Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми АФК: “Хайр” умедвори пирӯзист


Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи "Хайр"
Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи "Хайр"

Дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои футболи «Хайр»-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra»-и Бангладеш баргузор шуд.

Рӯзи 9-уми феврал дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra» аз шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш пеш аз бозии ҳарду дар даври дуюми интихобии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё барпо гардид. Ёдовар мешавем, бозии байни дастаҳои “Хайр” ва “Sheikh Russel Krira Chakra” рӯзи 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.

Дар ин нишаст нахуст Драган Дуканович, сармураббии дастаи "Sheikh Russel Krira Chakra", иброз дошт, "Хайр" ба ҳайси мизбон барои пирӯзӣ бартарии комил дорад.

Вай афзуд, "мо ба Душанбе дар муддати 22 соат расидем ва хеле хаста шудем. Ба ҷуз ин ба Душанбе ҳафт бозигари ҳайати асосии мо, ки ба бозии рафиқона бо Малайзия омодагӣ мебинанд, наомадаанд. Мо аз майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе, ки чаманаш сунъист, дидан кардем. Вале мо дар чунин майдон ҳеҷ вақт бозӣ накардаем. Дар Бангладеш майдонҳо бо алафи сунъӣ мавҷуд нестанд. Инчунин, ман системи футболи шӯравиро хеле хуб медонам. Дар кишварҳои собиқи шӯравӣ нисбат ба бисёр кишварҳои Осиё футбол хубтар ба роҳ монда шудааст. Дар Бангладеш чунин системи омодагӣ вуҷуд надорад. Бар замми ин, “Хайр”, ки дар майдони худ бозӣ мекунад, дар қувваозмоӣ барои ғолибият имкони хуб дорад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дастаи мо баҳри ғалаба 90 дақиқа мубориза хоҳад бурд".

Сипас Ризо-ул-Ризо, капитани "Sheikh Russel", зикр намуд, барои бозигарони бангладешӣ ҳавои Душанбе хеле сард аст. Онҳо чунин ҳаворо ҳеҷ гоҳ надидаанд. Дар "Sheikh Russel" легионерҳо – бозигарон аз Босния, Ямайка ва Нигерия ҳастанд, ки ба даста барои бо “Хайр” мубориза бурдан кумак хоҳанд кард.

Вале ба гуфтаи Тоҳир Мӯъминов, сармураббии "Хайр", ҳарду даста пеш аз бозӣ дар шароити якхела қарор доранд. Ӯ афзуд, "майдони сунъӣ ҳеҷ гуна нақш бозӣ намекунад, касе ки зӯртар аст, бояд ғалаба кунад. Ман дар вақташ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳо дар варзишгоҳҳои кишварҳои гуногун бозӣ кардаам. Мавридҳое буд, ки мо дар майдонҳои шароиташон ниҳоят бад бозӣ кардаем, вале ҳеҷ гоҳ шикоят накардаем".

Ба гуфтаи Тоҳир Мӯъминов “Хайр” фардо ба майдон танҳо бо мақсади пирӯзӣ пой мениҳад. "Барои ин мо тамоми шароитро дорем– майдони хуб, бозигарон, дастгирии мухлисони содиқ. Қабл аз пешниҳоди дархост ба Конфедератсияи футболи Осиё мо якчанд легионерро даъват кардем, ки дар байни онҳо Айдох Наполеон, футболбоз аз Гана, ҳам буд. Вале онҳо рад карданд ва ба мо лозим омад, ки ба онҳо ҷойгузин ёбем," - гуфт Тоҳир Мӯъминов.

Инчунин дар ин нишаст Мирзобек Мирзоев, капитани «Хайр», иброз дошт, ки дастааш кӯшиш мекунад бозии хуб нишон диҳад ва дар ин бозӣ ҳатман ғолиб шавад.

XS
SM
MD
LG