Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мева дар Душанбе арзон шуд (ВИДЕО)


Ҳосили фаровони меваву сабзавот боиси дар рӯзҳои охир ба таври назаррас поин рафтани нархи он дар бозорҳои Душанбе ва атрофи пойтахт шудааст.

Ба гуфтаи ҳам фурӯшандаҳо ва ҳам харидорон, нархи меваву сабзавот дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофи Душанбе имсол хеле арзонтар шудааст. Ҳамроҳхон Назиров, як харидор дар бозори “Сафариён”-и Душанбе рӯзи 10 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба мушоҳидаи ӯ, “нархи мева хеле арзон шудааст ҳам нисбат ба як моҳ пешу ҳам нисбат ба як сол пеш.” Дар ин бозор ҳоло як кило шафтолу аз 3 то 5 сомонӣ, себу ангури сиёҳ 5-6, бодиринг 1,5 ва помидор то 2 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Харбуза ҳадди аксар то 12-13 сомонӣ ва тарбуз 6-7 сомонӣ нарх дорад.

Бунафша Саидмухторова, як фурӯшандаи мева мегӯяд, нарх назар ба айни давраи соли гузашта то 40 дарсад пойин рафтааст: “Мардум акнун шикамсерӣ метавонанд мева бихӯранд. Соли гузашта себ 10 сомонӣ буд, ҳоло 6 сомонӣ. Ҳамин хел ангуру ноку шафтолу ҳам арзон шудааст. Ин ҳама аз баракати ҳосили фаровон аст.” Ҳосили фаровон дар манотиқи марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар ҳолест ки имсол 32 000 гектар заминҳои кишт ва боғзорҳои вилояти Суғд ба далели сардиҳои имсола то 70 дарсади ҳосили худро аз даст доданд.

Ҳамсӯҳбатони Озодӣ мегӯянд, боз ҳам нархи бозорҳои Душанбе нисбат ба бозорҳои атроф боз ҳам баландтар аст. Дар ноҳияи Ҳисор нархи як кило ангур, барои мисол, ҳоло то ҳадди бесобиқаи 2 сомонӣ поин рафтааст. Нархи меваву сабзавоти дигар низ дар берун аз пойтахт қариб то 2 маротиба фарқ мекунад. Амонулло Саидов, як фурӯшандаи бозори “Сафариён” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ду омил – ҳосили фаровон ва маҳдуд будани имкони ба хориҷ фурӯхтани меваву сабзавоти Тоҷикистон – сабаби чунин арзониву фаровонии бесобиқа дар бозорҳои маҳаллӣ шудааст:

“Як моҳ пеш, дар моҳи шарифи Рамазон чӣ нархҳо буду ҳоло чӣ нархҳост! Вақте мева фаровон шуду ба берун нарафт, нархаш ҳамин хел дар замин мезанад ва на фақат мардуми доро, балки табақаҳои поёнтар, чӣ муаллиму чӣ коргар, метавонад ҳар шом чанд кило барои кӯдаконаш бихарад. Ин ба манфиати мардум аст, албатта.” Аммо он чи ба манфиати харидор аст, ба манфиати деҳқон нест, ки бо чунин нархҳои арзон харҷи кардаашро пӯшонда наметавонад. Маъмулан баъди ҳар соли арзон шудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ шумори бузурге аз деҳқонон аз идомаи фаъолият ба далели зиёновар буданаш даст мекашанд ва соле баъд меваву сабзавот камчин ва нархаш боз баланд мешавад.

Дар бозорҳои Душанбе нархи мева поин шудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Як роҳи ҳал, ба ақидаи иқтисоддонҳои тоҷик, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ аст. Барномае ки ҳукумати ин кишвар аз ибтидои солҳои 2000-ум ба ин сӯ дунбол мекунад ва аз ҷумла ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистонро муваззаф кардааст, то интиқоли маҳсулоти кишоварзиро дар ин фасли сол бо нархҳои боимтиёз анҷом диҳад. Дар нишасти ахири вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар моҳи июл вазири кишоварзӣ Маҳмадтоир Зокиров гуфт, ин кишвар дар нимаи аввали соли равон ба хориҷ 181 000 тонна маҳсулоти деҳқонӣ содир кардааст.

Ӯ пиёз, лӯбиё, гелосу дигар анвои меваҷот ва биринҷро аз маҳсулоти аслии содиротии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, ва Қазоқистон, Русияву Чинро харидорони асосии ин маҳсулот ном бурд ва бо ифтихор гуфт, “бо назардошти афзоиши ҳаҷми фурӯши маҳсулоти деҳқонӣ ба хориҷи кишвар, Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфтааст.”

Вале иқтисоддонҳо бар инанд, ки зарфияти содиротии риштаи кишоварзии Тоҷикистон боз ҳам хеле бузургтар аз он ҳаҷмест, ки ҳоло дорад. Аз тарафи дигар, 95 000 тонна, ё беш аз нисфи содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби фурӯши пиёз ба даст омадааст. Мушкилоти транзити бор аз тариқи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистон, ва бо вуҷуди эълони имтиёзҳо, нархи боз ҳам барои деҳқонон баланди роҳи оҳану нақлиёти заминӣ аз мониаҳои умда дар роҳи афзоиши содироти дастранҷи деҳқонони тоҷик ба хориҷ ном бурда мешавад.

Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ яке аз таъминкунандаҳои умдаи меваву сабзавоти ҳам ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҳам минтақаҳои барои деҳқониву боғдорӣ номуносиби Русия, аз ҷумла Сибиру Шарқи Дур ба шумор мерафт. Аммо суқути Шӯравӣ ва канда шудани робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои ин паҳно аз як сӯ ва харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сӯи дигар боиси аз ин бозорҳо маҳрум шудани Тоҷикистон шуд. Бар изофа, меваву сабзавоти Чину Эрон деҳқонони тоҷикро нафақат аз бозорҳои он манотиқ, балки дар дохили худи Тоҷикистон низ хеле танг карданд ва то чанд соли пеш меваву сабзавоти ватанӣ дар бозорҳои худи Тоҷикистон низ ба як меҳмони нохонда табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG