Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани имомхатиби пешин барои пайравӣ аз "Ихвон-ул-муслимин"


Додгоҳи Хуҷанд собиқ муовини имом-хатиби як масҷиди ин шаҳрро бо иттиҳоми шомил шудан дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", барои 5 сол маҳкум ба зиндон кард. Ӯ ҷазои додгоҳро сангин номида ва гуфтааст, ки бозбинии парвандаашро талаб хоҳад кард.

Фаъолияти гурӯҳи "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо, манъ гардид.

Шукруллохон Аҳроров, собиқ муовини имом-хатиби масҷиди "Ихлос"-и шаҳри Хуҷандро додгоҳ ба он айбдор донист, ки соли 2015 гоҳе ба намозгузорони ин масҷид тибқи ақидаҳои пешвоёни созмони "Ихвон-ул-муслимин" мавъизаҳо мекард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз манзили зисти ӯ теъдоде аз адабиёт мансуб ба ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъро дарёфт ва мусодира кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки ин адабиётро замони таҳсилаш дар шаҳри Қоҳираи Миср харида ва ба Тоҷикистон овардааст.

Аҳроров чӣ гуна шомили "Ихвон-ул-муслимин" шуд?

Некрӯз Маъмурзода, додраси додгоҳи Хуҷанд ва масъули бозбинии парвандаи Шукруллохон Аҳроров гуфт, ки ӯ соли 2003 ба шаҳри Қоҳираи Миср рафт ва то соли 2010 дар факултаи улуми исломии Донишгоҳи Ал-Аҳзар таҳсил кард. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар он ҷо бо як шаҳрванди қирғиз бо номи Абдураҳмон ошно ва бо пешниҳоди ӯ ба созмони "Ихвон-ул-муслимин" шомил шудааст. Аҳроров бо пешниҳоди ин шаҳрванди қирғиз, ки мақомоти тафтишот шахсияташро номаълум меноманд, ақидаҳои "Ихвон-ул-муслимин" аз рӯи адабиёти пешвоёни ин созмон омӯхтааст.

Додгоҳи Хуҷанд Шукруллохон Аҳроровро бар пояи моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне -- иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки додгоҳ фаъолияти онҳоро манъ кардааст, гунаҳкор шинохт. Фаъолияти созмони "Ихвон-ул-муслимин" бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз соли 2006 дар қаламрави кишвар манъ аст.

Бино ба иттилои додгоҳ, Шукруллохон Аҳроров 39-сола соҳиби оилаву чаҳор фарзанд мебошад. Ӯ аввал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба таҳсил пардохт, вале онро поён набурд ва озими шаҳри Қоҳираи Миср шуд. Аҳроров соли 2010 баъди бозгашт аз Мисри Араб ба бахши ғоибонаи факултаи улуми исломии Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дохил шуда, замони боздошташ муҳассили соли охир буд. Ӯ ҳамзамон дар бозори шаҳри Бӯстон (пештара Чкаловск) машғули соҳибкорӣ будааст.

Шукруллохон Аҳроровро моҳи декабри соли 2017 мақомоти амниятии вилояти Суғд дастгир карданд. Ба қавли додгоҳ, охири соли гузашта дар масҷиди "Ихлос" имоми нав таъин мешавад ва Аҳроров бо дархости ӯ китобҳояшро аз масҷид ба манзилаш мебарад. Вале писари ӯ як китобро ба масҷид бармегардонад, ки моли падараш нест, вале аз ин ходимони масҷидро огоҳ намекунад. Ходимони масҷид аз пайдо шудани китоби нав ба мақомот хабар медиҳанд ва ин риштаи ҷустуҷӯ то хонаи пешина муовини имом хатиб - Шукруллохон Аҳроров мебарад.

Бахши суғдии маркази ташхиси додгоҳиву криминалистӣ дар 8 китоби дар манзили Аҳрорв дарёфт ва мусодирагардида "аломатҳои даъват ба фаъолияти экстремистӣ"-ро ошкор кардааст. Шукруллохон Аҳроров аз хидмати вакили дифои таъинотӣ даст кашидааст.

Аҳроров мегӯяд, ки аз ҳукми додгоҳ норозӣ аст

Яке аз наздикони ӯ ба шарти набурдани номаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Аҳроров умедвор буд додгоҳ солҳои пеш сурат гирифтани аъмоли ӯро ба назар гирифта, ҷазои сабуктар медиҳад. Вале додгоҳ бо вуҷуди сидқан пушаймониву қисман бар дӯш гирифтани иттиҳом ба ӯ ҷазои сахт таъин кард. Вале додгоҳ мегӯяд, бо сабабҳои сабуккунанда ба Аҳроров тибқи иттиҳомаш ҷазои сабук таъин кард.

Вуҷуди пайравони созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистонро мақомот ду сол пеш эълон карданд. Дар ду соли гузашта ҳудуди 20 имомхатиб дар вилояти Суғд, ки дар хориҷ таҳсил карданд, ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъ, аз ҷумла “Ихвон-ул-муслимин” ба зиндон маҳкум шуданд.

Боздошти имомхатибон барои пайравӣ аз "Ихвон-ул-муслимин"

Аз ҷумла, тобистони соли гузаштаи 2017 бо ҳукми додгоҳ Мақсуд Урунов – имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом, муовини вай - Аббос Абдураҳмонов ва хатиби ин масҷид - Ҳусейн Тӯхтаев, Абдуҷамил Юсуфӣ – имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ғафуров, Сулаймон Болтуев – имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов -- имом-хатиби собиқи масҷиди “Тақво”–и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев – имом-хатиби масҷиди ҷамоти Навгилеми ноҳияи Исфара ба мӯҳлатҳои аз 3 то 3 солу 4 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Мақомот гуфтанд, ки ин рӯҳониён дар хориҷа таҳсили динӣ гирифта, ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, додгоҳ ҳукм кард, ки шаш нафари онҳо хатмкардаи Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ буда, дар охирҳои солҳои 1990 вориди ҳаракати динии "Ихвон-ул-муслимин" шудаанд.

"Бесабаб дастгир нашуданд..."

Абдусаид Амонов, сармутахассиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳукумати Суғд гуфт, ҷузъиёти боздошти онҳо барои вай равшан нест, вале "мақомоти масъул дар як ҷаласа гуфтанд, ки ходимони боздоштшудаи масҷидҳо бо созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуи "Ихвон-ул-муслимин" ҳамдастӣ доштанд ва гӯё бо намояндагони ин созмон дар хориҷа робита доштаанд ва аз онҳо маблағ гирифтаанд. Мақомоти масъул онҳоро бесабаб дастгир накарда, барои исбот намудани гуноҳи онҳо далелҳое дар даст доштаанд."

Амонов гуфт, ки номзадии имом-хатибҳои масҷидҳоро ҳайъати муассисони ин сохторҳои динӣ ба мақомот пешниҳод мекунанд. Кумитаи дин танҳо баъди гирифтани хулоса ва ризояти мақомоти дахлдор он номзадро ба вазифаи имом-хатибӣ таъин мекунад.

"Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон

"Ихвон-ул-муслимин” як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияти онро дар бисёре аз кишварҳои арабӣ низ мамнӯъ кардаанд. Фаъолияти созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо, манъ гардид.

Ҳатто дар замоне, ки Муҳаммад Мурсӣ дар сари қудрат буд ва Душанбеву Қоҳира робитаҳои дипломатӣ доштанд, Тоҷикистон “Ихвон-ул-муслимин” – ро гурӯҳи тундрав мешинохт.

Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистону Миср бо ҳам робитаи дипломатӣ доштанд ва теъдоде аз ҷавонҳои тоҷик дар он кишвар таҳсил мекарданд, вале Душанбеи расмӣ ин созмонро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ берун накард. Зимнан, декабри соли 2013 баъди аз сари раёсатҷумҳурӣ барканор ва зиндонӣ кардани Мурсӣ созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср низ мамнӯъ эълон гардид.

XS
SM
MD
LG