Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини "Фононбонк" аз боздошт раҳо шуд


Самихон Қурбонов, раиси пешини “Фононбонк” ва аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини аввали раиси ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломӣ, ки ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда буд, раҳо шудааст.

Самихон Қурбонов, раиси пешини “Фононбонк” ва аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини аввали раиси ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда буд, аз боздоштгоҳ озод шудааст.

Яке аз наздикони Самихон Қурбонов рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи дуввуми рӯзи сешанбе ӯ пас аз бозпурсии чандрӯза озод шуд. Ин манбаъ гуфт, шоми рӯзи гузашта онҳо ба манзили зисти Самихон Қурбонов ба аёдаташ рафтанд ва бо ӯ ҳамсӯҳбат шудаанд.

Ин манбаъ афзуд, вазъи саломатии Самихон Қурбонов хуб аст ва гуфтааст, ки тайи ин чанд рӯзе, ки дар боздошт ба сар мебурд, мақомот доир ба масоили марбут ба фаъолияти "Фононбонк" пурсидаанд ва ӯ низ ба суолҳои онҳо посух додааст.

Вале хабари озод шудани раиси "Фононбонк"-ро мақомоти интизомӣ ба таври расмӣ тасдиқ накардаанд.

Ҳамроҳи раиси пешини "Фононбонк" кормандони дигар, ки ҳам барои пурсиш даъват карда шуда буданд, ба ҷузъ кассир ё хазонадори бонк, раҳо шуданд. Хазинадори "Фононбонк" ҳамакнун дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад ва дар назар аст баъди пурсиши муфаттишон, раҳо шавад.

Дар ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон аз боздошти раиси "Фононбонк" ва кормандони дигари он хабар дода буданд. Манобеъи Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Самихон Қурбонов на дар ҷиноёти молиявӣ, балки дар робита бо гурӯҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва "ширкат дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби ҳамакнун мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон" гумонбар мешавад.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ва аз наздикони Самихон Қурбонов дар қатори 23 узви раҳбарият ва фаъолони ҲНИТ аз моҳи сентбяр ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Рӯзи 5 октябр Бонки Миллии Тоҷикистон "ба хотири беҳсозии вазъи молиявии" “Фононбонк” дар ин бонки тиҷоратӣ барои се моҳ раҳбарияти муваққатро таъин намуд.

“Фононбонк” моҳи майи соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном ва 4 январи соли 2008 соҳиби муҷаввизи Бонки Миллӣ барои анҷоми амалиёти молиявӣ шуд. Дафтари марказии “Фононбонк” дар Душанбе буда, он дар сартосари кишвар 14 намояндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG