Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъмоли гӯшти ҳалол дар Амрико роиҷ мешавад. ВИДЕО


Ширкатҳои амрикоӣ рӯз ба рӯз истеҳсоли маҳсулот бо тамғаи ҳалолро зиёд мекунанд, чун талабгорони гӯшти ҳалол ва дигар маҳсулоти мутобиқ тавлидшуда бар тибқи шариат афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи хабарнигорони “Садои Амрико” на танҳо эътиқоди мусулмонон ба истеъмоли гӯшти ҳалол, балки дигар омилҳо талабот ба маҳсулоти ҳалолро афзоиш додааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Истеъмоли гӯшти ҳалол дар Амрико роиҷ мешавад?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:47 0:00

Яке аз мағозаҳои ҳалол дар аёлати Вирҷиния, ки муштариён барои хариди гӯшт ва маҳсулоти ҳалол меоянд.

Самир, муҳоҷири урдунӣ, мегӯяд, ки “бинобар талаботи дин, мо ба хӯрдани гӯшти ҳалол бартарӣ медиҳем.” Соима аз Покистон ҳам гуфт, “ману бачаҳоям гӯшти ҳалол мехӯрем. Фақат шавҳарам инро риоят намекунад.”

Бо афзоиш ёфтани аҳолии мусулмон дар Амрико, талабот ба гӯшти ҳалол зиёд мешавад. Ҳорун Латиф аз ширкати “Динор Стандарт”, бозори гӯшти ҳалолро таҳқиқ мекунад. Сабабҳои афзоиши талаботро чунин шарҳ дод.

Ҳорун Латиф гуфт, "бо сабаби афзоиши аҳолии мусулмон дар Амрико, ки ба 5.8 миллион нафар расидаанд, истеъмоли гӯшти ҳалол ҳам афзоиш ёфтааст. Айни замон мардуми зиёди ғайримусулмон ҳастанд, ки гӯшти ҳалол мехӯранд."

Қассобон мегӯянд, бо зиёдтар шудани мизоҷони гуногунмиллат фурӯши гӯшти ҳалол низ афзудааст. Асадуллоҳ, қассоб, гуфт, “худи амрикоиҳо ҳам, воқеан, гӯшти ҳалолро меписанданд. Бахусус гӯшти бузича ва гӯсфандро.”

Ҳорун Латиф аз ширкати “Динор Стандарт” мегӯяд, амрикоиҳо агар надонанд ҳам гӯшти ҳалол чист, вале онро мехаранд. “Гӯшти ҳалол дар бисёре аз мағозаҳои калон ба мисли Костко, Волмарт ва мағозаҳои хурди алоҳида ҳаст. На ҳамеша тамғаи ҳалол дорад, чун дар баъзе ҳолат аз аксуламали мизоҷони ғайримусулмон метарсанд”, - афзуд ӯ.

Ба қавли коршиносон, огоҳии мардуми Амрико дар бораи гӯшти ҳалол зиёдтар мешавад, аммо ба гуфтаи иддае дигар пешниҳоди он дар ресторанҳо ва ҷашнвораҳои маҳсулоти ҳалол метавонад, мардумро бо ин маҳсулот ошнотар кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG