Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси собиқи ҲНИТ дар Восеъ узви ҲХДТ шуд


Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон раҳбари пешини Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Восеъро дар сафи худ ҷо кардааст. Собиқ ҳамҳизбонаш амалкарди Абдуфаттоҳ Абдухолиқовро "ночорӣ" унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, баъди баста шудани ҳизб онҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар озодӣ ба сар мебаранд, аз ин роҳ "безарар будани худро" собит менамоянд. Абдуфаттоҳ Абдухолиқови 53-сола, ки то замони мамнӯияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даҳ сол раҳбарии бахши ҳизбро дар ноҳияи Восеъ, ҷануби Тоҷикистон, ба ӯҳда дошт, ҳоло узви қатории ҳизби ҳоким шудааст.

Абдуфаттоҳ Абдухолиқовро мақомот соли 2010 бо иттиҳоми хариду фурӯши як духтар муттаҳам дониста, нисбат ба парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо дар баҳсҳои додгоҳӣ айби ӯ исбот нашуд ва додгоҳи шаҳри Кӯлоб моҳи августи соли 2010 ӯро сафед ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Вақте наҳзатӣ узви ҳизби ҳоким шуд...

Ӯ рӯзи 1 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, охири соли гузашта пас аз шаш моҳи интизорӣ аз замони ариза додан узви Ҳизби халқӣ-демократӣ шуд. Ба гуфтаи Абдухолиқов, ӯ моҳе пеш аз террористӣ унвон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он хориҷ шуд ва танҳо соли 2016 тасмими пайвастан ба сафи ҲХДТ-ро гирифт. Шомил шудан ба ин ҳизбро ӯ танҳо ба хотири ба қавли худаш “ояндаи дурахшон ва сохтани як ватани ободу зебо” унвон мекунад.

“Вақте узвиятамро пазируфтанд, гуфтанд, ки биё директори мактаб шав, қабул накардам. Гуфтам, ба хотири мансаб аъзои ҳизб нашудам. Фақат мехоҳам ҳамчун аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ сиёсати сулҳҷӯёнаро ташвиқ кунам. Исбот кунам, ки ман ҳамчун собиқ аъзои ҳизби манъшуда тарафдори ҷанг нестам ва хабар ҳам надоштам, ки ин ҳизб чунин нақшаҳое дорад”, - гуфт ӯ.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар ошӯби генерали собиқи Вазорати дифоъ Абдуҳалим Назарзода аз сӯи Додгоҳи олӣ террористӣ эълон шуда, фаъолияташ дар ин кишвар мамнӯъ шуд. Дар пайи мамнӯияти ин ҳизб 14 тан аз аъзои он аксаран ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аммо Абдуфаттоҳ Абдухолиқов мегӯяд, пас аз хориҷ шуданаш аз Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар тобистони соли 2015 касе дигар ба ӯ коре надошт.

ҲХДТ: “Мо пайравони наҳзатро ташвиқ накардаем”

Усмон Солеҳ
Усмон Солеҳ

Бархе аз коршиносон мегӯянд, Ҳизби халқӣ-демократӣ талош дорад, то собиқ аъзои ҳизби наҳзатро ба узвияти худ бипазирад. Аммо Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ талоши хос барои ҷалби собиқ намояндагони ҲНИТ сурат нагирифтааст. Ӯ гуфт, "мо ҳоло 450 ҳазор узв дорем ва 50 ҳазор аризаи дигар дар навбат аст. Мо тарғиботи умумӣ дорем, ки тамоми табақаҳои ҷомеаро дар бар мегирад. Агар ягон узви ҳизби собиқ аъзои ҳизби мо шуда бошад, ин аз шинохти дурусти ӯ аз ҳизби мо гувоҳӣ медиҳад."

“Замонати ҳаёти осоишта”

Баъди мамнӯъ ва террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даҳҳо узв ва тарафдоронаш Тоҷикистонро тарк карданд. Шумори муайяни онҳо дар кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карда, ба ҳайси муҳоҷир дар интизори гирифтани ҳаққи зист дар Аврупо ба сар мебаранд. Гурӯҳе аз онҳо ба нишони эътироз аз таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон сентябри соли 2016 ҳайати ҳукумати ин кишварро дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба чолиш кашиданд. Дар натиҷа, аъзои ҳукумат бо ин баҳона, ки САҲА ба ҷаласаи мӯътабар “ҷинояткоронро роҳ дод”, ҷаласаро тарк кард.

Баъди ин гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳатто дар хориҷ аз кишвар таҳаммули шунидани ҳарфи ғайр ва интиқодиро дар масоили ҳуқуқи башар ва демократия надорад.

Онҳое, ки дар Тоҷикистон мондаанд, ба қавли коршиносон, зери фишоранд, чун кору фаъолияти онҳо дар ин созмони ҳамакнун мамнӯъ санҷида мешавад. Бархе мегӯянд, агар нафароне ҳам ба истилоҳ “хиёнат карда”, аз узвияти ҳизби мухолифи ҳукумат ба ҳизби ҳоким рӯ оварда бошанд ҳам, майли онҳо самимӣ нест.

Камолиддин Назаров, як узви собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, "ман ин ҳамҳизби собиқамро хуб мефаҳмам. Ҳоло дар ҷомеа ба хотири наҳзатии собиқ будан на ҳам ҳамроҳат муносибати хуб мекунад. Барои дубора ба ҷомеа ворид шудан ва бо ин мардум кори зиндагӣ кардан аз ночорӣ бояд ё ҳизби ҳоким бояд шуд ва ё коре кард, ки туро хуб қабул кунанд. Бояд барои худу фарзандон зиндагӣ кард."

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Ҳоло дақиқан оморе рӯи даст нест, ки чанд тан аз аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Ҳизби халқӣ-демократӣ пайвастаанд. Коршиносон мегӯянд, бо эҳтимоли қавӣ Абдуфаттоҳ Абдухолиқов танҳо нафаре нест, ки узви ҲХДТ шудааст. Саъдӣ Намозов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, он аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд, зери назорат буда, як андоза аз ояндаи худ нигарон ҳастанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ба хотири амн будан онҳо талош мекунанд, то нишон бидиҳанд, ки дигар афкори наҳзати исломиро дар зеҳн надоранд.

"Пайвастани онҳоро ба дигар ҳизб метавон “замонат барои ҳаёти осоишта” унвон кард. Ба хотире ки дигар ба онҳо касе ҳамчун ҳизби ҳоло террористӣ коре надошта бошад, онҳо худро аъзои дигар ҳизб мекунанд ва ё коре мекунанд, ки ба онҳо шубҳа накунанд. Аз сӯи дигар воқеан ҳам аксари онҳо аз ҲНИТ дилмонда шудаанд. Чун диданд, ки дар баробари ҳабси аъзоёни ин ҳизб онҳо коре карда натавонистанд", - гуфт ӯ.

Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон то замони манъи фаъолияташ теъдоди аъзои худро бештар аз 40 ҳазор нафар мегуфт. Мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар сурати ба тарғиби ин ҳизб машғул набудан ва розӣ будани аъзои ин ҳизб ба қарори Додгоҳи олӣ дар мавриди “террористӣ” хондани ҳизб онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд буд.

Зимнан, Абдуфаттоҳ Абдухолиқовро мақомот соли 2010 бо иттиҳоми хариду фурӯши як духтар муттаҳам дониста, нисбат ба парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо дар баҳсҳои додгоҳӣ айби ӯ исбот нашуд ва додгоҳи шаҳри Кӯлоб моҳи августи соли 2010 ӯро сафед ва аз толори додгоҳ раҳо кард. Дар соли 2010 ӯ яке аз чор нафаре дар Тоҷикистон буд, ки додгоҳ пас аз баҳси тӯлонӣ нисбаташ ҳукми сафедкунанда содир кард. Пас аз ин қазия ӯ панҷ соли дигар раҳбарии ҲНИТ дар Восеъро бар дӯш дошт. Ҳоло дар яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Восеъ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳад.

XS
SM
MD
LG