Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Назарзода: “Маданияти милисаро боло мебарем”


12 декабри соли ҷорӣ Шариф Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъин шуд
12 декабри соли ҷорӣ Шариф Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъин шуд

Генерал Шариф Назарзода пас аз як моҳи иҷрои масъулияташ дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар як суҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ аз мушкилоте гуфт, ки дар пешорӯи ходимони ҳифзи тартиботу қонуни пойтахт қарор доранд.

Вай, аз ҷумла, аз масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба созмонҳои террористии мисли “Давлати исломӣ”, тарбияи ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон дар шаҳр, тарбияи кормандони милитсия дар муомила бо шаҳрвандон ва хориҷиҳо ном бурд, ки ба гуфтааш,

Имсол соли рушди туристию сайёҳӣ дар кишвари мо эълон шудааст ва мо бояд маданияти милитсияи пойтахт ва хадамоти онро ба сатҳи баланд барем.

мавриди ташвиш будааст.

Генерал Шариф Назарзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз самтҳои кори онҳо – мулоқоту сӯҳбат бо ҷавонону донишҷӯён дар амри ҷилавгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои хатарноки ифротиву террористӣ мебошад. Вай гуфт, баъди бозгашти ҷавонон ба донишгоҳҳо, мулоқоту вохуриҳои кормандони полис ҳам дар муассисаҳои таълимӣ шурӯъ мешаванд.

Шариф Назарзода: Мо ба нақша гирифтаем, ки бо ҷавонон вохуриҳо гузаронем, вале пеш аз ин вазъиятро меомӯзем, зеро ҳоло он ҷиноятҳое, ки дар миёни донишҷуён ва ноболиғон вуҷуд дорад, сабабу иллатҳои онҳоро мушаххас бояд кард, барои чӣ онҳо даст ба ҷиноят мезананд, ангезаҳо чӣ ҳастанд ва рафтору гуфтори ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятиро меомӯзем. Супориш додам, ки кормандони шӯъбаҳои умури дохила ин масъаларо зери назорат гиранд. Масъалаи рондани мошинҳо аз тарафи ронанадаҳои ҷавонро хоҳем дид. Сарфи назар аз он ки дар кадом вазифа кор мекунад ва касе ҳам, ки набошад, бояд қоидаи роҳро риоя кунад. Барои рафъи ин ҳама масъалаҳо, ҳамкории мақомоти умури дохила бо ҷавононро тақвият хоҳем дод. Бо афроде, ки масъули тарбияи ахлоқии ҷавонон ҳастанд, маслиҳату машварат хоҳем кард.

Маданияти милиса ва сайёҳони хориҷӣ

Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи маданияти шаҳр суҳбат мекунед, вале қаблан чанд тан аз сайёҳоне, ки ба Душанбе омада будан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи пулситонии кормандони милиса, хусусан посбонҳои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ хабар доданд. Дар робита ба ин масъала чӣ тадбирҳо меҷӯед?

Шариф Назарзода: Бале, ин масъала пештар вуҷуд дошт, вале ҳоло ягон вақту далел нест. Мо телефони боварӣ дорем ва ҳам вазорати корҳои дохилӣ дорад, ки шабонарузӣ фаъол аст, мо дар ин масъала коргузорӣ карда истодаем. Ва дар ҳар куҷое, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ поймол мешавад, таҳқиқ ва чораҷӯӣ мекунем. Шумо медонед, ки имсол соли рушди туристию сайёҳӣ дар кишвари мо эълон шудааст ва мо бояд маданияти милитсияи пойтахт ва хадамоти онро ба сатҳи баланд барем. Вақте як шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон меояд, бояд бо тасаввуроти нек баргардад.

Радиои Озодӣ: Яке аз масъалаҳои ҷиддии солҳои охир даст ба худкушӣ задани занон, аз ҷумла дар пойтахти Тоҷикистон шудааст. Дар ин замина оё коре анҷом доданӣ ҳастед?

Шариф Назарзода: Бояд гӯям, ки худкушии занҳо дар шаҳри Душанбе кам шудааст ва дар вилояти Суғд ҳам дар қиёс ба соли 2016 дар соли 2017 коҳиш ёфтааст ва ҳамчунин дар қиёс ба соли 2015 дар соли 2016 кам шудааст. Дар соли 2016 низ дар пойтахт чунин ҳодисаҳо кам шудааст, вале бо ин вуҷуд, мо дар робита ба ин масъала як таҳлил анҷом хоҳем дод ва натиҷаашро нашр мекунем.

Шариф Назарзода то рӯзи 12 декабри соли гузашта дар вазифаи сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд кор мекард. Дар мақоми раиси полиси Душанбе Фотеҳ Қунғуротзодаро иваз кард.

XS
SM
MD
LG