Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Узбекистонро маъюс кард, Афғонистону Туркманистон бо "сулҳ" аз майдон рафтанд


Дар даври аввали мусобиқот ду бозӣ доир гардид. Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе нахуст дастаҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистон ва Туркманистон рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Дар бозии дигари даври аввал дар ин варзишгоҳ мунтахаби Эрон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат доранд.

Дар доираи ин мусобиқот боз ҳашт бозӣ доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқот за рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик аввалин бозиро имрӯз, 10-уми август, муқобили дастаи Туркманистон доир менамоянд. Баъдан 12-уми август бо дастаи Афғонистон, 13-уми август бо мунтахаби Узбекистон ва 15-уми август бо тими Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Пеш аз бозии Тоҷикистон ва Туркманистон имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Узбекистон вориди рақобат мешаванд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 18 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохил шудааст:

дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Шаҳром Назаров, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»);

нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Регар-ТадАЗ»), Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров (ҳарду аз «Локомотив-Помир»).

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

Афғонистон – Туркманистон – 2:2

Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Муродов, 89 (2:2).

Огоҳӣ: Абдул Мусаввир Аттаӣ, Аҳмад Рабӣ Навшод (Афғонистон), Раҳмон Муратбердиев, Убраум Абдуллоев, Равшанмурат Илёсов (Туркманистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Сулаймон Довуд (Афғонистон), 83.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Умед Ҷамолӣ (Эрон).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

Огоҳӣ: Саидазамат Мирсаидов, Тоҳир Рафаэлов (Узбекистон), Муҳаммадризо Асғарӣ, Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ (Эрон).

Сардовар: Ҳалим Ака Шерзод (Афғонистон).

Нозири доварон: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣ: Михаил Толкачёв (Қирғизистон).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

2-0

3

2

Афғонистон

1

0

1

0

2-2

1

3

Туркманистон

1

0

1

0

2-2

1

4

Тоҷикистон

0

0

0

0

0-0

0

5

Узбекистон

1

0

0

1

0-2

0

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

17:00 – Афғонистон – Узбекистон

20:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG