Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Ҳасан: "Хатти кӯфӣ самараи фикр ва андеша аст"


Дар ин лавҳа бо хатти кӯфӣ "Тоҷикистон" навишта шудааст.

Ин хаттоти ҷавони тоҷик бо таассуф мегӯяд, ки дирӯз бо даст ва ҳунари хеш дару девори биноҳои бузурги Бухоро ва Самарқанди хешро пур аз нақшу нигори хушнависӣ намудем ва имрӯз барои ин вазифа ҳунармандони беруниро даъват менамоем.

Ҳаким Ҳасан, хаттоти ҷавон мегӯяд, дар Тоҷикистони мо имрӯз дар соҳаи хушнависӣ кадрҳои тавоное надорем, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби қонун ва қоидаҳои хушнависӣ, асарҳое тақдим карда тавонанд.

Дастони ҳунарофари ин ҷавони тоҷик ба ҷои хаттотӣ ва ороиши биноҳо ба сабки ниёгон дар сарзамини худ, дар сохтмонҳои кишвари ғайр хишт мечинанд. Мегӯяд, мавсими гармо дар Русия ва Қазоқистон дар сохтмонҳо кор мекунад ва дар дар зимистон ба ватан бармегардад.

Ҳаким Ҳасан дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар хонадони деҳқон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи умумӣ ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия сафар карда, то маблағе ба даст оварда марҳилаи донишгоҳии хешро дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо оғоз бахшад. Бо афсӯс мегӯяд, ки "ҳанӯз аз ин бахти ояндасоз бенасибам."

Озодӣ: Мегуфтед, ки чи гуна ба ҳунари хаттотӣ ворид шудед?

Ҳаким Ҳасан: Рости гап, ман ин ҳунарро аз ҳеҷ кас ёд нагирифтаам. Ин ҳунари худомӯз ва худододист. Яъне, ин хат (манзур хати кӯфӣ) ва дигар хатҳо эҳтиёҷ ба устод доранд, то ҳама қонун ва қоидаҳоро аз ӯ ба таври дуруст биёмӯзӣ. Вале афсӯс, ки маро дар ин хат ҳеҷ кас ва лав ба ишорае раҳнамоӣ накардааст. Азоби беустодиро дар солҳои аввал хеле сахт кашидам. Шояд боварнокарданӣ бошад... Вале ин ҳақиқат дорад. Албатта муаллими хат доштам, ки дигар намудҳои хатҳоро ба мо меомӯхт, вале он муаллим аз хати кӯфии баноӣ ҳатто ном ҳам намебурд. Тавре гуфтам, ин хат нодиртарини хатҳост, чунки мушкилтарин онҳост. Табиист ки одамон аз он чӣ мушкил аст, мегурезанд то асабҳои нозуки хешро ба як хатте, ки мағз ва устухонро мехӯрад, вайрон накунанд.

Озодӣ: Чунин ба назар мерасад, ки чира шудани ба ин хат маҳорати рассомӣ ва тасвирофариро ҳам талаб дорад?

Дар ин нигора калимаи "Душанбе" навишта шудааст.
Дар ин нигора калимаи "Душанбе" навишта шудааст.
Ҳаким Ҳасан: Бояд қайд кард, ки банда қабл аз хаттот шудан рассоме будам, ки ҳамеша дунболи тасвири зебоиҳои табиат будам. Соли 2000 буд, ки чашмам ба як асари ҳунарӣ бо хатти кӯфии ҳандасӣ (биноӣ) афтод. Ин асар ҳам як ситораи ҳашткунҷа буд, ки ҳашт бо калимаи поки Аллоҳ дар он нақш ёфта буд. Асаре, ки ду ҳунарро дар ҳам омехта буд, яъне ҳам расм ва ҳам хатро. Ин асар маро ба фикр ва андеша ва заҳмати бепоён фурӯ бурд, то онҷое ки аввалин асари хешро дар ҳамин сол эҷод кардам.

Озодӣ: Аввалин асари офаридаатон чӣ буд?

Ҳаким Ҳасан: Номи пойтахти фарҳангии тоҷикон Бухоро буд.

Озодӣ: Ҳоло, ки шумо дар хатти кӯфӣ чирадаст ҳастед, бигӯед ки хати кӯфӣ яъне чӣ...?

Ҳаким Ҳасан: Хатти кӯфии биноӣ, ки бо бо номҳои кӯфии мураббаъ, кӯфии чаҳоркунҷа, кӯфии биноӣ, кӯфии муъаққалӣ машҳур аст, аз мушкилтарин анвои хатҳои арабиасос ва дигар хатҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки ҳеҷ хатте мисли он душворнавис нест. Ин маънои онро дорад, ки мушкилтарин ва волотарин ҳунар дар соҳаи ҳунари хушнависии ҷаҳонӣ навиштан бо ин хат аст.
Ҳаким Ҳасан
Ҳаким Ҳасан
Кам будани асарҳои таърихӣ бо ин хат ва набудан ё кам будани ҳунармандон дар ин соҳа, далели қотеи гуфтаҳои қаблӣ мебошанд. Фарҳаншиноси эронӣ Муҳаммад Муъин дар бораи ин хат мегӯяд, (метавон гуфт ки ҳеҷ навъи хате дар ҷаҳон ба андозаи хатти кӯфӣ барои зинат додан ва ороиш муносиб нест...) Ман бошам баъд аз дидани асарҳои таърихӣ ва имрӯзаи ин хат, метавонам гуфт, ки иншоаллоҳ аз дигарон хубтар офаридаам ва диданӣ.

Озодӣ: Вижагии ин хат аз дигар хатҳо чист?

Ҳаким Ҳасан: Хати кӯфӣ шохаи бисёр дорад, ки хати кӯфии биноӣ аз ҳамаи онҳо аз дигар намудҳои хатти арабӣ дар нуқоти зерин фарқ мекунад. Аввал ин, ки хати кӯфии биноӣ самараи фикр ва андеша аст ва дигар хатҳо ҳосили дасти машқ ва тамрини дида. Дувум, бо дигар хатҳо ҳунарманд ҳар чӣ хоҳад, бе ягон мамониат менависад. Бо хати кӯфии биноӣ бошад ҳунарманд дар навиштани ҳатто як калима дар бисёр авқот оҷиз мемонад. Азбаски хати кӯфии биноӣ мушкилтарин навъи хат на танҳо дар байни дигар хатҳои арабӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аст, дастовардҳо метавонанд камтар ба назар расанд, зеро ҳар чи мушкил ва душвор аст, осон ба даст намеояд. Вале бо тамоми боварӣ метавон гуфт, ки Худо хоҳад дастовардҳои банда дар таърихи ин хати басо зебо сафҳаи наверо хоҳад кушод.

Озодӣ: Ҳоло аз дастовардҳои хуб бигӯ......

Дар ин нигора бо хати кӯфӣ "Бисмиллоҳи раҳмони раҳим" навишта шудааст.
Дар ин нигора бо хати кӯфӣ "Бисмиллоҳи раҳмони раҳим" навишта шудааст.
Ҳаким Ҳасан: Дар мусобиқаи хати арабӣ ба муносибати эълон гардидани Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ (2010), Ҷашнвораи хушнависии СҲИ (ЕКО) дар шаҳри Душанбе соли (2011), Ҷашнвораи "Бисмиллоҳ" дар Эрон( 2012), Намоишгоҳи Шориқаи Имороти Муттаҳидаи Араб( 2014), Намоишгоҳи хатти арабӣ дар шаҳри Мадинаи Мунаввараи Арабистони Саудӣ (2014) ва Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон (2014) ширкат кардам. Муҳим ин нест, ки ман дар ин ҷашнвораҳо чи ҷойгоҳеро соҳиб шудам ё нашудам. Ҳамин кофист, ки тавонистам бо нодиртарин ва душвортарин ҳунар миллат ва ватани хешро шиносоӣ намоям. Ҳунари воло ва асил, ки реша дар умқи фарҳанги миллати мо дорад, ҳамеша харидори худро дорад ва хоҳад дошт.

Озодӣ: Дар бораи нақшаҳои ояндаи худ чизе мегуфтед...

Ҳаким Ҳасан: То ҳанӯз дар ҳудуди имконоти хеле маҳудуди хеш саъй кардам то чизи беҳтаре ба захираи фарҳангии миллати фарҳанговар ва фарҳангпарвари хеш эҳдо намоям. Нақша ва ҳадафи баъди ҳам ҳамин аст. Вақте фарҳанг ҳастии миллат ва сабаби бақои он аст, бояд барои рушд ва нумӯъ ва ривоҷ додани он дар ҷомеа ва берун аз он саъй кард, то миллат ҳам бо мояи ҳастии хеш хуб ошно гардад ва дигарон ҳам бо ин иқтидор ва тавоноӣ онро бишносанд.

Озодӣ: Вале ҳамзамон ҳам муҳоҷират ва ҳам ҳунарофарӣ магар кори мушкил нест...?
Дар ин нигора 28 бор номи Аллоҳ ва 8 бори номи паёмбар Муҳаммад (сс) навишта шудааст.
Дар ин нигора 28 бор номи Аллоҳ ва 8 бори номи паёмбар Муҳаммад (сс) навишта шудааст.
Ҳаким Ҳасан: То ҳунар омили даромад ва ҷалб ризқ набошад, ба он машғул шудан ва онро равнақ додан амри хеле мушкил аст. Зеро бори мушкилоти зиндагиро наметавон як сӯ гузошт ва танҳо бори фарҳангофарӣ ва ҳунарпарвариро ба дӯш гирифт. Лиҳозо, маҷбур шудам муҳоҷирати меҳнатиро пеша карда дар диёри ғурбат дунболи ризқ ва рӯзии хонадони хеш гардам. Албатта, ҳунар дар ин сурат агар таваққуф ҳам накунад, суръати лозими хешро ба сӯи такомул аз даст хоҳад дод. Чунки вақти барояш ҷудогардида басанда нест, вале чи илоҷ ки дигар чора нест.

Озодӣ: Дар Тоҷикистон, ки имрӯз сохтмони бинои бузургтарин масҷид ва маркази исломӣ идома дорад, оё асарҳоятонро барои истифода бурдан дар нақшу нигори ин биноҳо пешниҳод кардаед?

Ҳаким Ҳасан: Хати кӯфии биноӣ хати ҳандасӣ ва муносибтарин хате мебошад, ки дар тӯли таърих аз он бо санг ва сафолҳои рангоранг ва гуногунҳаҷм дар ороиши биноҳо истифода мекарданд. Бисёр мехостам, то бо масъулин ва муҳандисони ин биноҳо аз наздик дар ин маврид сӯҳбат кунам, то дар деворҳои ин биноҳо бо ҳунари худ лавҳаҳои ҳунарӣ сохта, онҳоро ба бузургтарин марказҳои сайёҳӣ-фарҳангӣ табдил диҳам. Боварии комил дорам, ки мо тоҷикон аз ӯҳдаи ин корномаи бузурги фарҳангӣ мебароем ва Душанбеи мо аз Самарқанд ва Бухорои таърихӣ фарҳангитар мегардад.

Озодӣ: Оё барои шумо дар Тоҷикистон пешниҳоди кор шуд?

Ҳакими Ҳасан: Ройзании фарҳангии Эрон дар Душанбе пешниҳоди муаллими хатти форсӣ шуданро карда буд, вале дипломи донишгоҳӣ надорам.

Озодӣ: Ҳоло фикр мекунед, чи ҷойгоҳе дар ҳунари хаттотӣ хоҳед дошт?

Ҳаким Ҳасан: Бо асарҳои таърихӣ ва навини ҳунармандони ин хат, ки дар саҳифаҳои интернет ва баъзе китобҳо ба чашмам хӯрданд, асарҳоямро муқоиса карда боварии комил ёфтам, ки Худо хоҳад, асарҳоям то кунун дар таърихи ин хат беназиранд. Ва иншоаллоҳ ояндаро беҳтар мебинам. Вале афсус, ки ин ҳунари воло ва нодир ва воқеан ҳам дар таърихи фарҳанги мо нотакрор қурбони корҳои сохтмонии диёри ғурбат шудааст. Баъзе аз хаттотони машҳур, ки давлатҳояшон бо онҳост, осорхонаҳои шахсии худро доранд ва дар осорхонаҳои миллӣ ва ғайри милии ватани хеш махсус утоқҳои худро доранд, ки аз онҷо асарҳояшонро ба фурӯш мераванд. Яъне, барояшон давлат шароите муҳайё кардааст, ки бо ҳунари худ нон хӯранд ва фақат дар фикри ҳунари худ бошанд. Ба ҳамин осонӣ як давлат метавонад фарҳангофаринонашро дастгирӣ намуда, фарҳанпарвари воқеӣ бошад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG