Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бег Сабур: Хадамоти алоқа аз мухолифони симкортҳои 250-сомонӣ аст


Бег Сабур

Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, ки нархи симкортҳо то моҳи марти имсол бетағйир боқӣ мемонад.

Бег Сабур рӯзи 4-уми январ дар суҳбати рӯ ба рӯ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ду моҳи оянда бояд комиссияи вижаи ҳукуматӣ нархи ниҳоии симкортҳоро мушаххас кунад.

Охири соли гузашта Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба гуруҳи кории ҳукумат пешниҳод кард, ки нархи як симкорт набояд аз 100 сомонӣ, муодили даҳ доллари амрикоӣ зиёд шавад.

Моҳи августи соли гузашта мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ таъйин карданд. Қарор буд, муқаррароти нав аз моҳи сентябр ба иҷро дарояд, вале баъдан бо дастури раиси ҷумҳур то якуми январи соли 2019 мавқуф гузошта шуд.

Ҳоло ин муҳлат ба поён расидааст ва на Хадамоти зиддиинҳисорӣ, на ширкатҳои мобилӣ ва на Дастгоҳи иҷроияи президент, ки масъули ироаи пешниҳодҳо дар бораи нарх ва шеваи истифодаи симкортҳо ба ҳукумат буд, дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин масъала ба хотири забон наёфтани ниҳодҳо ва ширкатҳои мобилӣ чунин тӯл кашидааст.

Бег Сабур дар суҳбати рӯзи ҷумъа бо хабарнигори Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки баъзе ниҳодҳо мухолифи 250 сомонӣ шудани нархи симкортҳо ҳастанд. "Яке аз мухолифони чунин пешниҳод худи Хадамоти алоқа мебошад", - гуфт Бег Сабур.

Вай афзуд, "тасмими ниҳоӣ дар ин замина эҳтимол то моҳи март гирифта шавад, вале арзиши симкортҳо чандон тағйир намеёбад". Бег Сабур аз ин бештар суҳбат накард.

Нархи маъмулии симкортҳо дар Тоҷикистон аз панҷ то понздаҳ сомонист. Симкортҳое, ки шумораашон "нуқраӣ" ваё "тиллоӣ" ҳисобида мешаванд, аз 100 то 1000 сомонӣ қимат доранд.

Тасмими боло бурдани нархи симкортҳо ва ҳамчунин аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо дар соли гузашта боис ба навбати тӯлонии мардум дар пушти марказҳои хидматрасонӣ шуда буд. Мардум гуфтанд, зӯри ҳама барои харидории симкортҳои гарон намерасад ва бояд мақомот дар ҳамагуна тасмимгирӣ ҷайби сокинонро ба инобат гиранд.

Охири соли гузашта Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба гуруҳи кории ҳукумат пешниҳод кард, ки нархи як симкорт набояд аз 100 сомонӣ, муодили даҳ доллари амрикоӣ зиёд шавад.

Масъалаи 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ шуда буд, ки Тоҷикистонро дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳон баровард. Дар ҳодисаи моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара чаҳор ҷаҳонгарди ғарбӣ кушта шуд.

Мақомот бар ин боваранд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд. Дар баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ангезаҳои моливу иқтисодии ин қарор интиқод мешавад.

Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод кард, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG