Президенти Амрико Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Венесуэла ва роҳбари он Николас Мадуро ҳамлаи васеъмиқёсеро бо муваффақият анҷом дод. Мадуро ҳамроҳи ҳамсараш дастгир ва аз кишвар берун бурда шуданд. Ин амалиёт дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА анҷом шуд. Тафсилот баъдан эълон мешавад. Имрӯз соати 11 дар Мар-а-Лаго (Флорида) нишасти хабарӣ баргузор мешавад”.
Трамп дар шарҳи кутоҳе ба рӯзномаи Ню-Йорк Таймз гуфт, “амалиёти мазкур олӣ буд” ва дар асоси нақшаи дақиқе анҷом шуд.
Дар бораи ҷузъиёти ин амалиёт хабари дақиқ дар даст нест. Ҳамчунин маълум нест, ки кадом минтақаҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва оё талафоти ҷонӣ доштанд.
Ноиб-президенти Венесуэла Делси Родригес изҳор дошт, ки ҳукумати Венесуэла аз макони будубоши президент Мадуро ва ҳамсараш огоҳ нест ва аз ИМА талаб кард, зинда будани онҳоро тасдиқ кунад.
Шабакаи амрикоии CBS 3-юми январ гузориш дод, ки раиси ҷумҳури Венесуэларо неруҳои вижаи амрикоии “Delta Force” дастгир кардаанд.
Субҳи 3-юми январ дар шаҳри Каракас, пойтахти Венесуэла чанд таркиш рух дод ва дар пайи он сӯхтор сар зад. Дар ҷануби шаҳр як маркази калони низомӣ бидуни барқ монд.
Бо нахустин таркишҳо дар соати 2-и бомдод ҳукумати Венесуэла дар саросари кишвараш вазъи фавқулода эълон кард. Хабаргузориҳо бо нашри чанд видео аз парвози ҳавопайомҳо бар фарози Каракас хабар доданд.
Ройтерс ба нақл аз шоҳидон дар Каракас гузориш дод, ки барқи шаҳр дар наздикии як пойгоҳи низомии бузург дар ҷануби шаҳр қатъ шудааст.
Пештар Кохи Сафед ҳукумати Венесуэларо ғайриқонунӣ эълон карда онро ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кард. Дар моҳҳои ахир неруҳои зиёди баҳрии Амрико дар минтақа ҷамъ шуданд ва чанд киштии нафткашро ҳам боздошт карданд.
Ҳукумати Венесуэла аз “таҷовузи сахти низомӣ” аз сӯи ИМА хабар дода, ба Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ба чанд “иншооти ҳарбӣ ва низомӣ” ҳамла шудааст.
Николас Мадуро, роҳбари худкомаи Венесуэла ҷойгузини Уго Чавес аст. Мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар Мадуро ва ҳукуматашро ба тақаллуби натиҷаҳои интихоб ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд.
Николас Мадуро 62-сол дошта, 12 соли ахир қудрат дар Венесуэларо дар даст дошт. Дар интихоботи соли 2024 ҳам ҳизби ҳоким ва ҳам мухолифон даъвои пирӯзӣ карданд. Комиссияи интихоботи Венесуэла ва додгоҳи олии ин кишвар дар ниҳоят Модуроро пирӯзи интихобот эълон карданд, аммо бархилофи гузашта ҷузъиёти интихоботро эълон накарданд.
Ин нахустин дахолати рӯйирости низомии ИМА ба Амрикои Лотин пас аз ҳамла ба Панама дар соли 1989 аст, ки дар натиҷаи он раҳбари низомии ин кишвар Мануэл Норега боздошт шуда буд.