Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стив Свердлов: Гадоев рабуда ва латукӯб шуд. САДО


Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch аз бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Аврупо ва озод шудани ӯ истиқбол кард.

Стив Свердлов гуфт, ки дар озод шудани Гадоев сафоратҳои Ҳолланд ва Олмон дар Маскав ва Душанбе нақши муҳим бозиданд.

Гадоев ба Свердлов гуфтааст, ки зимни бозгашт аз мулоқот рӯзи 14 феврал мошине, ки ӯ дар дохилаш буд, мутаваққиф шуд, аз “минивен” ё мошини дигаре, ки дар назди онҳо қарор гирифт, гурӯҳи афроди низомипӯш берун шуд ва Гадоевро бо зӯр ба дохили мошини худ нишонданд.

Рӯзи 4 март дар як сӯҳбати телефонӣ аз ИМА Стив Свердлов гуфт: «Human Rights Watch бисёр шод аст, ки Шарофиддин Гадоев дубора ба назди наздиконаш, ба маконе, ки бояд бошад, яъне Ҳолланд баргаштааст. Ӯ дар ин кишвар мақоми паноҳандагӣ дорад». Ба гуфтаи Свердлов, ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон қазияи Гадоевро мавриди таҳқиқи вижа қарор медиҳад. «Вале як чиз мусаллам аст, ки ӯро рабуданд ва латукӯб карданд», гуфт ӯ. Сведлов гуфт, ки дар қазияи рабуда шудани Гадоев «парвандаи бисёр калони марбут ба нақз шудани ҳуқуқи Гадоев аз ҷониби сохторҳои қудратии мисли ФСБ, ГРУ, ВКД-и Федератсияи Русия ва «Алфа», ОМОН, КДАМ ва ВКД-и Тоҷикистон боз мешавад».

Шарофиддин Гадоев, ки рӯзи 15 феврал ногаҳон дар Душанбе аз худ дарак дод, рӯзи 2 март дубора ба Аврупо баргашт. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки Гадоев «бо ихтиёри худ» баргашта, аз фаъолиятҳои оппозитсиониаш «пушаймон шудааст». Ҳузури ногаҳонии ӯ дар Тоҷикистонро ҳомиёни ҳуқуқ ва аъзои мухолифин интиқод карда, гуфтанд, ки Гадоев рӯзи 14 феврал дар шаҳри Маскав рабуда шуд ва бо зӯр ва бидуни ихтиёр ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

ВКД: Гадоев афв шуд

Рӯзи 4 март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шарофиддин Гадоев пас аз афв шудан ҳақ пайдо намуд, ки дубора ба Аврупо баргардад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, “Шарофиддин Гадоев аз ҷониби Додситонии кулл афв карда шуд ва танҳо баъди қабули афви ӯ ҳақ пайдо намуд, ки дубора ба Аврупо баргардад”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, агар шароити афви Гадоев қабул карда намешуд, вай наметавонист аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ шавад. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба чигунагии афв ва наҳваи баррасии санадҳои Шарофиддин Гадоев шарҳе надод.

Свердлов: Гадоев гуфт, ки дар ҷараёни сафар ҳамеша таҳдид шудааст

Стив Свердлов, пажӯҳишгари Human Rights Watch рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди бозгашти Гадоев ба Аврупо бо ӯ сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ доштааст. Бар пояи сӯҳбатҳои Гадоев Свердлов гуфт, ки ӯ рӯзи 14 феврал дар Маскав бо намояндагони ҳукумати Русия дидору гуфтугӯ карда баъдан ба ӯ гуфта шудааст, ки бояд рӯзи 15 феврал мулоқоти дуюм баргузор шавад. Гадоев ба Свердлов гуфтааст, ки зимни бозгашт аз мулоқот рӯзи 14 феврал мошине, ки ӯ савори он буд, мутаваққиф шуд, аз “минивен” ё мошини дигаре, ки дар назди онҳо қарор гирифт, гурӯҳи афроди низомипӯш берун шуд ва Гадоевро бо зӯр ба дохили мошини худ нишонданд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Свердлов бо такя ба нақлҳои Гадоев гуфт, ки дар фурудгоҳи Маскав Гадоевро латукӯб карданд ва лаҳзае, ки мехост садояшро баланд карда бигӯяд, ки “Ман Шарофиддин Гадоев”, “даҳонашро скотч карда” ба дохили ҳавопаймо ҷой карданд. Гадоев ба Свердлов гуфтааст, ки ӯро шадидан латукӯб карданд ва вақте ҳавопаймо ба Душанбе расид, “тамоми сарулибосаш хунолуд буд”.

Ба саволи ин ки дар муддати дар Тоҷикистон буданаш дар куҷо ва чӣ шароите нигаҳдорӣ мешуд, Гадоев ба Свердлов гуфтааст, ки рӯзи аввал ӯро ба мулоқоти Шоҳрух Саидов, сардори раёсати кофтукови ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД Тоҷикистон ва рӯзи дуюм ба бӯстонсарое бурда, сӯҳбатҳояшро сабт кардаанд. Барои чанд рӯз ба Фархор назди модараш бурданд, гоҳе ба бозпурсиҳои сохторҳои мухталифи интизомӣ мебурданд. Гадоев ба Свердлов гуфтааст, ки дар тамоми замони будубошаш ҳамеша зери назорат буд ва ба ӯ “таҳдид мекарданд, ки мекушанд ваё ба зиндони абад маҳкум мекунанд”.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:01 0:00
Линки мустақим

"Гадоев бояд каме роҳат кунад"

Сведлов гуфт, ки Гадоев хеле хаста аст ва бояд баъди ин ҳама мушкилоте, ки ба сараш омад, бояд каме истироҳат кунад, роҳат шавад ва шояд дар наздиктарин фурсат худаш омода мешавад, ки бо журналистон ҳамсӯҳбат шавад. Гадоев рӯзи 2-юми март аз фурудгоҳи Франкфурти Олмон аз тариқи саҳифаи Паймони миллӣ, эътилофи созмони мухолифон дар хориҷ паём дод ва аз онҳое, ки нисбати қазияи ӯ бетараф набуданд, изҳори сипос кард.

Шарофиддин Гадоеви 33-сола яке аз чеҳраҳои фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мақомоти тоҷикро интиқод мекард. Ӯ соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии созмонро ба ӯҳда дошт.

Қувватов соли 2015 дар Туркия аз тири ҳамлагари ношиносе кушта шуд ва ҷонибдоронаш ангушти иттиҳомро ба тарафи мақомоти тоҷик дароз карданд. Гадоев, ки хеш ва шарики тиҷоратии Қувватов буд, ба мунтақиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон табдил шуд ва аз ҳамин хотир, бисёриҳо бозгашти ихтиёрии ӯ ва ҳам гӯё пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсиро бо шубҳа қабул карданд.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 13 феврал аз Амстердам ба Маскав рафт ва 15 феврал дар Душанбе пайдо шуд. Мақомот чандин навори видеоиро бо ширкати Гадоев нашр карданд, ки дар он ин фаъоли мухолифин дар бораи гӯё бозгашти ихтиёриаш ба Тоҷикистон сӯҳбат мекард. Вале рӯзи 21 феврал мухолифон видеои дигареро нашр карданд, ки он моҳи ноябр аз ҷониби худи Гадоев сабт шуда буд.

Дар ин видео Гадоев мегуфт, ки барои сафар ба Русия омода мешавад ва агар ӯ ногаҳон дар Тоҷикистон дида шуд ваё боздошт шуду дар бораи бозгашти ихтиёриаш ба ватан хабар дод, ба ин ҳарфаш бовар накунанд. Дар ин видео Гадоев гуфт, ки ба Маскав бо ҳадафи мулоқот бо намояндагони Шӯрои амнияти Русия меравад ва ҷонибдоронаш гуфтанд, ки ҳадафаш мулоқот бо муҳоҷирони тоҷик ва ҳам баррасии шароити пешбурди фаъолиятҳои сиёсии мухолифон дар Русия мебошад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG