Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳри ормонҳо"-и Гулсифат Шаҳидӣ


Гулсифат Шаҳидӣ
Гулсифат Шаҳидӣ

Рӯзи 11 апрел дар шаҳри Душанбе расми муаррифии китоби "Шаҳри ормонҳо"-и Гулсифат Шаҳидӣ доир мешавад. Ин китоб дар Лондон нашр шудааст.

Баъди муаррифии пурдабдабаи китоби нависанда ва журналисти тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар Лондон, рӯзи 11 апрел қарор аст дар Душанбе маросими муаррифии китоби нави ӯ баргузор шавад. «Шаҳри ормонҳо» ё «Шаҳре, ки орзуҳо амалӣ мешаванд» ахиран ба забони англисӣ дар Лондон ба ҳайси асари барандаи ҷоизаи озмуни «Авроосиёи Боз» - Ҳамоиши китоби Осиёи Марказӣ дар соли 2015 муаррифӣ шуд.

Хонум Гулсифат Шаҳидӣ пораҳои ин асар ва намунаҳои эҷодиёти дигари худро дар интернет барои ошноии васеи хонандагон пешниҳод мекунад. Қиссаҳои «Шаҳри ормонҳо» дар бораи насли ҷанги Тоҷикистон, фарҳангиёну рӯшанфикрон ва сокинони оддии Душанбе дар оғози солҳои 1990-ум ҳикоят мекунад. Қаҳрамонҳои асар – намояндагони миллатҳои гуногуни он вақт сокини Тоҷикистон, аз ҷумла русҳо ҳастанд, ки вижагиҳои зиндагии худро дар ин кишвари офтобӣ доштанд.

Гулсифат Шаҳидӣ, ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Толиб Шаҳидӣ ва модари продюсери шинохта Табриз Шаҳидӣ, соли 1955 дар шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ)-и Русия ба дунё омада, риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Гулсифат Шаҳидӣ дар мавзӯи "Робитаҳои адабии Тоҷикистону Русия дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри 20" рисолаи илмӣ ҳимоя карда, қаблан ба ҳайси сармуҳаррири барномаҳои телевизиони "Мир" кор кардаааст. Гулсифат Шаҳидӣ асосан ба забони русӣ менависад ва намунаҳои эҷодиёташ дар маҷаллаҳои адабии Тоҷикистону Русия ба нашр расидаанд.

"Шаҳри ормонҳо"-и Гулсифат Шаҳидӣ дар озмуни байналмилалӣ пирӯз шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:41 0:00

XS
SM
MD
LG