Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ узви як оила дар садамаи Шаҳристон


Дар натиҷаи ба дохили сой афтодани як мошин дар ноҳияи Шаҳристон панҷ узви як оила ба ҳалокат расидаанд, ки як нафарашон ноболиғ будааст. Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ навишт, ҳодиса баъд аз зуҳри 7-уми июл дар ноҳияи Шаҳристон рух дод.

Ба қавли манбаъ, мошини Ҷамшед Худоёрови 20-сола ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз роҳ берун шуда, ба дохили сой сарозер шудааст.

Дар ин ҳодиса чор нафар дар ҷойи ҳодиса ва як каси дигар дар бемористон фавтидааст. Чор нафар аз фавтидаҳо аз 49 то 56 сол доштаанд ва як тани дигар писарбаччаи 10-сола будааст.

Худи ронанда ва 8 мусофири дигари нақлиёт дар бемористон бистарӣ шудаанд. Шаш нафар аз захмиён ноболиғ ҳастанд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Аммо рӯшан нест, ки ки дар дохили нақлиёти “Опел-Зефира” чигуна 14 нафар савор шудаанд, ҳарчанд ҳафт нафарашон ноболиғ будаанд. Ин навъ нақлиёт ба ҷуз ронанда, барои шаш каси дигар ҷойи нишаст дорад.

Дар садамаҳои нақлиётӣ, ки тақрибан ҳар рӯз дар Тоҷикистон рух медиҳанд, сокинон ҷонашонро аз даст медиҳанд ё захмӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG