Таниш байни ду ҳамсояи дорои силоҳи ҳастаӣ моҳи гузашта пас аз ҳамла ба сайёҳон дар Кашмир, ки боиси ҳалокати 26 нафар шуд, боло гирифт ва ба даргирии низомӣ кашидааст.
Ҳинд Покистонро ба ҳимоят аз ин ҳамла муттаҳам кард ва ваъда дода буд, ки посух медиҳад. Покистон даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кард ва дар рӯзҳои ахир гуфта буд, ки бар асоси маълумоте, ки дар даст дорад, Ҳинд дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба ин кишвар аст.
Артиши Ҳинд бомдоди чаҳоршанбеи 7 май эълон кард, ки 9 нуқтаро дар Покистон ва минтақаи Кашмири зери назорати ин кишвар ҳадафи ҳамлаҳои низомӣ қарор додааст.
Тибқи баёнияи артиши Ҳинд, дар ҷараёни "Амалиёти Синдоор", зерсохтҳое ҳадаф қарор гирифтанд, ки ҳамлаи моҳи гузашта "аз онҷо барномарезӣ ва раҳнамоӣ шуда буд".
Артиши Ҳинд дар баёнияи худ афзуд, ки иқдомҳои ин кишвар, "санҷида" буда ва "ҳеҷ пойгоҳи низомии Покистон ҳадаф қарор нагирифт".
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизиони ин кишвар гуфт, Покистон "хеле зуд" посух хоҳад дод.
Сухангӯи артиши Покистон шумори қурбониёни ҳамлаҳои Ҳинд ба ин кишварро 26 нафар гуфт, ва афзуд, ки даҳҳо нафар ҳам захмӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи сухангӯи артиши Покистон, Ҳинд бо 24 ҳамла бо истифода аз силоҳҳои гуногун, шаш нуқтаро дар Покистон ҳадаф қарор дод. Бинобар гузоришҳо, ҳамлаҳо нуқтаҳоеро дар минтақаи Кашмири Покистон ва ҳамчунин аёлати Панҷоб дар он кишвар ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, дар Кашмир шаҳри Музаффаробод ва дар Панҷоб шаҳри Баҳовалпур ҳадафи ин ҳамла қарор гирифтанд.
Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озоди, шаҳрҳои Баҳовалпур ва Муридки ҷойи будубоши гурӯҳҳое монанди "Ҷайши Муҳаммад" ва "Лашкари Ҷангвӣ", ба шумор мераванд.
Бинобар гузоришҳо, дар шаҳри Музаффаробод пас аз таркишҳо барқ қатъ шуд ва шаҳр дар торикӣ монд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар баёнияе эълон кард, ки кишвараш комилан ҳақ дорад ба "ин иқдоми ҷангӣ"-и Ҳинд посухи қотеъ бидиҳад.
Дар ҳамин ҳол, тирандозӣ ва мушакпаронӣ дар марзи ду кишвар дар Кашмир идома кард ва ба гуфтаи артиши Ҳинд, бар асари он "се ғайринизомӣ" кушта шуданд. Артиши Ҳинд таъкид кардааст, ки ба ин иқдом "ба шеваи муносиб посух хоҳад дод".
Ҷониби Покистон иддао кард, ки чанд ҳавопаймоии низомӣ ва паҳбоди Ҳиндро сарнагун кардааст. Ҳинд ҳанӯз вокунише ба ин хабар нишон надодааст.
Дар аёлати Панҷоби Покистон ҳаммарз бо Ҳинд, вазъияти изтирорӣ эълон шудааст.
Покистон ҳамаи парвозҳо ва фаъолияти фурудгоҳҳои Лоҳур ва Исломободро барои 48 соат боздоштааст ва фурудгоҳи Лоҳур, маркази аёлати Панҷоби Покистон, холӣ карда шудааст.
Дар аввалин вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ин ҳамла, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳамлаи Ҳинд алайҳи Покистонро "шармовар" хонд.
Трамп ба хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, ки аз ин ҳамла огоҳ шудааст ва умедвор аст, ки ин даргирӣ "хеле зуд поён ёбад".
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ хостори хештандории Ҳинд ва Покистон шудааст.
Гуфтугӯ