Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Гулмурод Ҳалимов ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Душанбе Беҳрӯзи Гулмурод -- писари Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирориро барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Ӯ бо моддаҳои 32, қисми 1 -- “тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят” ва моддаи 401 қисми 1 -- "зархаридӣ", айбдор мешавад.

Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ба шарти набурдани номаш рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати писари Гулмурод Ҳалимов ҳудуди як моҳ қабл, содир шуда буд. Ин манбаъ афзуд, ки дар зарфи 10 рӯзи пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ, наздикони Беҳрӯзи Гулмурод аризаи шикоятӣ пешниҳод накарданд ва ӯ дар авоили ҳамин ҳафта барои иҷрои давраи ҷазо, ба маҳбаси 3/2,"Кирпичний"-и ноҳияи Ваҳдат, интиқол дода шуд.

Ба даҳ сол маҳкум шудани Беҳрӯз Ҳалимов дар ҳолест, ки ду рӯз пеш дар як задухӯрд миёни кормандони пулис ва наздикони Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ, чаҳор хешованди ӯ кушта шудаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, мурофиаи ин парванда пӯшида сурат гирифт ва дар рӯзи эълони ҳукм наздикони Беҳрузи Гулмурод ширкат доштанд. Беҳрӯзи Гулмурод, писари калонии Гулмурод Ҳалимов, аз зани аввалаш Назокат Муродова аст ва аввали моҳи апрел дар ноҳияи Варзоб дастгир шуд. Наздикони Беҳрӯз мегӯянд, ки ӯ ба тиҷорати хурд машғул буд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиашро мегузаронд. Пайвандони Беҳрӯзи Гулмурод моҳи май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қасди сафари ӯ ва он чӣ, ки мақомот мегӯянд, хабар надоштанд.

Беҳрӯзи 18-сола зимни бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ бо падараш мустақим иртибот надошт ва то замони боздошт, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таввасути афроде, ки худро дӯстони Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекарданд, аз ҳоли ӯ огаҳ мешуд.

Назокат Муродова -- модари Беҳрӯз Гулмуродов рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар рӯзи эълони ҳукм ӯро даъват карданд ва ӯ дар мурофиаи ниҳоӣ ҳузур дошт. Вай бо норозигӣ аз ҳукми додгоҳ гуфт, ки писараш худро айбдор ва ба гуноҳи падараш ҳамроҳ намедонад. Назокат Муродова гуфт, пас аз ифтитоҳи парванда алайҳи Беҳрӯз, додгоҳ аз онҳо хоста буд, ки вакили дифоъ бигиранд, аммо бинобар мушкили молӣ натавонистанд адвокат бигиранд ва аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ, шикоят баранд.

Падари Гулмурод: "Ё тавба. Хабар надорам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Ба даҳ сол маҳкум шудани Беҳрӯз Ҳалимов дар ҳолест, ки ду рӯз пеш дар як задухӯрд миёни кормандони пулис ва наздикони Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ, чаҳор хешованди ӯ кушта шудаанд. Манобеи расмӣ рӯзи 5-уми июл гуфтанд, дар ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ ё УБОП низ захмӣ шудааст. Онҳо гуфтанд, ки Анвар Ҳусейнов аз наздикии шуш бо корд зарб хӯрда, баъди ҷарроҳӣ вазъияташ хуб аст.

Задухӯрд миёни кормандони пулис ва наздикони Гулмурод Ҳалимов шаби 4 ба 5 июл дар 10-километрии Кӯҳи Намаки Хоҷа Мӯъмин, наздикии деҳаи Ибратӣ, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, сурат гирифтааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гурӯҳе аз наздикони Гулмурод Ҳалимов зери раҳбарии бародари ӯ – Султонмурод Ҳалимов, соли таваллудаш 1964, дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ бо мақомот муқобилият кардаанд. Онҳоро кормандони Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе пайгирӣ доштаанд.

Гузориш аз макони боздошти наздикони Гулмурод Ҳалимов дар Восеъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.

Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ буд.

Ӯ аз ду ҳамсар ҳашт фарзанд дорад. Ҳамсари дуввумаш, Ҳумайро Мирова соли гузашта ҳамроҳ бо чаҳор фарзанди хурдсолаш аз Тоҷикистон фирор кард. Мақомот гуфтанд, ӯ талоши пайвастан ба шавҳарашро дошт, вале сарнавишти ӯ то ҳанӯз маълум нест, ки куҷо шудааст.

XS
SM
MD
LG