Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори ТВ "Настоящее время" ҳангоми пӯшиши эътирозҳо дар Остона боздошт шуд. ВИДЕО


Светлана Глушкова пушти панҷара
Светлана Глушкова пушти панҷара

Рӯзи 22 март дар шаҳри Остона ба ҳангоми пайгирии эътирозҳои мардумӣ хабарнигори телевизиони «Настоящее время» Светлана Глушкова барои чанд соат боздошт шуд.

Феълан макони будубоши хабарнигор маълум нест. Наворбардори телевизион Ғанизод Оспонов аз пояш захмӣ шудааст.

Хабарнигорони телевизионе, ки бахше аз ширкати Радио Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мебошад, рӯзи ҷумъа дар пойтахти Қазоқистон эътирозҳои сокинонро аз қарори парлумон барои тағйири ном кардани Остона ба шаҳри Нурсултон пайгирӣ мекарданд. Ба иттилои хабарнигорон, эътирозгарон инчунин аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳам таҳаввулоти ахир дар заминаи интиқоли қудрат дар Қазоқистон шикоят мекарданд. Муҳаррири барномаҳои «Настоящее время. Азия» Сергей Ҳиршфилд ба Радиои Озодӣ дар ин замина гуфт:

“Светлана гӯё бар асоси иттиҳоми як духтаре боздошт шуд, ки гӯё ба ӯ осеб расонидааст. Бешубҳа, ин як тавтеа аст, чунки бар асоси муқаррароти Радиои Озодӣ, хабарнигорон вазифаи касбии худро иҷро мекарданд ва митингҳои эътирозиро пӯшиш медоданд. Ҳеҷ иттиҳоме дар заминаи ин ки гӯё онҳо дар митингҳо иштирок кардааст, асос надорад”

Қабл аз боздошт Светлана Глушкова дар як паёми кӯтоҳе ба идораи корӣ хабар дод, ки "Маро боздошт карданд. Ман ба вакил ниёз дорам. Ман ҳоло дар идораи пулиси Сариаркин ҳастам".

Барои мухолифат ба тағйири номи Остона ба милиса афтоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Ба иттилои сардабири телевизион, баъди се соати дар боздошт нигаҳдорӣ шудани Глушкова, ӯро озод карданд, идораи телевизион ӯро сареан бо вакили дифоъ таъмин кард. Вале баъди ин Глушковаро дубора ба идораи полис даъват карда хостанд, ки кадом санадеро имзо кунад. Вале баъди ин, ба гуфтаи Ҳиршфилд, акси пушти панҷараи Глушкова нашр шуд ва феълан дар бораи сарнавишти ӯ иттилое дар даст нест.

Инчунин дар ҷараёни эътирозҳо наворбардори телевизиони «Настоящее время. Азия» Ғанизод Оспонов осеб дид ва дар бемористон ба пояш гаҷ гузошта шуд.

Рӯзи 22 март дар Остона, пойтахти Қазоқистон, дар мачмӯъ беш аз 10 нафар, бо шумули хабарнигори шабакаи телевизионии "Настоящее Время" Светлана Глушкова, боздошт шуданд.

Рӯзи гузашта 20 нафар, ки ба тағйири номи Остона ба Нурсултон - номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев мухолиф буданд дар назди идораи шаҳрдорӣ боздошт шуданд. Пулис чанд нафари дигарро ҳангоми ҷашни Наврӯз дар маркази Алмаато гирифт. Тавре бахши қазоқии Радиои Озодӣ гузориш дод, боздоштшудаҳо аз мухолифони тағйири номи Остона ба Нурсултон буданд.

Рӯзи чоршанбе чанд соат баъд аз маросими савганди Қосимҷомарт Тоқаев - иҷрокунандаи вазифаи президент, порлумони Қазоқистон Қонун дар бораи иваз кардани номи Остона ба Нурсултонро тасвиб кард. Пешниҳод аз ҷониби Тоқаев ворид шуда буд.

Токаев ҳамчунин даъват кард, ки кӯчаҳои асосӣ дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо бо исми президенти пешин номгузорӣ шаванд. Нурсултон Назарбоев замоне аз мақом истеъфо дод, ки синнаш ба 78 расид.

Бо рафтан аз мақоми раиси ҷумҳур Назарбоев раиси Шӯрои Амният ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур-Отан" боқӣ мемонад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG