Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ба мо тааллуқ надорад, пас ба кӣ тааллуқ дорад"? Баҳси ронандагон бо "Ҷӯра"


Гурӯҳе аз ронандагони таксӣ рӯзи ҷумъа, 26 сентябр бо дарёфти як паём дар бораи баргузории ҷаласа бо ҳузури намояндагони барномаи "Ҷӯра", дар ширкати "Акиа Авесто" ҷамъ омаданд. Як рӯз қабл ҳам чунин мулоқот доир шуда буд ва эътирозу норозигии таксиронҳоро ба ҳамроҳ дошт.

Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа шуморе ба дохили толор роҳ ёфта, боқимонда беруни дар монданд. Ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам иҷоза надоданд, ки вориди нишаст шаванд.

Масъулони ширкатҳои таксиронӣ ва намояндагони барномаи "Jura" гуфтанд, ҳадаф танҳо фаҳмонидани истифодаи ин замима аст ва чунин ҷамъомадҳо дар рӯзҳои дигар низ баргузор мешаванд.

Аксари ронандагон гуфтанд, онҳо дар ин ҷаласа аз чанд мушкили худ садо баланд карданд, аз ҷумла аз тасмими талаби 25 дарсад аз даромади онҳо. Як ронанда, ки бо далели мушкил пеш наомадан дар кораш, нахост номаш ошкор ва чеҳрааш нишон дода шавад, гуфт:

"Дар маҷлиси имрӯза дар бораи барнома гап заданд ва боз гуфтанд, ки бояд мо фоиз монем. 25 фоиз бояд монанд. Аз сари 10 сомонӣ бояд 2,5 сомонӣ бигиранд. Дар онҷо ҳамин хел гапҳо садо дод".

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати талаби пули иловагӣ, маҷбур аст, корро бас кунад ва ба сафи бекорон бипайвандад.

Пулситонии кордиҳандагон ронандагони таксиро ноором кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Эътирози дигари ронандагон дар ин ҷаласа, аз нақзи Кодекси меҳнати Тоҷикистон будааст. Мегӯянд, ширкатҳои таксиронӣ моҳе ҳамагӣ як рӯз ба онҳо ҳаққи истироҳат медиҳанд ва новобаста аз кор кардан ё накардан, ҳар рӯз 100 сомонӣ талаб мекунанд.

Яке аз ронандагони таксӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо дар бораи 100 сомона савол додем, гуфтем охир ин 100 сомонӣ барои чӣ аст? Гуфтанд, ин ба мо тааллуқ надорад. Гуфтем, пас ин ба кӣ тааллуқ дорад? Автобаза мегӯяд, ба мо тааллуқ надорад, шумо мегӯед, ба мо тааллуқ надорад. Ҳар касе хост, омада дар болои таксӣ ҳам пул мемонад, ҳам фоиз. Мо намедонем ба куҷо арзу дод кунем".

Ронандагон мегӯянд, агар рӯзе аз рӯи зарурат ба кор набароянд ҳам, аз ҳисоби худ ба ширкат пул месупоранд. Намояндагони ширкатҳо борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ, ронанда метавонад бо пешниҳоди ариза истироҳат гирифта, аз пардохти пул озод шавад. Чизе, ки ба қавли ронандагон, дар амал иҷро намешавад.

Як ронандаи дигар гуфт, ки коғазҳои ташхиси бемории писараш дар даст ба ширкат рафт ва талаб кард, ки 3 рӯз ба ӯ иҷозат диҳанд, то бурда ба табиб дар Суғд нишон диҳад. "Гуфтанд, майлаш бар нишон деҳ, вале бояд боз 300 сомонӣ супорӣ. Мо истироҳат надорем. Бояд ин тавр набошад. То ҳоло ман ҳамин доруҳоро нахаридаам. Зӯрам намерасад",-мегӯяд ин ронанда.

Шикояти асосии ронандагони таксӣ дар пойтахт ин аст, ки сарфи назар аз кор баромадан ё беморӣ, онҳо бояд ҳар рӯз ба ширкат 100 сомонӣ пардохт кунанд. Қаблан ронандагон аз ҳаққи роҳкиро 10 дарсадашро ба ширкатҳо месупориданд.

Моҳи июни имсол шаҳрдории Душанбе танҳо ба чор ширкати мусофирбарӣ иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дод. Инҳо ширкатҳои "Эко-Таксӣ", "Олуча-авто", "Ковиён" ва "Сафо-таксӣ" ҳастанд, вале номи моликонашон маълум нест. Дар назар аст, барномаи "Jura" тадриҷан дар ҳама таксиҳои Душанбе роҳандозӣ гардад. Ҳоло танҳо бахше аз таксиҳо онро доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG