Дар чанд ҷумла
Гутерриш аз “Ҳамос” хост, ба раҳоии гаравгонҳо идома диҳад
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” хостааст, ки ба раҳоии гаравгонҳо идома диҳад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Антонио Гутерриш рӯзи сешанбе дар баёнияе гуфт, аз саргирии хусуматҳо, ки сабаби фоҷиаи бузург хоҳад шуд, бояд пешгирӣ шавад.
Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 10-уми феврал эълон кард, ки раванди раҳоии гаравгонҳоро бозмедорад.
Намояндагони ин гурӯҳ мақомоти Исроилро ба поймоли созиши оташбас дар Ғазза муттаҳам карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар ҳамаи гаравгонҳои исроилӣ то нимрӯзи шанбеи ҳафтаи оянда озод нашаванд, созиши оташбас бекор хоҳад шуд.
"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт. То ин дам теъдоде аз онҳо озод карда шудаанд.
Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Сардори як раёсати Сипоҳи посдорони Эрон кушта шуд
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 6-уми апрел эълон кард, ки Маҷиди Ходимӣ, раиси созмони иттилоот ё "разведка"-и ин нерӯи низомӣ дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил кушта шудааст.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ӯро шахсе номбар кардаанд, ки "ҳудуди ним қарн инқилоб, низом ва меҳани исломиро содиқона ва шуҷоона пос дошт".
Вазири дифои Исроил соате баъд аз эълони хабар гуфт, дар ҷараёни як ҷаласаи арзёбӣ бо раиси Ситоди артиш аз ин ҳамла хабардор шудааст.
Исроил Катс афзуд, "раҳбарони Эрон бо эҳсоси таъқиб ва таҳдид зиндагӣ мекунанд. Мо пайгирии ҳар яке аз онҳоро идома хоҳем дод."
Маҷид Ходимӣ дар тобистони порсол ва дар пайи кушта шудани Муҳаммад Козимӣ дар ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон ба раёсати созмони иттилооти Сипоҳ расид.
Вазорати хазонадории Амрико соли гузашта ӯро дар феҳрасти шахсони зери таҳрим қарор дод.
Мансабдорони Амрико созмони иттилооти Сипоҳро "сутуни корзори хушунати густарда, боздоштҳои худсарона ва иръоб (шантаж)" номиданд. Корзоре, ки бо ҳадафи аз байн бурдани мавҷи эътирозҳо дар Эрон анҷом шудааст.
ИМА аз оғози ҷанг бо Эрон 7 ҳавопаймои ҷангиро аз даст додааст
Аз оғози ҷанг бо Эрон дастикам 7 ҳавопаймои ҷангии ИМА сарнагун шудааст.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии CNN яке аз охирин ҳавопаймоҳои нобудшудаи ҷангӣ F-15E Strike Eagle аст, ки рӯзи 3-юми апрел аз ҷониби нерӯҳои Эрон сарнагун карда шуд. Ҳавопаймои навъи А-10 Thunderbolt II ҳам, ки дар амалиёти наҷоти халабонҳои ҷангандаи F-15 ширкат мекард, мавриди ҳамла қарор гирифт.
Бино ба навиштаи CNN, рӯзи дуюми март се ҳавопаймои ҷангии навъи F-15 аз сӯйи нерӯҳои Кувайт нобуд карда шуд ва 12-уми март ҳавопаймои КС-135 дар Ироқ суқут карда, сабаби марги 6 нафар шуд. Ҳамин тавр рӯзи 27-уми март дар пайи ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арабистони Саудӣ, ҳавопаймои дигари низомии Амрико, E-3 Sentry сарнагун шуд.
Рӯзи якшанбе хабар дода шуд, ки наҷотдиҳандагони амрикоӣ халабони дуввуми ҳавопаймои сарнагуншудаи F-15 дар Эронро пайдо карданд. Телевизионии CBS News, навиштааст, ки дар ҷарраёни амалиёти наҷот ИМА ду ҳавопаймои худро нобуд кард, то ба дасти нерӯҳои Эрон наафтанд.
Ҷустуҷӯйи тило дар Фондарё бо марги як нафар анҷом ёфт
Ҳангоми ҷустуҷӯйи тило дар Фондарё як сокини ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидааст.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Зарафшон гуфт, ҳодиса субҳи панҷуми апрел дар мавзеи оби Хуиҷи ҳамин ноҳия рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ду сокини деҳаи Вотаи Урметан бо ҳадафи дарёфти тило ба мавзеи хатарноки дарё ворид шуда, яке аз онҳо ғарқ гардидааст.
Мақомот “риоя нагардидани қоидаҳои бехатариро ҳангоми убури дарё” сабаби ҳодиса номиданд.
Нафари дувумро, ки дар тарафи дигари дарё дармонда буд, наҷот додаанд.
Аз нафари фавтида ном бурда нашудааст ва ҷустуҷӯйи ӯ аз сӯйи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома дорад.
Ғолибони мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ муайян шуданд
Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе», ки 5-уми апрел дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия ба поён расид.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори ҳафтум сурат гирифт, варзишгарон аз 25 кишвар дар вазнҳои -65 кг, -78 кг, -86 кг, +86 кг байни мардон ва дар вазни то 70- килограмм миёни занон рақобат карданд.
Дар сабқати мардон дар ду вазн паҳлавонони тоҷик –Ёсин Бобокалонов (-65 кг) ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-78 кг) - ғолиб шуданд. Бобокалонов дар финал паҳлавони дигари тоҷик Сарвар Абдушукуровро мағлуб кард. Наҷмиддинов бошад, дар финал бар паҳлавони узбекистонӣ Умед Эсанов дастболо шуд.
Ҳамин тариқ, дар вазни то 65 кило Ёсин Бобокалонов медали тило, Сарвар Абдушукуров медали нуқра, Дилшод Буриев ва Артём Штурбабин, ҳарду аз Узбекистон, медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар вазни то 78 кило Маҳмадшариф Наҷмиддинов бо медали тило, Умед Эсанов бо медали нуқра, Қоим Шукронов аз Тоҷикистон ва Адилет Ахметгалӣ аз Қазоқистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Дар ду вазни дигар байни мардон гуштигирони Узбекистон Аҳрор Зиёдуллоев ва Шоҳруххон Бахтиёров бар намояндагони Тоҷикистон ғалаба карданд. Зиёдуллоев дар финали вазни то 86 кило бар Ҳақназар Назаров пирӯз шуд. Бахтиёров бошад, дар финали вазни +86 кило Шарифҷон Назриевро шикаст дод.
Дар вазни то 86 кило Аҳрор Зиёдуллоев бо медали тило, Ҳақназар Назаров бо медали нуқра, Ёқубҷон Назиров аз Русия ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар вазни беш аз 86 кило Шоҳруххон Бахтиёров медали тило, Шарифҷон Назриев медали нуқра, Бекмурод Олтибоев аз Узбекистон ва Ҳусейн Холмурзаев аз Русия медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни занон дар вазни то 70 кило Камила Бадурова бар ҳамватани худ Алёна Прокопенко пирӯзӣ ба даст оварда, бо медали тило сарфароз гашт. Прокопенко бо медали нуқра, Алина Молдоқулова аз Қирғизистон ва Юлия Гребеножко аз Украина бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» - мақоми байнулмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштигирӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардид.
"Гулӯгоҳро боз кунед, вагарна..." Ҳушдори дигарбораи Трамп ба Эрон
Доналд Трамп, президенти Амрико дигарбора ҳушдор дод, ки агар Теҳрон гулӯгоҳи Ҳурмузро боз накунад, ба зерсохторҳои ин кишвар зарбаи сахт хоҳад зад.
Ин изҳороти шадиди ӯ чанд соат пас аз эълони хабари наҷоти охирин халабони ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуд, садо дод.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" бо лаҳни бисёр шадид ва дурушт навишт: "Рӯзи сешанбе дар Эрон "Рӯзи неругоҳҳо" ва "Рӯзи пулҳо" хоҳад буд. Чизе шабеҳи онро то ҳол надидаед!!! гулӯгоҳи лаънатиро боз кунед, вагарна дар дӯзах зиндагӣ хоҳед кард"- гуфтааст Трамп.
Дар мусоҳиба бо рӯзномаи "The Wall Street Journal" рӯзи 5-уми апрел, вай гуфт, ки Эрон бояд ин оброҳаро дар давоми ду рӯз боз кунад, вагарна “онҳо ҳама неругоҳҳои барқӣ ва ҳар корхонаи дигареро, ки дар саросари кишвар доранд, аз даст хоҳанд дод".
Ӯ дар як паём "Сешанбе, соати 20:00"-ро мӯҳлати охирин эълон кард, аммо тафсилоти бештаре надод. Раисҷумҳури Амрико пештар таҳдид карда буд, ки агар дар 48 соат гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз боз нашавад, нерӯгоҳҳои Эронро “торумор” мекунад.
Бо вуҷуди таҳдидҳо, Трамп дар мусоҳиба бо "Fox News" гуфт, ки Теҳрон “ҳоло дар ҳоли гуфтушунид аст" ва ӯ бовар дорад, ки дар 24 соати оянда "имкони хубе" барои расидан ба созиш вуҷуд дорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамла ба нерӯгоҳҳои ин кишвар ба нерӯгоҳҳо дар минтақа ҳамла хоҳад кард. Раиси Парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, дар як вокуниши тунд, рӯзи 5-уми апрел гуфт, Вашингтон бояд “ба ин бозии хатарнок” ва ҷанг хотима диҳад.
Вай Амрикоро ба "иқдомҳои бемулоҳиза" муттаҳам кард ва гуфт, ки “тамоми минтақа хоҳад сухт”
Эълони ташхиси ройгони тиббӣ дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки сокинони кишвар метавонанд ин ҳафта бепул ё ройгон аз ташхиси тиббӣ ва муоинаи пизишкон гузаранд.
Ба иттилои расмӣ, дар доираи иқдоми ҳафтаи саломатӣ ва рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, аз 6 то 10-уми апрел "мутахассисон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир" сокинонро ройгон ташхис мекунанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, рӯзи аввали чорабинӣ дар беморхонаи маъруф ба Клиникаи Мансуров мегузарад ва сокинон аз субҳ метавонанд барои гузаштан аз ташхиси ройгон ва гирифтани машварати тиббӣ ба ин дармонгоҳ муроҷиат кунанд.
Рӯзи 7-уми апрел бошандагони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ метавонанд барои гузаштан аз ташхиси бепул ба дармонгоҳи ҷойи зисташон раванд.
Барои сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ин иқдом рӯзи 8-уми апрел баргузор мешудааст.
Солҳои гузашта низ сокинон ройгон аз ташхиси пизишкон мегузаштанд. Ин иқдом боис мешуд, ки одамони зиёде барои бепул супоридани ташхис дар назди беморхонаҳои давлатӣ ҷамъ шаванд.
Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Онҳое, ки тавони пардохтро надоранд дар рӯзи ҷаҳонии тандуруст ба беморхонаҳо шитофтаанд.
Саршумори як ҳайвони нодири Тоҷикистонро аниқ мекунанд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон барои ҳисоб кардани саршумори ҷонвари нодири бузи "Морхӯр" кормандонашро ба минтақаи баландкуҳи кишвар фиристодааст.
Ба иттилои расмӣ, мутахассисон бояд ҳисоб кунанд, ки дар кишвар чанд сар бузи "Морхӯр" ҳаст.
Мақомот мегӯянд, ин кор "барои муайян намудани вазъи воқеии саршумори бузи кӯҳии морхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ" ва роҳҳои ҳифзи ин ҷонвари нодир зарур аст.
Тибқи маълумоти ахири Оҷонси омор, давоми даҳ соли ахир саршумори бузи "Морхӯр" дар Тоҷикистон аз 1900 то 6827 сар зиёд шудааст.
Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Иҷозаи шикори ҳайвоноти нодирро бештар хориҷиён харидорӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон имсол барои шикори танҳо 24 сар бузи “Морхӯр” иҷозат додааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта аз мақомоти расмӣ ва донишмандон хоста буд, саршумори чанде аз ҷонварҳои нодир, аз ҷумла, бабри барфӣ, морхӯр ва меши кӯҳӣ ва ё архарро аз нав дақиқ карда, ба ҳукумат гузориш бидиҳанд.
Зилзила ба 22 хона дар Тоҷикобод зарар расондааст
Дар пайи заминларзаи рӯзи 3-юми апрел 22 хона дар ноҳияи Тоҷикобод зарар дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 16 хонаи истиқоматӣ дар ҷамоати Ширинчашма ва 6 манзили дигар дар ҷамоати Нӯшор "зарари сабук" дида, як оғилхона пурра хароб шудааст.
"Дар натиҷаи заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабари расмӣ.
Мақомот мегӯянд, комиссияи вижа ҳаҷми пурраи зарарро муайян мекунад. Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор хабар доданд, ки дар пайи заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод тарма фаромадааст.
Навор аз ҷойи ҳодиса:
Рӯзи 3-юми апрел ду заминларза чанд минтақаи Тоҷикистонро такон дод. Як зилзила соати 15:26 ва дуввумӣ соати 21:12 сабт шудааст.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Тоҷикистон, қувваи заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш 4–5 ва дар Душанбе 2 дараҷа буд.
Ларзиши ин зилзила дар Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон низ эҳсос шудааст. Бар асари ин зилзила ҳашт нафар дар вилояти Кобули Афғонистон ҷон бохтанд.
Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.
"Ӯро пайдо кардем". Трамп аз наҷоти халабони амрикоӣ дар Эрон хабар дод
Халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуда буд, наҷот дода шудааст.
Ин хабарро президент Доналд Трамп субҳи 5-уми апрел дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social пахш кард. "Мо ӯро пайдо кардем. Ӯ ҷароҳат бардоштааст, аммо хуб мешавад", - навишт Трамп.
Раиси ҷумҳури Амрико дар паёмаш навиштааст, дар ҷараёни амалиёти наҷоти халабон, ягон амрикоӣ кушта ё захмӣ нашудааст.
Як мақоми амрикоӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "маъмурият иҷро шуд".
Дар бораи пайдо шудани халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15E дар Эрон, нахуст хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд.
Чанд расона, аз ҷумла рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" гузориш доданд, ки халабон дар ҷанубу ғарби Эрон пайдо шуда, барои табобат ба як дармонгоҳи Кувайт интиқол ёфтааст. Дар бораи вазъи саломатии ин низомӣ маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ин афсар, ки масъули низоми идоракунии силоҳ (WSO) буд, аз сӯи нерӯҳои махсуси ИМА ва дар як амалиёти мураккаб наҷот дода шуд.
Ба гузориши шабакаи Fox News, халабон ва ҳам гурӯҳи наҷот аз Эрон хориҷ шудаанд.
Мансабдорони ИМА гуфтанд, ки Сипоҳи посдорон ва неруҳои Басиҷ талош карданд монеи амалиёти наҷоти халабон шаванд ва низомиёни амрикоӣ бо онҳо даргир шуданд.
Ба гузоришҳои расонаҳо, ду ҳавопаймои борбари амрикоӣ, ки дар амалиёти наҷоти халабон иштирок доштанд, натавонистанд аз як пойгоҳи Эрон берун шаванд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ин ду ҳавопайморо пеш аз афтидан ба дасти нерӯҳои эронӣ нобуд кардаанд.
Ҳарду халабони ҷангандаи F-15 баъди сарнагун шудани ҳавопаймоашон дар ҷанубу ғарби Эрон, худро ба берун партофтаанд. Ба гузориши расонаҳои Axios ва Fox News, онҳо бо истифода аз таҷҳизоти алоқаи фаврӣ бо нерӯҳои ИМА тамос барқарор карданд.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар Эрон суқут кард. Сипоҳи посдорон эълон кард, ки ин ҷангандаро сарнагун кардааст.
Ин ҳавопаймо ду сарнишин дошт, ки яке аз онҳо дар ҳамон соати аввал аз сӯи нерӯҳои артиши Амрико наҷот ёфт, аммо халабони дуввум пайдо набуд. Сипоҳи посдорон ҳам ба ҷустуҷӯи ин халабони амрикоӣ пардохт ва барои ёфтани ӯ ба мардум ҷоиза ваъда кард.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар ҷанг бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел ҳамчунин як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба шабакаи NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.
Рейтерз: артиши Амрико халабони дуввумро дар хоки Эрон ёфт
Халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуда буд, наҷот дода шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" субҳи якшанбеи 5-уми апрел ба нақл аз ду мақоми амрикоӣ хабар дод.
То ҳол ҳеч мақоми расмӣ дар Пентагон ин хабарро тасдиқ накардааст. Сипоҳи посдорон низ дар ин бора чизе нагуфтааст.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар Эрон суқут кард. Сипоҳи посдорон эълон кард, ки ин ҷангандаро сарнагун кардааст.
Ин ҳавопаймо ду сарнишин дошт, ки яке аз онҳо дар ҳамон соати аввал аз сӯи нерӯҳои артиши Амрико наҷот ёфт, аммо халабони дуввум пайдо набуд. Сипоҳи посдорон ҳам ба ҷустуҷӯи ин халабони амрикоӣ пардохт ва барои ёфтани ӯ ба мардум ҷоиза ваъда кард.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар ҷанг бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел ҳамчунин як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба шабакаи NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.
Ҳамлаҳои нав ба сохтмонҳои ёрирасони нерӯгоҳи Бушаҳр осеб расондааст
Дар идомаи бомбаборони бандарҳои ҷануби Эрон дар рӯзи 4 апрел, ки маълум нест аз сӯи Исроил ё Амрико сурат гирифтааст, Бушаҳр низ дар ҳамин рӯз ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлае, ки таркишҳои он ба нерӯгоҳи атомии Бушаҳр ҳам расид.
Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон навиштааст, ки субҳи шанбе "як партоб дар наздикии атрофи нерӯгоҳи атомии Бушаҳр бархӯрд... ва бар асари мавҷи инфиҷор ва таркишҳои ин ҳамла, яке аз биноҳои ҷонибии нерӯгоҳ дучори осеб шуд".
Ба навиштаи "Тасним", дар ин ҳамла яке аз кормандони бахши ҳифозати физикии нерӯгоҳ ҳам ба ҳалокат расидааст.
Баррасиҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки "чаҳорумин ҳамла" ба нерӯгоҳи Бушаҳр осебе ба бахшҳои аслии нерӯгоҳ ворид накарда ва "раванди баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳ низ таҳти таъсир қарор нагирифтааст".
Дар ҳафтаи ҷорӣ қарор аст ҳудуди 200 корманди рус нерӯгоҳи Бушаҳрро тарк кунанд. Ҳафтаи гузашта Русия эълон карда буд, ки 162 нафар аз коркунони худро аз ин маҳал берун бурдааст.
Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон сафири нав таъйин кард
Холид Аш-Шамронӣ сафири нави Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Валид Абдурраҳмон Ар-Рушайдон шуд, ки аз августи соли 2021 то декабри 2025 сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон буд.
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон эълон кард, ки сафири навтаъйини ин кишвар Холид Аш-Шамронӣ рӯзи 3 апрел дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супурд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар хабарномае гуфт, ки Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Холид Аш-Шамронӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Риёз баррасӣ карданд.
Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи ду кишвари арабӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон сафорати худро дорад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ин кишвари нафтхези арабӣ равобити ҳасана дорад. Арабистони Саудӣ солҳои ахир ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.
Аз ҷумла, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд тобистони соли гузашта барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 100 миллион ва ҳам барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод.
Як ширкати дигар арабистонӣ бо номи ACWA Power ҳам мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунад.
Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ҳамасола ба ҳазорон хонаводаҳои ниёзманди тоҷик сабади ғизо пешниҳод мекунад.
Аз ҷумла, ин марказ аввали соли 2025 ба 7 ҳазор хонаводаи камбизоати Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона дода буд. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Аммо сифати ин маҳсулот интиқодҳоеро дар пай дошт, ҳарчанд намояндагони Сафорати Арабистон гуфтанд, онҳо пул медиҳанд ва маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд.
Ҳалокати 8 нафар аз зилзила дар Афғонистон
Бар асари зилзилаи шаби ҷумъа ба шанбе, ҳашт нафар дар вилояти Кобули Афғонистон ҷон бохтаанд.
Мақомоти ҳукумати Толибон дар вилояти Кобул эълон карданд, ки ин зилзила хонаеро дар ноҳияи Багромии ин вилоят вайрон кард ва ҳама аъзои як хонавода ба ҳалокат расиданд.
Ҳофиз Башорат, сухангӯи мақоми вилояти Кобул дар ин эъломия гуфт, ҷонбохтагон падар, модар, чаҳор духтар ва ду писари ин хонавода буданд.
Як кӯдаки хурдсол дар ин ҳодиса захмӣ шудааст.
Бар асоси ин эъломия, шидати ин зилзила 5,8-дараҷа буд ва минтақаҳои дигари Афғонистонро низ такон дод.
Маркази заминшиносии Амрико ҳам эълон кард, ки заминларзаи 5,8-дараҷаӣ соати 21:12 (ба вақти Душанбе) минтақаро такон дод, ки маркази он Ҳиндукуши Афғонистон аст.
Ларзиши ин зилзила дар бахшҳое васеъ аз Тоҷикистон, Покистон ва Ҳиндустон низ эҳсос шудааст.
Пештар Маркази таҳқиқоти улуми замини Олмон эълон карда буд, ки заминларзаи 5,5-дараҷаӣ минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистонро ларзонд. Ин марказ афзуд, ки ин заминларза дар умқи 10-километрии замин рух додааст.
Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.
Дар Қрим як ҳавопаймои ҷангии Русия суқут кардааст
Дар Қрими ишғолӣ ҳавопаймои ҷангии навъи Су-30-и Русия суқут кардааст.
Хабаргузории русии "Интерфакс" бо такя ба Вазорати мудофиаи Русия навиштааст, ки ҳавопаймои ҷангӣ соати 11:00-и рӯзи 3-юми апрел ҳангоми парвози таҳрезишудаи омӯзишӣ ба садама дучор шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, парвоз бидуни лавозимоти ҷангӣ сурат гирифтааст. Сарнишинон бо васоили хос, ки маъмулан ҳангоми рух додани садама истифода мешаванд, худро ба замин андохта, наҷот ёфтаанд.
Аз ин пеш, рӯзи 31-уми март низ дар Қрими ишғолӣ ҳавопаймои низомии боркаши Ан-26-и Русия суқут карда буд. Расонаҳо навиштаанд, ки дар дохили он 30 нафар, ҳафт сарнишин ва 23 мусофир будаанд, ки ҳалок шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, ин ҳавопаймо ба кӯҳпора бархӯрдааст. Мақомоти Русия сабаби садамаро "нуқси техникӣ" номидаанд.
Бахши русии Би-би-си навиштааст, ки дар миёни кушташудагон эҳтимол генерал-лейтенант Александр Отрошенко низ будааст.
Қрим, як бахше аз хоки Украина буд, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст.
Русия донишҷӯёнро ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад
Донишгоҳҳои Русия ӯҳдадор шудаанд, ки тибқи нақшаи муайяншуда донишҷӯёнро бо ҳадафи ширкат дар ҷанг бо Украина ба артиш сафарбар кунанд.
Бино ба навиштаи нашрияи Faridaily, ҳар як Донишкадаву Донишгоҳ вазифадор шудааст, ки камаш ду дарсади донишҷӯёнро ба бастани қарордод барои рафтан ба артиш водор созад.
Хабарнигорони нашрия ба нақл аз дӯстони ректори яке аз таълимгоҳҳои Маскав навиштаанд, дар оғози соли равон вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар ҷаласае эълон кардааст, ки ду дарсади донишҷӯён аз Донишгоҳҳо ҳадди аққал барои як сол бояд бо Вазорати дифоъ қарордод банданд.
Хабарҳо дар бораи ҷалби фаъолонаи донишҷӯён дар Русия аз охири соли гузашта расонаӣ шуда буд. Ба донишҷӯёнӣ мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ пешниҳод доранд, ки рухсатии академикӣ гирифта, ба ҷанг раванд. Мақомот кӯшиш доранд, ки донишҷӯёнро дар бахши идоракунии бесарнишинҳо ҷалб кунанд.