СЕНТКОМ ё Фармондеҳии марказии артиши Амрико дар шабакаи Х навишт, "бо дастури фармонеҳи кулли нерӯҳо, қувваҳои СЕНТКОМ иҷрои ҳамлаҳои дигаре алайҳи Эрон бо ҳадафи костан аз қудрати ин кишвар барои таҳдиди киштиронии озод дар тангаи Ҳурмузро оғоз кардаанд".
Бар асоси ин баёния, ҳамлаҳои шаби гузашта системаи дифои ҳавоӣ, иншооти назорати соҳилӣ, таҳҷизот ва имконоти баҳрӣ ва зерсохтҳои низомии Эронро дар дарозои навори соҳилии он кишвар ҳадаф қарор додааст.
Аммо баёнияи Фармондеҳии марказии артиши ИМА дар бораи ҳадаф қарор додани як пули роҳи оҳан ва истгоҳҳои барқрасон чизе нагуфтааст.
ЗАРБА БА ПУЛҲО ВА ИСТГОҲҲОИ БАРҚРАСОН
Аммо расонаҳои расмии Эрон аз ҳадаф қарор гирифтани як пули роҳи оҳан дар шимол-шарқи ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаҳои шаби гузаштаи Амрико хабар доданд. Ба гузориши ин расонаҳо, чанд минтақаи Эрон дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаштаи Амрико бебарқ мондаанд.
Садо ва Симои Ҷумҳурии исломӣ дар шабакаи Х навишт, ки "чандин партоб ба пуле дар вилояти Гулистон бархӯрдааст". Дар ҳамин ҳол, Барак Равид, хабарнигори Аxios ба нақл аз як мақоми низомии Амрико, аз ҳадаф қарор гирифтани 2 пули роҳи оҳани Эрон хабар додааст.
Аз замони оғози оташбас байни Эрон ва Амрико, ин нахустин ҳамла дар минтақаҳои шимоли Эрон будааст.
СИПОҲ АЗ ҲАМЛА БА ПОЙГОҲҲОИ ИМА ХАБАР ДОД
Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри як баёния аз ҳамлаҳо ба чаҳор пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Кувайт ва Баҳрайн хабар дод.
Дар ин баёния омадааст, ки нерӯҳои баҳрӣ ва фазоии Сипоҳ пойгоҳҳои Амрико дар "Арифҷон" ва "Али Ас-Солим" дар Кувайт ва "Ҷуффайр" ва "Шайх Исо" дар Баҳрайнро "дарҳам кӯбиданд".
Сипоҳи посдорон ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, дигар пойгоҳҳои низомиёни Амрико дар минтақа ҳам ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.
САДОИ ТАРКИШҲО ДАР БАҲРАЙН ВА КУВАЙТ
Ба гуфтаи хабарнигори хабаргузории "Франс пресс", дар Манома, пойтахти Баҳрайн, садои таркишҳое ба гӯш расид ва чанд лаҳза пеш аз он, бонги хатар ба садо даромада буд.
Ин таркишҳо андаке пас аз он рух дод, ки Сипоҳи посдорони Эрон ваъда дод, ки ба ҳамлаҳои нави Амрико ба шакли "вайронгар ва пушаймонкунанда", посух хоҳад дод. Гузоришҳое ҳам аз ба садо даромади бонги хатар дар Қатар нашр шудааст.
Ҳамзамон артиши Кувайт ҳам аз фаъол шудани системаи дифои ҳавоияш бо "ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ" хабар дод. Артиши Кувайт бо нашри паёме дар шабакаи Х бе ишора ба ҷузъиёт навишт, ки ҳар садои таркише, ки ба гӯши шаҳрвандон бирасад, натиҷаи талоши системаи дифои ҳавоӣ барои раҳгирӣ аз партобҳо аст.
Гуфтугӯ