Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 маҳбуси Гуантанаморо ба Қазоқистон фиристоданд


Зиндони Гуантанамо
Зиндони Гуантанамо

Амрико 5 маҳбуси зиндони низомии Гуантанаморо озод карда, барои будубоши баъдӣ ба Қазоқистон фиристодааст. Сеи онҳо аз Яман ва дуи дигар аз Тунис буда, беш аз 10 сол дар Гуантанамо дар боздошт қарор доштанд.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико 3 марди яманӣ ва ду тунисиро, ки ҳанӯз беш аз 10 сол қабл дар Покистон бо гумони иртибот бо шабакаи террористии Ал-Қоида дастгир шуда буданд, аз зиндони Гуантанамо озод карда, ба Қазоқистон фиристодааст.

Пентагон – вазорати дифои Амрико - дар изҳороташ аз 30 декабр гуфт, ин 5 нафар “пурра сафед шуда” ва баъди бозрасии парвандаҳояшон аз сӯи чандин ниҳоди давлатии Амрико ба Қазоқистон интиқол дода мешаванд.

Ин 5 нафар аз ҷумлаи он даҳҳо маҳбуси боздоштгоҳи амниятии Гуантанамо дар Кубаанд, ки иттиҳомоти алйҳашон эълоншуда лағв шудааст, вале Амрико аз фиристодани онҳо ба кишварҳои зодгоҳашон ба далелҳои амниятӣ то ҳол истиҳола мекард.

Мақомоти Қазоқистон тасдиқ карданд, ки ин 5 маҳбуси Гуантанамо, ки дар ин кишвар паноҳандагӣ меҷӯянд, рӯзи 31 декабр ба Қазоқистон расиданд. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, ба онҳо мақоми паноҳҷӯ додаанд. Ба гуфтаи ин вазорат, мақомоти Амрико “ба маҳзи набуди далоили кофӣ” ин се яманӣ ва ду тунисиро озод кардаанд. Остона мегӯяд, ки маҳбусони собиқи Гуантанаморо “бар асоси муроҷиатҳои шахсӣ ва ҳам муроҷитати идораи Кумиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, ҳамчунин бар асоси ӯҳдадгориҳои байналмилалиаш, аз ҷумла дар чорчӯби Паймони соли 1951 дар бораи паноҳандагон ва ба далели мулоҳизоти башардӯстона пазируфтааст.”

Вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт, ин 5 нафарро ҳанӯз расман паноҳанда эътироф накардаанд ва парвандаҳои ҳар яки онҳо аз сӯи вазорати дохила бар асоси қонун баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин вазорат, хароҷоти будубоши ин 5 маҳбуси собиқи Гуантанаморо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бар дӯш гирифтаанд.

Дар моҳи ноябр 5 маҳбуси дигари собиқи Гуантанаморо ба Гурҷистону Словакия фиристоданд. Ба онҳо дар ин кишварҳо ҳаққи иқомат додаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки зиндони Гуантанаморо то соли 2016 мебандад.

Умар Абдуллоев (Муҳаммадӣ Давлатов)
Умар Абдуллоев (Муҳаммадӣ Давлатов)

Бо раҳоии ин 5 нафар дар Гуантанамо 127 маҳбуси дигар боқӣ мемонанд. Яке аз онҳо Умар Абдуллоев (Муҳаммадӣ Давлатов)-и 36-сола – охирин маҳбуси тоҷики ин зиндон аст, ки ҳанӯз дар поёни соли 2001 дар Покистон дастгир шудаву дар соли 2002 ба Гуантанамо оварда шуд. Умар Абдуллоев дар пайи нооромиҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо зиндагӣ мекард ва баъди шурӯъи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 ба Покистон рафтааст.

Дар маҷмӯъ 12 шаҳрванди Тоҷикистон дар Гуантанамо нигаҳ дошта мешуд ва қисми зиёди онҳоро алакай ба Тоҷикистон баргардонданд. Вале Умар Абдуллоев дар соли 2009 гуфт, ки намехоҳад ба Тоҷикистон баргардард, чунки мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа карда ва ба зиндон андозанд. Вакили мудофеи ӯ Майкл О‘Ҳара қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Умар Абдуллоев муштоқи озодӣ аст, вале он қадар аз бозгашт ба Тоҷикистон метарсад, ки “мондан дар Гуантанаморо беҳтар медонад.”

Баъзе аз он бандиёни тоҷики Гуантанамо, ки ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд, бо гуноҳи узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ба зиндон андохта шудаанд. Ба гуфтаи Умар Абдуллоев, ду маъмури амниятии Тоҷикистон дар Гуанатанамо бо у мулоқот карда ва пешниҳод кардаанд, ки барои онҳо ба ҳайси ҷосус дар дохили гурӯҳҳои ҷиҳодӣ кор кунад, дар акси ҳол зиндонӣ ва ё нобуд карда мешавад.

Баъди нашри акси Умар Абдуллоев дар сомонаи Озодӣ зане бо номи Шамъигул Нуруллоева аз ноҳияи Панҷ гуфт, дар ин акс писарашро шинохтааст, вале номи ӯ на Умар Абдуллоев, балки дар асл Муҳаммадӣ Давлатов аст. Аммо манобеи дигар ин охирин маҳбуси тоҷики Гуантанаморо аз зодаҳои маҳаллаи Авул дар ғарби Душанбе мегӯянд.

XS
SM
MD
LG