин рӯ ин кор бароям мушкилӣ надорад. Шояд дар рӯзҳои аввал каме мушкилиҳо буданд. Вале инсон, ки як корро пеш мегирад, новобаста ба мушкилии он, бояд то охир расонад, баъд он вақт дарк хоҳад кард, ки муваффақ шуд ё не. Ҳоло бошад дар як рӯз ду лӯхтакро бо тамоми либосҳояш сохта метавонам. Ман ғайр аз лӯхтаксозӣ боз гулдӯзиву дигар корҳоро мекунам.

Озодӣ: Лӯхтакҳои шумо аз чӣ сохта мешаванд ва бештар кӣ ё чӣ ба шумо идея мешавад, ки лӯхтак месозед?

Фирӯза Сулаймонова: Ман лӯхтакҳоро ҳам аз чӯб месозаму ҳам аз коғаз. Барои сохтани лӯхтак аз чӯб, усто ба ман кӯмак мекунад. Зеро дар сохтани лӯхтакҳои чӯбӣ, ҳатман чӯби тарошидашуда лозим аст. Ростӣ, ман ягон сирри пинҳонӣ надорам. Барои мисол, вақте ман дар коргоҳ мешинам ва ягон нафар аз дар ворид мешавад, ман метавонам бе ягон мушкил лӯхтаке созам, ки мисли ҳамон нафар бошад. Ҳатто худамро дар оина дида, симои лӯхтакеро сохтам, ки ба худам сахт монанд аст. Аксари лӯхтакҳои сохтаи ман онҳое ҳастанд, ки бо ман кор мекунанд. Барои рангубори лӯхтакҳо ба ман усто Бобоҷон Сатторов кӯмак мекунанд.


Озодӣ: Кадоме аз фарзандони шумо ба лӯхтаксозӣ майл доранд?

Фирӯза Сулаймонова: Ҳардуи духтарчаҳоям, бо вуҷуди он ки хурд ҳастанд, ба лӯхтаксозӣ таваҷҷӯҳ доранд. Чун ман аксари либосҳои лӯхтакҳоро дар хона бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзам, онҳо ҳам як сӯзану риштаро гирифта ба дӯхтани либосҳо сар мекунанд, ҳарчанд наметавонанд.

Озодӣ: Оё дар рафҳои мағозаву бозорҳо ҳам лӯхтакҳои сохтаи шуморо дастрас кардан мумкин аст ва чӣ қадар арзиш доранд?
Фирӯза Сулаймонова: Ман ҳоло лӯхтакҳои месохтаамро махсус ба фурӯш нагузоштам, чунки аксаран лӯхтакҳои сохтаи ман дар ҷашнвораҳо ба номоиш монда мешавад, ки аксари харидоронаш меҳмонҳое ҳастанд, ки ба Тоҷикистон меоянд. Арзиши лӯхтакҳои сохтаи ман аз 10 то 65 сомонӣ нарх дорад. Дар лӯхтакҳои сохтаи ман бештар расму оинҳои тоҷикон таҷассум ёфтааст, барои мисол, сару либос ва мӯйҳои майдабоф, ки хоси мардуми тоҷик аст. Аз ин хотир, бештар меҳмононе, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз он харидорӣ мекунанд. Яъне бо ин роҳ мо метавонем, фарҳанги худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.

Озодӣ: Лӯхтаксозӣ аз ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик аст, ки тӯли даҳсолаҳои ахир шумори ҳунармандони ин бахш коҳиш меёбанд. Чаро?

Фирӯза Сулаймонова: Ба фикри ман ин аз он хотир аст, ки ҳоло фановариҳои муосир рушд кардааст. Баъдан бозори моро лӯхтакҳои чинӣ пур кардааст ва сокинон шояд мегӯянд, ки ниёз ба лӯхтакҳои дастисохт намондааст.
XS
SM
MD
LG