Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 маротиба фарқи байни дорову нодор дар Тоҷикистон


Қишри хеле камшумор вале сарватманди аҳолии Тоҷикистон аз гуруҳи камбизоати кишвар беш аз 15, 7 маротиба зиёдтар даромад доштаанд.

Ин, албатта, омори расмӣ аст, аммо дуртар аз рақамҳои расмӣ як назар ба макони наҳор ва шоми мардум кофӣ аст, то бубинӣ, ки ин шикоф на 15,7 маротиба, балки шояд хеле аз ин ҳам бештар бошад.

Аммо ожонсии омор ҳатто 15, 7 маротиба фарқро низ барои дурнамои кишвар номуносиб дониста гуфтааст, ки ин тафовут дар оняда боз бештар хоҳад шуд.

Абдувалӣ Қулов, раҳбари раёсати демографӣ ва шуғли аҳолии Оҷонсии омор мегӯяд, дар Тоҷикистон аҳолиро аз рӯи ҳаҷми даромадашон ба 10 гурӯҳ тақсим мекунанд ва се гурӯҳи аввали он қишри камбизоати аҳолӣ эътироф карда мешавад. Ӯ мегӯяд, «ҳоло фарқ байни камбизоатарин ва сарватмандтарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон 15, 7 маротиба аст. Яъне даромади дороҳо аз нодорон 15,7 маротиба бештар аст. Барои мисол, агар як нафари нодор 100 сомонӣ дар як моҳ даромад дошта бошад, даромади нафари сарватманд 1500 сомониро ташкил мекунад.»

Ҷаноби Қулов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон афроди камбизоатро аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ аз рӯи харҷи 2 доллару 15 сент дар рӯз ҳисоб мекунанд. Ба таъкиди Қулов ҳар оилае, ки барои эҳтиёҷоти ҳаррӯзааш барои ҳар як нафар узви он камтар аз 2 доллару 15 сент харҷ мекунад, камбизоат шумурда мешавад.

Ин дар ҳолест ки тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ, мизони тавофути афроди дорову нодор дар Тоҷикистон ду маротиба аз гузориши Оҷонсии омор бештар аст. Иқтисодонҳои Бонки ҷаҳонӣ мизони ин тафовутро аз рӯи шохиси “Gini" ҳисоб мекунанд. Агар шохиси “Gini" 100 бошад, он нобаробарии мутлақи даромади аҳолӣ ва агар сифр бошад, некӯаҳволии баробари мардумро нишон медиҳад. Ҳамин тариқ бинобар ҳисобҳои иқтисодонҳои Бонки ҷаҳонӣ, шохиси “Gini" дар Тоҷикистон бештар аз 30 аст. Яъне даромади афроди доро аз нодор 30 маротиба бештар аст.

Нобаробарии иҷтимоӣ дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи дунё вуҷуд дорад, вале давлатҳо бо эҷоди ҷойҳои нави корӣ бо маоши боло мекӯшанд, то шикоф миёни қишри дорову нодорро камтар кунанд. Аммо дар Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ фарқи андаки миёни қишри дорову нодор якбора афзоиш ёфт ва ин тамоюл то ба ҳол идома дорад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Коршиносон мегӯянд, то ин ҳад зиёд шудани тафовути даромади сарватмандон дар қиёс ба камбизоатон барои амнияти кишвар хатарзо аст. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод дар ин робита мегӯяд: «Ҳар қадар фарқ байни даромади сарватмандон ва мардуми нодор зиёд бошад, ҳамон қадар хатари бурузи инқилоб зиёд мешавад. Дар аксари кишварҳо яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани инқилобҳо ҳамин таносуб мебошад. Аммо дар Тоҷикистон ва умуман дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ барои наздик кардани фосилаи байни сарватмандону нодорҳо давлатҳо кӯшиши зиёд намекунанд. Аз ин рӯ нафарони алоҳида бидуни заҳмати зиёд соҳиби даромадҳои ҳангуфт шуда истодаанд ва дар муқобил шумори бузурге аз мардум рӯзторӯз бенавотар мешаванд.»

Ҳоҷимуҳаммад Умаров афзуд, ки яке аз сабабҳои якбора зиёд шудани нобаробарӣ миёни қишрҳои аҳолӣ ин тақсимоти нодоруст ва ноодилонаи сарватҳои миллӣ ва корхонаҳои давлатӣ дар оғози солҳои истиқлоли Тоҷикистон аст. Имрӯз дар дасти як гурӯҳи маҳдуди афроди наздик ба мансабдорони баландпоя мунсаҷим шудани тиҷоратҳои “равғанин”, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, метавонад боиси афзоиши боз ҳам бештари фарқи байни дорову нодор дар ин кишвар шавад.

Ва он ҳам дар ҳоле ки 119 доллар маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон пасттарин маош дар байни кишварҳои пасошӯравӣ шинохта шуда, бино ба омори расмӣ, 35,6 дарсади аҳолии ин кишвар ҳамчунон зерии хатти фақр ба сар мебаранд.

Аммо оё мустақилона ва бидуни "тақдирҷунбон" дар мақомҳои ҳукуматӣ бой шудан дар Тоҷикистон то куҷо имкон дорад? Посухҳо ба пурсиши Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед:
Бой шудан дар Тоҷикистон оё осон аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00
XS
SM
MD
LG