Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Молдив бозии дӯстона мекунад


Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи МолдивуТоҷикистон рӯзи 26-уми март баргузор хоҳад шуд.

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ рӯзи 26-уми март дар Молдив барпо мегардад. Дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мунтахаби Молдив дар зинаи 131-ум ва мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 136-ум қарор доранд.

Бояд гуфт, қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар бозиҳои расмӣ бо ҳам ду бор рӯбарӯ шудаанд. Бори аввал ҳарду дар Бозиҳои осиёии соли 1998 дар Тайланд рақобат кардаанд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар шаҳри Супхамбурии Тайланд доир шуд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 3-0 пирӯз гардиданд. Голҳоро Тоҳир Муъминов, Зокир Бердиқулов ва Дмитрий Салтсман заданд.

Бозии дувуми тимҳои милии Тоҷикистону Молдив дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё – 2012, ки 25-уми марти соли 2011 дар Малӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Натоиҷи бозиҳои тимҳои миллии Тоҷикистону Молдив

Бозиҳои осиёӣ-1998. Гурӯҳи «D»

Тоҷикистон – Молдив – 3:0

Голҳо: Тоҳир Муъминов, 21 (1:0). Зокир Бердиқулов, 65 (2:0). Дмитрий Салтсман, 75 (3:0).

1-уми декабри соли 1998. Супхамбурӣ, Тайланд.

Ҷоми даъвати AFC-2012. Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «С»

Молдив – Тоҷикистон – 0:0

Молдив: Имрон Муҳаммад (Муҳаммад Файсал, 87), Умар Муҳаммад, Иброҳим Фозил (Муҳаммад Сифан, 72), Ориф Муҳаммад, Алӣ Ашфақ, Алӣ Ашҳад, Асад Абдулғанӣ, Аҳмад Саид, Исмоил Муҳаммад (Қосим Шамвел, 64), Акрам Абдулғанӣ, Мухтор Носир.

Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Давронҷон Эргашев, Фурӯғ Қодиров, Акмал Сабуров, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Давронҷон Тухтасунов (Фарҳод Тоҳиров, 84), Асадулло Нуруллоев (Дилшод Восиев, 59), Соҳиб Саванқулов, Низом Раҳимов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 67), Нуриддин Давронов.

Огоҳонида шуданд:Ориф Муҳаммад, Алӣ Ашфақ (Молдив), Соҳиб Саванқулов, Давронҷон Тухтасунов (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Абдулло Ҳасан (ИМА).

25-уми марти соли 2011. Малӣ, Молдив. 9000 тамошобин.

XS
SM
MD
LG