Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2022. Рақобати Тоҷикистон бо Ҷопон бо чӣ меанҷомад? ВИДЕО


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунад. Бозии даври чаҳорум дар гурӯҳи F рӯзи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Дар як нишасти хабарӣ, ки 14-уми октябр дар Душанбе доир шуд, зиёда аз сад журналист ҷамъ омада буданд.

Хадзимэ Мориясу, сармураббии мунтахаби Ҷопон, ба Душанбе 23 бозигар овардааст. Танҳо чаҳор нафари онҳо аз бошгоҳҳои футболи Ҷопон ҳастанд, 19 нафари дигар дар Аврупо бозӣ мекунанд. Мориясу гуфт, ба Душанбе танҳо бо як ҳадаф - пирӯз шудан омадаанд.

"Мо сабти ду бозии дастаи Тоҷикистонро тамошо кардем. Рақибамон аз лиҳози ҷисмӣ ва тактикӣ қавӣ аст. Бозигарони мо баъди бозӣ бо мунтахаби Муғулистон ба худ омадаанд ва ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон омодаанд",-иброз дошт Хадзимэ Мориясу.

Мунтахаби Ҷопон, ки дар ду бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст, шаш имтиёз дорад. Мунтахаби Тоҷикистон низ, ки дар ду бозӣ ба дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст, шаш имтиёз гирифтааст. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар гурӯҳи F Ҷопон дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дувум қарор дорад.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Футбол. Рақобати Тоҷикистон бо Ҷопон бо чӣ меанҷомад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, дастааш ба бозӣ омода аст. "Мо медонем, ки бо кӣ бозӣ мекунем. Мунтахаби Ҷопон дастаи хуб аст, серунвон ва таҷрибаи бузург дорад. Табиист, ки ба бозӣ омодагӣ дидем, тасаввур мекунем, ки ин бозӣ чӣ гуна ҷараён мегирад. Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем, мухлисонро шод намоем ва худамон ҳам хушҳол шавем. Фикр мекунам, ки ҳар як мураббӣ, ҳар як даста барои ғолиб шудан ба майдон мебарояд ва мо низ мехоҳем, се имтиёз ба даст орем", -- гуфт Усмон Тошев.

Феълан Ҷопон дар раддабандии ФИФА дар зинаи 31-ум ва Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 115-ум қарор доранд. Ба назари коршиносон, Ҷопон барои ғолибият дар гурӯҳи F довталаби аслӣ ба шумор меравад ва дар роҳ ёфтани ин дастаи пурқувват ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 шаку тардиде вуҷуд надорад. Чаҳор дастаи боқимонда - Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар талош хоҳанд кард, ки дар байни чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум дохил шаванд ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи севум гарданд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат мекунад. Марҳилаи интихобӣ 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи F:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

2

2

0

0

8-0

6

2

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

3

Қирғизистон

2

1

0

1

7-1

3

4

Муғулистон

3

1

0

2

1-7

3

5

Мянмар

3

0

0

3

0-10

0

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи F

Даври 4-ум

15-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:15

Тоҷикистон Ҷопон

Сардовар: Муҳаммад Зайд Тҳамер (Ироқ).

Ёварони сардовар: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду аз Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Муғулистон Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG